Роҳбари департаменти маркетинг
- Стаж: от 5 лет
- Название, адрес компании: куч.Пушкин 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
Бренди қавӣ созед. Ба рушди Бонк таъсир расонед. Ба дастаи ICB ҳамроҳ шавед!
Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои идораи марказии худ дар шаҳри Душанбе Роҳбари департаменти маркетинг-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Мо роҳбареро меҷӯем, ки эҷодкор, ташаббускор, дорои тафаккури стратегӣ ва ҳамеша бо тамоюлҳои нави маркетинг ҳамқадам бошад. Агар шумо метавонед идеяҳои навро ба натиҷаҳои воқеӣ табдил диҳед ва дастаи худро илҳом бахшед, мо шуморо интизорем.
Ӯҳдадориҳо:
• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии Бонк;
• Рушд ва таҳкими бренди Бонк;
• Банақшагирӣ ва назорати буҷети маркетинг;
• Омода, ҳамоҳанг ва назорат намудани иҷрои нақшаи маркетинг;
• Ташкил ва амалисозии маъракаҳои таблиғотӣ ва пешбурди маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ;
• Рушди маркетинги рақамӣ ва таҳлили самаранокии фаъолияти маркетингӣ;
• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи мизоҷон;
• Роҳбарӣ ба ҳайати кормандони департаменти маркетинг ва рушди онҳо;
• Пешниҳод ва татбиқи идеяҳо ва лоиҳаҳои нави маркетингӣ.
Талабот:
• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, идоракунии бизнес ё самтҳои марбут;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг на камтар аз 5–7 сол, афзалият дар бахши бонкӣ;
• Таҷрибаи амалӣ дар таҳияи стратегияҳои маркетингӣ ва ребрендинг;
• Дониши маркетинги рақамӣ, таҳлили маркетинг ва идоракунии бренд;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
• Тафаккури эҷодкорона, ташаббускорӣ ва қобилияти пешниҳоди ғояҳои нав;
• Огоҳӣ аз тамоюлҳои муосири маркетинг ва омодагӣ барои татбиқи онҳо;
• Тафаккури стратегӣ ва системавӣ;
• Малакаҳои баланди роҳбарӣ, муошират ва ташкилкунӣ;
• Ҳавасмандӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ.
Мо пешниҳод менамоем:
• Кор дар идораи марказии Бонк дар шаҳри Душанбе;
• Имконияти роҳбарӣ ба лоиҳаҳои муҳими маркетингӣ;
• Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ;
• Муҳити муосири корӣ ва дастаи касбӣ;
• Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;
• Реҷаи корӣ: Душанбе – Ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00.
📩 Резюмеи худро ирсол намоед: hr@icb.tj
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust