Барномарези хурд
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: 2 гузаргох кучаи Шарк 14
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: микрокредитование
ҶДММ ТҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. ҶДММ ТҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Вазифа: Барномарези хурд (Junior developer)
Ҷойи фаъолият ва шакли шуғл: рӯзи кории пурра, имконияти ба таври фосилавӣ кор кардан!
Интизориҳои мо аз довталаб:
• донистани React ё Vue ё Angular ва JS/TS;
• донистани Python, PHP, C# ё дигар забони барномасозӣ барои таҳияи backend;
• фаҳмиши раванди комили амалисозии REST api ва веб-барномаҳо (back + front);
• фаҳмиши принсипҳои ташкил ва кори барномаҳо;
• таҷрибаи корӣ бо git ва gitlab.
Афзалият дорад:
• доштани таҷриба дар самти kubernetes, docker, mysql/postgresql, nginx;
• донистани принсипҳо ва тарзҳои таҳиясозии бехатар.
Шартҳои кор:
Мо сатҳи баланди озодии касбиро пешниход мекунем — имконият доред фарзияҳои худро санҷида, озмоишҳо гузаронед ва дар истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ саҳмгузор бошед. Ба Шумо ҷойи кор дар ш. Душанбе ё ин ки ш. Худжанд + болоравии касбӣ, бонусҳо аз натиҷаи кор пешниҳод менамоем.
Барасмиятдарории қабул ба кор мувофиқи Кодекси меҳнати ҶТ.
Ба таври олӣ якҷоя фаъолият мекунем, агар:
• Кори худро дӯст дорӣ!
• Натиҷаи меҳнати худро дидан писандат бошад ва таъсири қарорҳоятро ба тамоми ташкилот дарк намоӣ!
• Аз натиҷаҳои корат лаззат барӣ!
Шахсони ҳавасманд метавонанд CV-ҳои худро бо нишон додани номи вазифа ба почтаи электронии: ozoda.abbosova@oxus-tj.org ирсол намоянд.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо: то 01 марти соли 2025, соати 17:00.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 98 951 00 10
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"