Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнес
- Стаж: от 5 лет
- Название, адрес компании: ТҶХ Ҳунар ва шукуфои А.Навои 21/7
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: агробизнес, соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат
📢 ЭЪЛОН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛӢ!
Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнес
Агар шумо дар самти агробизнес, соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат таҷрибаи корӣ доред, ва ё мехоҳед ба ҷавонони кишоварз дар табдил додани идеяҳои инноватсионии онҳо ба тиҷорати муваффақ кумак намоед? Пас, ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва дар татбиқи лоиҳаи зерин саҳм гузоред:
🌱 «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот»
Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Welthungerhilfe (WHH) ва бо маблағгузории Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва KOICA амалӣ карда мешавад.
📍 Ҷойи кор: ш. Душанбе ва ноҳияи Тоҷикобод
📅 Муҳлати шартномаи корӣ: 10 моҳ
Вазифаҳои асосӣ
✔️ Бо кӯмаки Менеҷери лоиҳа таҳия намудани модули дурӯзаи омӯзишӣ оид ба рушди
агробизнес.
✔️ Муайян намудани хатмкардагони ҳавасманд аз барномаи омӯзишии кишоварзӣ барои
иштирок дар омӯзишҳои агробизнес.
✔️ Омода намудани ҷадвали омӯзишҳои агробизнес барои водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва
Варзоб.
✔️ Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо оид ба рушди агробизнес.
✔️ Машварат ва роҳнамоӣ намудани ҷавонони кишоварз дар таҳияи нақшаҳои соҳибкорӣ.
✔️ Пешбурди истифодаи технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва усулҳои устувори
агробизнес.
✔️ Дастгирии идеяҳои соҳибкории ҷавонони кишоварз аз марҳилаи таҳияи бизнес нақша то
татбиқи амалии онҳо.
Талабот ба номзад
✅ Маълумоти олӣ ё муодили он дар соҳаи идоракунии тиҷорат, агробизнес, иқтисодиёти
кишоварзӣ, соҳибкорӣ ё соҳаҳои марбут.
✅ На камтар аз 5 сол таҷрибаи кории дахлдор.
✅ Малакаҳои хуби ташкилӣ, фасилитаторӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани омӯзишҳо,
машваратдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ.
✅ Озод донистани забони тоҷикӣ (донистани забонҳои англисӣ ва русӣ бартарӣ дорад).
📩 Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо
Лутфан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:
• Тарҷумаи ҳол (CV) ва номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter)
📧 Почтаи электронӣ:
• info@skills-prosperity.org
• qteshaev@skills-prosperity.org
📅 Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 10 августи соли 2026
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust