Устои қитъаи сохтмонӣ
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: InterСохтмон
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Строительство
🏗️ ВАКАНСИЯИ КОРӢ
УСТОИ ҚИТЪАИ СОХТМОНӢ
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Устои қитъаи сохтмонӣ даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• маълумоти олии сохтмонӣ;
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи сохтмон — на кам аз 3 сол;
• таҷрибаи корӣ ба ҳайси устои қитъаи сохтмонӣ бартарӣ дорад;
• донистани технологияҳои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ;
• донистани меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ, инчунин талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
• қобилияти хондан ва кор кардан бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, корӣ ва техникӣ;
• малакаи ташкил ва назорати фаъолияти бригадаи сохтмонӣ;
• қобилияти назорати сифат, муҳлат ва ҳаҷми корҳои иҷрошаванда;
• масъулиятшиносӣ, муташаккилӣ, диққатнокӣ ва риояи интизоми меҳнат.
🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• ташкил ва роҳбарии бевоситаи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи вобасташуда;
• тақсим намудани кормандон вобаста ба намуд ва вазифаҳои истеҳсолӣ;
• таъмини иҷрои корҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва корӣ;
• назорати риояи технология, пайдарпайӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ;
• назорати иҷрои супоришҳои истеҳсолӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда;
• назорати истифодаи самараноки масолеҳи сохтмонӣ, асбобҳо ва таҷҳизот;
• ташкил ва назорати фаъолияти бригадаҳои сохтмонӣ;
• таъмини риояи талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва интизоми истеҳсолӣ аз ҷониби кормандон;
• назорати дуруст истифода намудани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ;
• иштирок дар қабули корҳои иҷрошуда ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда;
• пешбурди ҳуҷҷатҳои истеҳсолӣ ва иҷроӣ дар доираи салоҳияти худ;
• ҳамкорӣ бо прорабҳо, муҳандисон, мутахассисони назорати сифат, шуъбаи таъминот ва дигар воҳидҳои сохтории ширкат;
• ҳалли фаврии масъалаҳои истеҳсолӣ ва пешниҳод намудани маълумот ба роҳбарият оид ба рафти иҷрои корҳо.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Шароити муосири корӣ ва таъмини захираҳои зарурӣ барои иҷрои самараноки вазифаҳои истеҳсолӣ.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, техникаи сохтмонӣ ва таҷрибаи пешрафтаи соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧 interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust