Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор
Вазифаҳои асосӣ:
• ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр;
• назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот;
• таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор;
• назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия;
• ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон;
• банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт;
• ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор;
• назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот;
• омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика;
• таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ.
Талабот:
• маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста);
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол;
• таҷрибаи идоракунии кормандон;
• донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ;
• малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо;
• қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ;
• масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил;
• таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад.
Шароити корӣ:
• кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда;
• графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00;
• муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ;
• маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака;
• имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ.
Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд:
E-mail: business_hr_1@mail.ru
дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».