Рохбари автопарк

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 08:43 Номер объявления: 16751593
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: ул.Айни 64
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Дистрбуция
Локация: Душанбе

ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРК

Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.

Вазифаҳо:

- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);

- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;

- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;

- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;

- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.

Талабот:

- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);

- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;

- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;

- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;

- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.

Шароитҳои кор:

- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);

- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;

- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.

Тарзи муроҷиат:

- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.

Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».

Похожие объявления

  • Сардори шуъбаи логистика ва анбор
    Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор Вазифаҳои асосӣ: • ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр; • назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот; • таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор; • назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия; • ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон; • банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт; • ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор; • назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот; • омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика; • таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ. Талабот: • маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста); • таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол; • таҷрибаи идоракунии кормандон; • донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ; • малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо; • қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ; • масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил; • таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад. Шароити корӣ: • кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда; • графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00; • муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ; • маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака; • имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд: E-mail: business_hr_1@mail.ru дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».
    HR, 22.07.2026 17:09, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Роҳбари департаменти маркетинг
    Бренди қавӣ созед. Ба рушди Бонк таъсир расонед. Ба дастаи ICB ҳамроҳ шавед!Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои идораи марказии худ дар шаҳри Душанбе Роҳбари департаменти маркетинг-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.Мо роҳбареро меҷӯем, ки эҷодкор, ташаббускор, дорои тафаккури стратегӣ ва ҳамеша бо тамоюлҳои нави маркетинг ҳамқадам бошад. Агар шумо метавонед идеяҳои навро ба натиҷаҳои воқеӣ табдил диҳед ва дастаи худро илҳом бахшед, мо шуморо интизорем.Ӯҳдадориҳо:• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии Бонк;• Рушд ва таҳкими бренди Бонк;• Банақшагирӣ ва назорати буҷети маркетинг;• Омода, ҳамоҳанг ва назорат намудани иҷрои нақшаи маркетинг;• Ташкил ва амалисозии маъракаҳои таблиғотӣ ва пешбурди маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ;• Рушди маркетинги рақамӣ ва таҳлили самаранокии фаъолияти маркетингӣ;• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи мизоҷон;• Роҳбарӣ ба ҳайати кормандони департаменти маркетинг ва рушди онҳо;• Пешниҳод ва татбиқи идеяҳо ва лоиҳаҳои нави маркетингӣ.Талабот:• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, идоракунии бизнес ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг на камтар аз 5–7 сол, афзалият дар бахши бонкӣ;• Таҷрибаи амалӣ дар таҳияи стратегияҳои маркетингӣ ва ребрендинг;• Дониши маркетинги рақамӣ, таҳлили маркетинг ва идоракунии бренд;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Тафаккури эҷодкорона, ташаббускорӣ ва қобилияти пешниҳоди ғояҳои нав;• Огоҳӣ аз тамоюлҳои муосири маркетинг ва омодагӣ барои татбиқи онҳо;• Тафаккури стратегӣ ва системавӣ;• Малакаҳои баланди роҳбарӣ, муошират ва ташкилкунӣ;• Ҳавасмандӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ.Мо пешниҳод менамоем:• Кор дар идораи марказии Бонк дар шаҳри Душанбе;• Имконияти роҳбарӣ ба лоиҳаҳои муҳими маркетингӣ;• Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ;• Муҳити муосири корӣ ва дастаи касбӣ;• Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;• Реҷаи корӣ: Душанбе – Ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00.📩 Резюмеи худро ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 15.07.2026 11:20, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Директори Тиҷоратӣ
    Директори тиҷоратӣ (Соҳаи FMCG) Ширкат: истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ (ҳасиб) ва маҳсулоти нимтайёри гӯштии яхкардашуда (тушбера, ғелак, котлет ва ғайра Макон: Душанбе Таҷрибаи корӣ: на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда (FMCG) Мо дар ҷустуҷӯи роҳбари стратегӣ ва пуртаҷриба ҳастем, ки масъулияти рушди фурӯш, таҳияи стратегияи тиҷоратӣ ва идоракунии тамоми равандҳои тиҷоратии ширкатро ба зимма мегирад. Ҳадафи асосии ин вазифа — афзоиши ҳиссаи бозор ва баланд бардоштани даромаднокии брендҳои ширкат мебошад. Масъулиятҳои асосӣ: Стратегия ва банақшагирӣ: Таҳия ва татбиқи стратегияи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати тиҷоратии ширкат. Идоракунии фурӯш: Назорат ва оптимизатсияи каналҳои фурӯш Идоракунии молиявӣ: Назорати P&L (фоида ва зарар), иҷрои нақшаҳои фурӯш ва идоракунии буҷети тиҷоратӣ. Маркетинг: Ҳамкорӣ бо шӯъбаи маркетинг барои гузаронидани аксияҳо ва баланд бардоштани шинохти бренд. Музокирот: Гузаронидани музокироти сатҳи баланд бо шарикони калидӣ ва шабакаҳои савдо. Идоракунии даста: Роҳбарӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таълими кормандони шӯъбаи фурӯш. Талабот ба номзад: Маълумот: Маълумоти олии иқтисодӣ, идоракунӣ ё маркетинг (MBA афзалият дорад). Таҷриба: Таҷрибаи бомуваффақияти корӣ дар соҳаи FMCG (на камтар аз 1 сол дар вазифаи Директори фурӯш ё Директори тиҷоратӣ). Донишҳо: Донистани амиқи бозори FMCG, принсипҳои дистрибюторӣ ва логистика. Маҳорат: Қобилияти баланди таҳлилӣ, фикрронии стратегӣ ва маҳорати олии музокирот. Забондонӣ: Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад). Мо пешниҳод мекунем: Маоши баланд ва рақобатпазир + бонуси KPI
    Бовар савдо, 10.07.2026 15:54, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнес
    📢 ЭЪЛОН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛӢ!Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнесАгар шумо дар самти агробизнес, соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат таҷрибаи корӣ доред, ва ё мехоҳед ба ҷавонони кишоварз дар табдил додани идеяҳои инноватсионии онҳо ба тиҷорати муваффақ кумак намоед? Пас, ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва дар татбиқи лоиҳаи зерин саҳм гузоред:🌱 «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот»Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Welthungerhilfe (WHH) ва бо маблағгузории Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва KOICA амалӣ карда мешавад.📍 Ҷойи кор: ш. Душанбе ва ноҳияи Тоҷикобод📅 Муҳлати шартномаи корӣ: 10 моҳВазифаҳои асосӣ✔️ Бо кӯмаки Менеҷери лоиҳа таҳия намудани модули дурӯзаи омӯзишӣ оид ба рушди агробизнес.✔️ Муайян намудани хатмкардагони ҳавасманд аз барномаи омӯзишии кишоварзӣ барои иштирок дар омӯзишҳои агробизнес.✔️ Омода намудани ҷадвали омӯзишҳои агробизнес барои водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб.✔️ Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо оид ба рушди агробизнес.✔️ Машварат ва роҳнамоӣ намудани ҷавонони кишоварз дар таҳияи нақшаҳои соҳибкорӣ.✔️ Пешбурди истифодаи технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва усулҳои устувори агробизнес.✔️ Дастгирии идеяҳои соҳибкории ҷавонони кишоварз аз марҳилаи таҳияи бизнес нақша то татбиқи амалии онҳо.Талабот ба номзад✅ Маълумоти олӣ ё муодили он дар соҳаи идоракунии тиҷорат, агробизнес, иқтисодиёти кишоварзӣ, соҳибкорӣ ё соҳаҳои марбут.✅ На камтар аз 5 сол таҷрибаи кории дахлдор.✅ Малакаҳои хуби ташкилӣ, фасилитаторӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани омӯзишҳо, машваратдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ.✅ Озод донистани забони тоҷикӣ (донистани забонҳои англисӣ ва русӣ бартарӣ дорад).📩 Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳоЛутфан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:• Тарҷумаи ҳол (CV) ва номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter) 📧 Почтаи электронӣ:• info@skills-prosperity.org • qteshaev@skills-prosperity.org 📅 Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 10 августи соли 2026
    Ҳунар ва шукуфои, 03.08.2026 14:57, Душанбе
    Вакансии » Другие сферы занятий
  • Сардори ш.ҳисоббаробаркуни дар ш.Душанбе
    Сардори Шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ дар ш. ДушанбеТалаботҳо: •Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод;• Донистани санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои MS Office.Вазифаҳо:• Анҷом додани амалиётҳои ҳаррузаи ҳисоббаробаркунӣ;• Қабул, санҷиш ва коркарди ҳуҷҷатҳои пардохтӣ;• Ҳамкорӣ бо бонкҳои муросилотӣ оид ба масъалаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ.;• Пешбурди ҳисобҳои НОСТРО ва ЛОРО;• Ҳамкорӣ бо шуъбаҳои хазинадорӣ, муҳосибот ва IT.Мо пешниҳод мекунем: • Музди меҳнати рақобатпазир; • Шароити хуби корӣ ва рушди касбӣ; • Имконияти кор дар дастаи касбӣ ва динамикӣ; • Омӯзишҳо барои баланд бардоштани ихтисос.Суроға: маҳаллаи 92, (пушти тарабхонаи «Лесная сказка»)Резюмеро дар почта фиристед: @emin.sarmoya@gmail.comМаълумоти бештар дар телеграм: +992 888896611
    ООО МДО Эмин Сармоя, 30.07.2026 10:53, Душанбе
    Вакансии » Руководители


  • Договорная
    HR

    На сайте с июл, 2026

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust