Кассир дар мағозаи сохтмони ш. Ваҳдат
- Стаж: Без опыта
- Название, адрес компании: Мағозаи сохтмонии "Арча", д. Андигон.
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Продажа
🏪 Дар бораи мо:
Мағозаи “Арча” беш аз 7 сол фаъолият дошта, ҳамчун як маркази боэътимод ва ботаҷриба дар бозори сохтмон шинохта шудааст.
Дар мағоза зиёда аз 3000 номгӯи маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст: масолеҳи сохтмонӣ, сантехника, электроника, рангубор ва асбобҳои сохтмонӣ.
Мо дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи мардум бисёр баҳои хуб гирифтем, бахусус пас аз он ки хизматрасонии бурдарасонии ройгонро ба роҳ мондем.
Айни ҳол мо дар ҷустуҷӯи корманди масъулиятшинос ва муоширатдошта барои вазифаи кассир ҳастем.
💼 Вазифаҳои Шумо:
-Кор бо кaссa: қабули пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ
-Дуруст кардани чекҳо ва санадҳои дахлдор
-Кор дар барномаи 1С
-Маслиҳат ва кӯмак ба муштариён дар интихоби маҳсулот
-Нигоҳдории тозагӣ дар касса ва иштирок дар инвентаризатсия
✅ Талабот:
-синну сол аз 23 то 38 сола
-Маҳорати кор бо компютер — ҳатмӣ!
-Муоширати хуш, забони фаҳмо ва одоби хуб
-Стрессро идора карда тавонистан, диққат, қобилияти зуд омухтан
-Муносибат бо муштариён ва кор дар ҳолати бисёрвазифаги
-Завқ ва хоҳиши омӯзиш ва рушд дар соҳаи фурӯш
-Зист дар ш. Ваҳдат — ҳатмӣ!
💰 Шароити кор:
-Соати корӣ: аз 07:00 то 19:00, 1 рӯз истироҳат дар ҳафта
-Маош:
Аз 2500 сомонӣ — бо таҷриба
Аз 1200 сомонӣ — барои навкорон
-Муҳлати санҷишӣ: 2 ҳафта
-Кор дар коллективи мардона, дӯстона ва касбӣ
-Хӯроки нисфирӯзӣ ва чой — аз тарафи мо
-Бонусҳо барои кори хуб ва масъулиятнок
📌 Мо барои Шумо пешниҳод мекунем:
-Омӯзиши кор дар ҷои кори
-Маоши саривақтӣ
-Кӯмак аз тарафи ҳамкорон ва роҳбарият
-Кори доимӣ ва устувор
Агар шумо эҳсос мекунед, ки ба мо мувофиқ ҳастед ва хоҳиши як қисми дастаи “Арча” шуданро доред ва мехоҳед бо мо пешрави кунед — ба WhatsApp-и мо: +992917210093 нависед ва кӯтоҳ дар бораи худ маълумот диҳед.
Мутахассисони мо дар наздиктарин фурсат бо шумо тамос мегиранд ва ба саволҳоятон ҷавоб медиҳанд.
📍Суроғаи мо: ш. Ваҳдат; ҷ. д. А. Абдулвосиев; д. Андигон.
Мо шуморо интизорем!
Похожие объявления





Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust