Муҳандиси назорати сифат
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: InterСохтмон
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Строительство
🏗️ ВАКАНСИЯИ КОРӢ
МУҲАНДИСИ НАЗОРАТИ СИФАТ
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Муҳандиси назорати сифат даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• маълумоти олии техникӣ, сохтмонӣ ё муҳандисӣ;
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи назорати сифат ва сохтмон — на кам аз 3 сол;
• таҷрибаи корӣ дар объектҳои сохтмонӣ бартарӣ дорад;
• донистани меъёрҳо, стандартҳо ва қоидаҳои амалкунанда дар соҳаи сохтмон ва назорати сифат;
• донистани технологияҳои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ;
• қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, техникӣ ва иҷроӣ;
• малакаи гузаронидани санҷиш ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ;
• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ, диққат ба ҷузъиёти кор ва қобилияти таҳлилӣ.
🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• назорати сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ дар объектҳо;
• санҷиши мутобиқати корҳои иҷрошуда ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, стандартҳо, меъёрҳо ва талаботи техникӣ;
• назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо ва маҳсулоти истифодашаванда;
• иштирок дар қабули корҳои иҷрошуда ва марҳилаҳои алоҳидаи сохтмон;
• гузаронидани санҷишҳо ва назорати риояи технологияҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ;
• ошкор намудани камбудиҳо ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани онҳо;
• назорати иҷрои чораҳои ислоҳӣ ва пешгирии такрори камбудиҳо;
• пешбурди санадҳо, журналҳо, протоколҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои назорати сифат;
• иштирок дар санҷиши ҳуҷҷатҳои иҷроӣ ва санадҳои корҳои пӯшида;
• ҳамкорӣ бо муҳандисон, роҳбарони қитъаҳо, пудратчиён, лаборатория ва дигар воҳидҳои сохтории ширкат;
• омода намудани ҳисоботҳо ва маълумоти таҳлилӣ оид ба сифати корҳои иҷрошуда.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust