Мухандиси техникаи бехатари
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Inter Сохтмон
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Строительство
МУҲАНДИСИ ТЕХНИКАИ БЕХАТАРӢ (ТБ)
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Муҳандиси техникаи бехатарӣ даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• маълумоти олии техникӣ ё миёнаи махсус;
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ — на кам аз 1 сол;
• таҷрибаи корӣ дар объектҳои сохтмонӣ бартарӣ дорад;
• донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, бехатарии истеҳсолӣ ва зиддисӯхторӣ;
• донистани талабот ва меъёрҳои иҷрои бехатари корҳои сохтмонию васлкунӣ;
• донистани қоидаҳои истифодаи бехатари техника, таҷҳизот ва механизмҳои сохтмонӣ;
• малакаи гузаронидани дастурдиҳӣ, омӯзиш ва санҷиши дониши кормандон оид ба масъалаҳои бехатарӣ;
• қобилияти муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ ва назорати риояи талаботи ҳифзи меҳнат;
• масъулиятшиносӣ, принсипнокӣ, диққатнокӣ ва ҳисси баланди масъулияти касбӣ.
🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• назорати риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар объектҳои сохтмонӣ;
• гузаронидани дастурдиҳии муқаддимавӣ, аввалия, такрорӣ ва ғайринақшавӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
• назорати риояи талаботи дастурамалҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кормандон;
• гузаронидани санҷишҳои мунтазами майдонҳои сохтмонӣ ва ҷойҳои корӣ;
• муайян намудани омилҳои хатарнок ва хавфҳои эҳтимолӣ дар объектҳо;
• таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҷароҳатҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш;
• назорати истифодаи дурусти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ аз ҷониби кормандон;
• иштирок дар таҳқиқи ҳодисаҳои нохуш ва таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор;
• пешбурди журналҳо, санадҳо, дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
• назорати роҳ додани кормандон ба иҷрои корҳои дорои хавфи баланд;
• ҳамкорӣ бо роҳбарони қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони муҳандисию техникӣ ва дигар воҳидҳои сохтории ширкат;
• омода намудани ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо ба роҳбарият оид ба беҳтар намудани сатҳи бехатарӣ дар объектҳои сохтмонӣ.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust