Муҳосиб
Муҳосиб
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи муҳосиб даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• маълумоти олии иқтисодӣ дар соҳаи молия ва қарз. (Финансы и кредит)
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибӣ — на кам аз 1 сол;
• таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб;
• Кор бо барномаи 1С,донистани хуби MS Excel ва MS Word ;
• малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ ;
• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ,қобилияти таҳлилӣ ва муташаккилӣ.
🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• иштирок дар ташкили дуруст ва саривақтии баҳисобгирии муҳосибӣ;
•назорати дурустии бақайдгирии амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалия;
• иштирок дар таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ, молиявӣ ва андозӣ;
• Назорат,таҳлил,ҳамоҳангсозии равандҳои дахлдор;
• Кор бо ҳуҷҷатҳо, кормандон, пудратчиён ё дигар тарафҳо;
• Иҷрои супоришҳои ҷории роҳбарият.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
« Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust