Мухосиби калон дар Филиал
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ш.Хучанд к. Калинникова 60
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
📢 ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» ба кор даъват менамояд!
Вазифа: Муҳосиби калон филиал (ш. Хуҷанд)
Бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ, ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва ташаббускорро барои ишғоли вазифаи муҳосиби калони филиал дар шаҳри Хуҷанд ба кор даъват менамояд.
📍 Ҷойи кор: шаҳри Хуҷанд
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибии филиал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Назорати дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ;
Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи муҳосибӣ, андоз ва дигар ҳисоботи ҳатмӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
Назорати амалиётҳои хазинавӣ ва бонкӣ;
Гузаронидани санҷиши ҳисоббаробаркунӣ бо мизоҷон ва шарикон;
Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои санҷишҳои дохилӣ ва беруна;
Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;
Иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба мансаби ишғолнамуда вобастаанд.
Талабот ба номзад:
Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод;
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот на камтар аз 3 сол;
Таҷрибаи кор дар бонк ё ташкилоти қарзии хурд бартарӣ дорад;
Донистани қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Маҳорати хуби кор бо 1С, Microsoft Excel ва дигар барномаҳои компютерӣ;
Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва қобилияти таҳлили маълумот;
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Мо пешниҳод менамоем:
Кори доимӣ дар ташкилоти молиявии устувор ва рушдёбанда;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;
Муҳити хуби корӣ ва дастаи дӯстона.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Шахсони хоҳишманд метавонанд CV (тарҷумаи ҳол)-и худро ба суроғаи электронии hr@sanduk.tj ирсол намуда, дар мавзӯи мактуб «Муҳосиби калони филиал (ш. Хуҷанд)» нависанд.
☎️ Барои маълумоти иловагӣ: +992 90 255 79 77
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust