Посбон
Ба ШСМ "Ватанмеҳр", ки ба фаъолияти хизматрасонии Бинои баландошёнаи истиқоматӣ машғул мебошад, посбон лозим аст.
Вазифаҳои асосии посбон:
1. Таъмини бехатарӣ:
o Назорат ва таъмин намудани бехатарӣ дар ҳудуди Бинои истиқоматӣ ва минтақаи ҳамшафат;
o Пешгирии воридшавии шахсони бегона ба минтақаи Бинои истиқоматӣ ва дастрасии беиҷозати бегонагон ба ашё ва минтақаҳои истифодаи умумии Бинои истиқоматӣ;
o Назорат аз болои тартибот дар ҷойҳои истифодаи умум (зинаҳо, даромадгоҳҳо, лифтҳо, таваққуфгоҳ).
2. Назорати дастрасӣ:
o Ба ҳудуди Бинои истиқоматӣ танҳо истиқоматкунандагони ҳамин Бино ва шахсони ваколатдорро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколаташон иҷозат додан.
o Сабти меҳмонон ва санҷиши ҳуҷҷатҳо (ҳангоми зарурат).
o Тақсимоти калидҳо (ҳангоми зарурат) ва назорати истифодаи онҳо.
3. Назорат ва патрул:
o Давра ба давра гузаронидани назорат дар ҳудуди Бинои истиқоматӣ ва саҳни ҳавлии он, мувофиқи реҷаи муқарраршуда.
o Назорати ҳолати техникӣ ва дурустии кории камераҳои видеоназоратӣ, системаҳои сигнализатсияи амниятӣ ва равшанӣ.
4. Вокуниш ба ҳодисаҳо:
o Амали фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода (сӯхтор, дуздӣ, вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ).
o Даъвати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ё ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳолатҳои зарурӣ.
o Назорати доимӣ, санҷиши саривақтӣ ва боварӣ ҳосил кардан, ки баъд аз хомӯш ва дубора фаъол шудани қувваи барқ насосҳои таъмини обу гармидиҳӣ ва лифтҳо пайваст ва фаъоланд. Ба ин банд диққати махсусан ҷиддӣ зоҳир карда шуда, сари вақт иҷроиши он таъмин карда шавад.
5. Бурдани ҳуҷҷатҳо:
o Сабти рӯйдодҳо ва вайронкуниҳо дар дафтари бақайдгирии ҳодисаҳо.
o Сабт кардани вазифаҳои иҷрошуда.
o Пешбурди дафтари бақайдгирии ташрифи шахсони бегона ба минтақаи Бинои истиқоматӣ.
o Бақайдгирии ташрифи шахсони ваколатдори давлатӣ дар дафтарҳои махсуси муайяншуда.
6. Назорати ҳолати техникӣ:
o Давра ба давра санҷидани қулфҳои дарҳо, дарвозаҳо, камераҳои назоратӣ ва сигнализатсия.
o Назорати истифодаи лифтҳо аз ҷониби истиқоматкунандагон, хусусан ҳангоми кашонидани масолеҳи сохтмонӣ назоратро ҷиддӣ ба роҳ монда, тибқи талаботи муқарраршуда онро дар дафтари махсуси муайяншуда ба қайд гирифтан.
o Огоҳ кардани маъмурият ё ширкати идоракунӣ дар бораи носозгорӣ.
7. Ҳамкорӣ бо сокинон:
o Дар муносибат бо истиқоматкунандагони Бинои истиқоматӣ ва аҳли оилаи онҳо бо одоби намунавӣ ва бо ахлоқи хуб муносибат кардан.
o Оид ба масъалаҳои ба таъмини амнияти сокинон, шаҳрвандон, давлат ва ҷомеа алоқамандӣ дошта ҷамъоварии маълумоти зарурии саривақтӣ ва аз натиҷаи он саривақт огоҳ кардани роҳбарияти Ширкат.
________________________________________
Талабот ба посбон:
• Синну сол: Бояд аз 24-сола боло ва то 60 сола бошад.
• Маълумот: Маълумоти миёна ё олӣ.
• Таҷриба: Ба таҷрибаи корӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои дигари ҳарбӣ ва ё ширкатҳои хусусии посбонӣ бартарият дода мешавад.
Малакаҳо ва тавоноиҳо:
• Қобилияти кор бо воситаҳои техникии таъмини бехатарӣ (системаҳои видеоназоратӣ ва сигнализатсия).
• Малакаи муайян кардани таҳдидҳои эҳтимолӣ.
• Қобилияти вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ.
Омодагии ҷисмонӣ:
• Саломатии хуб, набудани бемориҳои музмин, ки иҷрои корро маҳдуд мекунанд.
• Қобилияти истодагарӣ ва дарозмуддат дар пост ё патрул мондан.
Сифатҳои шахсӣ:
• Масъулият, интизомнокӣ, диққатнокӣ.
• Қобилияти муқовимат ба стресс ва қабули қарорҳо дар ҳолатҳои фавқулода.
• Муносибати хуш бо сокинон.
Талаботҳои тиббӣ ва дигар маълумот:
• Доштани шаҳодатномаи тиббӣ, ки барои кори посбонӣ монеа надорад.
• Дар ҳолати зарурӣ – гузаронидани муоинаҳои тиббии даврӣ.
• Пешниҳоди маълумотнома оид ба мавҷудияти доғи судӣ
Ҷадвали кор:
• Кор дар ҷадвали навбатдорӣ (бо тартиботи як шабонарӯз кор, як шабонарӯз истироҳат).
• Қобилияти ба тамос будан дар ҳолатҳои фавқулода.
Похожие объявления




Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust