Муҳосиб

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 16:03 Номер объявления: 16914647
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: InterСохтмон
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Муҳосиб
Локация: Душанбе

Муҳосиб

Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи муҳосиб даъват менамояд.

🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:

• маълумоти олии иқтисодӣ дар соҳаи молия ва қарз. (Финансы и кредит)

• таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибӣ — на кам аз 1 сол;

• таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб;

• Кор бо барномаи 1С,донистани хуби MS Excel ва MS Word ;

• малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ ;

• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ,қобилияти таҳлилӣ ва муташаккилӣ.

🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:

• иштирок дар ташкили дуруст ва саривақтии баҳисобгирии муҳосибӣ;

•назорати дурустии бақайдгирии амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалия;

• иштирок дар таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ, молиявӣ ва андозӣ;

• Назорат,таҳлил,ҳамоҳангсозии равандҳои дахлдор;

• Кор бо ҳуҷҷатҳо, кормандон, пудратчиён ё дигар тарафҳо;

• Иҷрои супоришҳои ҷории роҳбарият.

🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:

✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.

✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.

✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.

✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.

✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.

✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.

✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.

✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.

✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.

✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.

✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.

✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.

📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе

📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):

📧interr.s.hr@gmail.com

📧 jobs@intersokhtmon.tj

📧 j.shodmonov0094@gmail.com

📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337

📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337

+992 710 301 111

📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.

📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.

« Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.

Похожие объявления

  • Мухосиби калон дар Филиал
    📢 ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» ба кор даъват менамояд!Вазифа: Муҳосиби калон филиал (ш. Хуҷанд)Бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ, ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва ташаббускорро барои ишғоли вазифаи муҳосиби калони филиал дар шаҳри Хуҷанд ба кор даъват менамояд.📍 Ҷойи кор: шаҳри ХуҷандӮҳдадориҳои асосӣ:Ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибии филиал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;Назорати дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ;Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи муҳосибӣ, андоз ва дигар ҳисоботи ҳатмӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;Назорати амалиётҳои хазинавӣ ва бонкӣ;Гузаронидани санҷиши ҳисоббаробаркунӣ бо мизоҷон ва шарикон;Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои санҷишҳои дохилӣ ва беруна;Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;Иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба мансаби ишғолнамуда вобастаанд.Талабот ба номзад:Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод;Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот на камтар аз 3 сол;Таҷрибаи кор дар бонк ё ташкилоти қарзии хурд бартарӣ дорад;Донистани қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Маҳорати хуби кор бо 1С, Microsoft Excel ва дигар барномаҳои компютерӣ;Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва қобилияти таҳлили маълумот;Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Мо пешниҳод менамоем:Кори доимӣ дар ташкилоти молиявии устувор ва рушдёбанда;Музди меҳнати рақобатпазир;Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;Муҳити хуби корӣ ва дастаи дӯстона.Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:Шахсони хоҳишманд метавонанд CV (тарҷумаи ҳол)-и худро ба суроғаи электронии hr@sanduk.tj ирсол намуда, дар мавзӯи мактуб «Муҳосиби калони филиал (ш. Хуҷанд)» нависанд.☎️ Барои маълумоти иловагӣ: +992 90 255 79 77
    ЗАО МДО Сандук, 29.07.2026 11:34, Худжанд
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ
    “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” барои ишғол кардани ҷои кори холии Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ дар Саридораи Бонк эълон менамояд.Мақсади вазифаи мазкур омода намудани супоришномаҳои пардохти бо асъори милли, баҳисобгири хароҷотҳои маъмури, гузаронидани санадҳои муқоисави бо контрагентҳо, ба ҳисобгири фонди пулҳои хурд, иштирок дар тафтишотҳои аудиторони дохилӣ ва берунии, инчунин тафтишотҳои санҷишҳои андоз ва БМТ, пешпардохти ҳисоботдиҳандаҳо, омода ва пешниходи дигар хисоботхо бо дархости рохбарият.Тахассус ва малакаҳои зарурӣ• Ихтисос: Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия ва/ё бонкдорӣ• Дониш/Таҷрибаи зарурӣ ба ғайр аз ихтисос• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб дар сохтори бонкӣ• Донистани қонунгузори соҳаи бонки ва дастурамалҳои БМТ• Донистани стандартҳои СБХМ (МСФО)• Маҳорати хуби кор бо компютер, махсусан бо барномаҳои офисӣ, аз ҷумла Microsoft Excel, Microsoft Word ва Microsoft PowerPoint, барои омода кардани ҳисоботҳо, таҳлили маълумот ва сохтани презентатсияҳои касбӣ• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ ва англисӣ• Малакаҳои муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ ва қобилияти самаранок муошират бо сатҳҳои гуногуни кормандон ва ҷонибҳои манфиатдорХоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 17.07.2026 15:01, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Аналитик
    ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — ТАҲЛИЛГАР (АНАЛИТИК) Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ таҳлилгар (аналитик)-ро ҷустуҷӯ менамоем.Вазифаҳо:- Таҳлили фурӯш аз рӯи минтақаҳо, филиалҳо ва намудҳои маҳсулот;- Омода намудани ҳисоботҳо оид ба фурӯш, пойгоҳи фаъоли мизоҷон (АКБ), роҳбарони бахши фурӯш ва намояндагони савдо;- Назорати бақияи молҳо ва раванди борфиристонӣ;- Омода намудани ҳисоботҳо барои ҳисобкунии музди меҳнат ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарияти ширкат.Талабот:- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё ихтисосҳои ҳамсон;- Таҷрибаи корӣ дар ширкати тиҷоратӣ на камтар аз 1 сол;- Таҷрибаи кор дар соҳаи фурӯш бартарӣ ҳисобида мешавад;- Маҳорати хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва 1С;- Тафаккури таҳлилӣ ва бодиққатӣ ба ҷузъиёт.Шароитҳои кор:- Ба кор қабул намудан тибқи қонунгузории меҳнат;- Имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ;- Муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ.- Синну сол: аз 22 то 45 сола. Тарзи муроҷиат:- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электронии ирсол намоянд. Мавзӯи нома: «Аналитик».
    HR, 05.08.2026 08:41, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Мутахассис оид ба маблаггузори
    Вазифа: Мутахассиси маблағгузории исломӣ дар марказҳои савдо (фурӯши техника) Макон: Марказҳои савдои калони шаҳр (Техносила, Волна, Ашан ва ғайра) Шакли кор: Рӯзи кории пурра Дар бораи ширкат:ҶСП «Ҳумо Банк» — яке аз панҷгонаи беҳтарин ташкилотҳои бонкии кишвар ва қисми холдинги байналмилалии Gojo & Company (Ҷопон) мебошад. Мо аввалин бонке ҳастем, ки дар марказҳои савдои кишвар маҳсулоти электроника ва техникаи рӯзгорро комилан тибқи принсипҳои Шариат (Равзанаи бонкии исломӣ) бо шартҳои муайян ва дастрас пешниҳод мекунем! Вазифаҳои шумо: - Машварат додани мизоҷон дар марказҳои савдо оид ба маҳсулоти молиявии исломӣ (Муробаҳа); - Кӯмак ба мизоҷон дар интихоб ва харидории техника ва телефонҳо бо шарти насия (рассрочка); - Қабули ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шартномаҳо тавассути планшет ё компютер; - Нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо фурӯшандагони маркази савдо. Талаботи мо: - Маҳорати хуби муошират ва қобилияти пайдо кардани забон бо мизоҷон; - Хоҳиши омӯхтани принсипҳои бонкдории исломӣ (мо худамон ройгон меомӯзонем!); - Кор бо компютер ё смартфон дар сатҳи корбар; - Масъулиятшиносӣ ва озодаги; - Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони ӯзбекӣ бартарӣ дорад). Шароити мо: - Музди меҳнати устувор: маоши собит + бонусҳои хуб барои ҳар як фурӯш (муоширати хуб = даромади баланд); - Кор дар марказҳои савдои муосир ва гарм (дар дохили бино); - Омӯзиши ройгон ва касбӣ аз ҷониби коршиносони бонкдории исломӣ; - Имконияти хуби рушди мансабӣ дар сохтори Хумо Банк; - Бақайдгирии расмии меҳнатӣ ва бастаи иҷтимоӣ. Барои пур кардани анкета ба офиси Равзанаи Исломии Хумо дар чоррохаи спартак мурочиат кунед
    ЗАО Хумо Банк, Вчера 10:24, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы


  • Договорная
    INTERSOKHTMON RECRUITMENT

    На сайте с июл, 2026

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust