Харҷномасоз - сметчик
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: InterСохтмон
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Строительство
🏗️ ВАКАНСИЯИ КОРӢ
ХАРҶНОМАСОЗ (СМЕТЧИК)
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Харҷномасоз (Сметчик) даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• маълумоти олии техникӣ, иқтисодӣ ё сохтмонӣ;
• таҷрибаи корӣ дар самти таҳияи смета — на кам аз 3 сол;
• донистани усулҳои таҳияи ҳисобҳои сметавӣ барои корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ;
• донистани меъёрҳо, нархномаҳо ва қоидаҳои амалкунанда дар соҳаи сохтмон;
• таҷрибаи кор бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, нақшаҳо, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;
• донистани барномаҳои махсуси таҳияи смета ва ҳисобҳои сохтмонӣ;
• малакаи таҳлил ва санҷиши арзиши корҳои сохтмонӣ, масолеҳ ва захираҳои меҳнатӣ;
• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ, диққат ба ҷузъиёт ва қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот.
🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• таҳия ва ҳисоб намудани сметаҳои хароҷот барои корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ;
• таҳияи ҳисобҳои маҳаллӣ, объектӣ ва ҷамъбастии сметавӣ;
• таҳлили ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
• ҳисоб намудани арзиши масолеҳ, таҷҳизот, меҳнат ва дигар хароҷоти марбут ба сохтмон;
• санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои сметавии пудратчиён;
• назорати мутобиқати арзиши корҳои иҷрошуда ба смета ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
• иштирок дар таҳияи ҳисобҳои арзиши корҳои иловагӣ ва тағйироти лоиҳавӣ;
• омода намудани ҳисоботҳо ва маълумоти таҳлилӣ оид ба арзиши корҳои сохтмонӣ;
• ҳамкорӣ бо муҳандисон, роҳбарони қитъаҳо, пудратчиён ва дигар воҳидҳои сохтории ширкат;
• иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва пешниҳодҳои тиҷоратӣ вобаста ба арзиши корҳои сохтмонӣ.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧 interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp):+992711117337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust