Мутахассиси хурди назорати қарзӣ
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ш. Душанбе, к. Пушкин 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассисиси хурди назорати қарзӣ барои Саридора эълон менамояд.
Мутахассиси хурди назорати қарзӣ барои баррасии ҳамаҷониба ва таҳлили ҳама ҳуҷҷатҳои муштарӣ, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ, таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳои марбута барои арзёбии қобилияти қарзии ммизоҷ масъул хоҳад буд. Ин нақш гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи хавф, омодасозии тавсияҳо барои қабули қарор ва таъмини риояи сиёсат ва расмиёти қарзии бонкро дар бар мегирад. Мутахассис дар раванди қабули қарорҳои кумитаи қарзӣ тавассути пешниҳоди таҳлили дақиқ барои дастгирии қарорҳои дурусти қарзӣ саҳм мегузорад.
Талаботҳо:
• Дараҷаи бакалавр дар соҳаи молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, иқтисод, идоракунии соҳибкорӣ ё соҳаи дахлдор.
• Таҷрибаи 1-2 сол дар таҳлили қарзӣ, таҳлили молиявӣ ё нақши алоқаманд дар бахши бонкӣ ё хидматрасонии молиявӣ (таҷрибаомӯзӣ ё вазифаҳои сатҳи ибтидоӣ метавонанд баррасӣ шаванд).
• Дар сатҳи хуб донистани забони тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ афзалиятнок аст;
• Қобилияти аз худ кардани қонунгузорӣ;
• Қобилияти аз худ кардани Низомномаҳои Бонки Миллии Тоҷикистон;
• Малакаҳои хуби аналитикӣ ва донистани математика;
• Малакаҳои хуби донистани барномаи Excel;
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 15 апрели соли 2025 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления













Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust