Мутахассис оид ба маблаггузори

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 10:09 ID эълон: 16841629
  • Таҷриба: Бе таҷриба
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Шохтемур 59
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Вазифа: Мутахассиси маблағгузории исломӣ дар марказҳои савдо (фурӯши техника)

Макон: Марказҳои савдои калони шаҳр (Техносила, Волна, Ашан ва ғайра)

Шакли кор: Рӯзи кории пурра

Дар бораи ширкат:ҶСП «Ҳумо Банк» — яке аз панҷгонаи беҳтарин ташкилотҳои бонкии кишвар ва қисми холдинги байналмилалии Gojo & Company (Ҷопон) мебошад. Мо аввалин бонке ҳастем, ки дар марказҳои савдои кишвар маҳсулоти электроника ва техникаи рӯзгорро комилан тибқи принсипҳои Шариат (Равзанаи бонкии исломӣ) бо шартҳои муайян ва дастрас пешниҳод мекунем!

Вазифаҳои шумо:

- Машварат додани мизоҷон дар марказҳои савдо оид ба маҳсулоти молиявии исломӣ (Муробаҳа);

- Кӯмак ба мизоҷон дар интихоб ва харидории техника ва телефонҳо бо шарти насия (рассрочка);

- Қабули ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шартномаҳо тавассути планшет ё компютер;

- Нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо фурӯшандагони маркази савдо.

Талаботи мо:

- Маҳорати хуби муошират ва қобилияти пайдо кардани забон бо мизоҷон;

- Хоҳиши омӯхтани принсипҳои бонкдории исломӣ (мо худамон ройгон меомӯзонем!);

- Кор бо компютер ё смартфон дар сатҳи корбар;

- Масъулиятшиносӣ ва озодаги;

- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони ӯзбекӣ бартарӣ дорад).

Шароити мо:

- Музди меҳнати устувор: маоши собит + бонусҳои хуб барои ҳар як фурӯш (муоширати хуб = даромади баланд);

- Кор дар марказҳои савдои муосир ва гарм (дар дохили бино);

- Омӯзиши ройгон ва касбӣ аз ҷониби коршиносони бонкдории исломӣ;

- Имконияти хуби рушди мансабӣ дар сохтори Хумо Банк;

- Бақайдгирии расмии меҳнатӣ ва бастаи иҷтимоӣ.

Барои пур кардани анкета ба офиси Равзанаи Исломии Хумо дар чоррохаи спартак мурочиат кунед

Эълонҳои монанд

  • Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ
    “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” барои ишғол кардани ҷои кори холии Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ дар Саридораи Бонк эълон менамояд.Мақсади вазифаи мазкур омода намудани супоришномаҳои пардохти бо асъори милли, баҳисобгири хароҷотҳои маъмури, гузаронидани санадҳои муқоисави бо контрагентҳо, ба ҳисобгири фонди пулҳои хурд, иштирок дар тафтишотҳои аудиторони дохилӣ ва берунии, инчунин тафтишотҳои санҷишҳои андоз ва БМТ, пешпардохти ҳисоботдиҳандаҳо, омода ва пешниходи дигар хисоботхо бо дархости рохбарият.Тахассус ва малакаҳои зарурӣ• Ихтисос: Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия ва/ё бонкдорӣ• Дониш/Таҷрибаи зарурӣ ба ғайр аз ихтисос• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб дар сохтори бонкӣ• Донистани қонунгузори соҳаи бонки ва дастурамалҳои БМТ• Донистани стандартҳои СБХМ (МСФО)• Маҳорати хуби кор бо компютер, махсусан бо барномаҳои офисӣ, аз ҷумла Microsoft Excel, Microsoft Word ва Microsoft PowerPoint, барои омода кардани ҳисоботҳо, таҳлили маълумот ва сохтани презентатсияҳои касбӣ• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ ва англисӣ• Малакаҳои муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ ва қобилияти самаранок муошират бо сатҳҳои гуногуни кормандон ва ҷонибҳои манфиатдорХоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 17.07.2026 15:01, Душанбе
    Ҷои кор » Ҳисобдорӣ, молия, ҳуқуқшиносҳо
  • Мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо
    Чойи кории холӣ — мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо- ширкати тиҷоратӣ барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳоро ҷустуҷӯ менамояд.Вазифаҳо:- назорати қарзҳои дебиторӣ ва таҳлили ҳолати пардохтҳои мизоҷон;- тамос бо мизоҷон оид ба қарзҳои муҳлатгузашта ва ҳамоҳангсозии пардохтҳо;- арзёбии хавфҳои қарзӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо мизоҷон;- омода намудани ҳисоботҳо оид ба қарздорӣ ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарият;- ҳамкорӣ бо шуъбаи фурӯш ва муҳосибот барои ҳалли масъалаҳои қарздорӣ;- пешниҳоди чораҳо барои коҳиш додани хавфҳои молиявӣ;- пешбурди пойгоҳи маълумоти қарздорон ва назорати иҷрои уҳдадориҳои онҳо.Талабот:- маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия, ҳуқуқ ё идоракунии тиҷорат;- таҷрибаи корӣ дар самти рӯёндани қарзҳо, идоракунии хавф ё молия на камтар аз 3 сол;- малакаи хуби гуфтушунид ва муошират;- маҳорати кор бо барномаҳои microsoft excel ва 1с;- тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти кор бо маълумоти молиявӣ;- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Шароитҳои кор:- ба кор қабул намудан тибқи кодекси меҳнати ҷумҳурии тоҷикистон;- маоши рақобатпазир;- имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ;- муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ;- пардохти саривақтии музди меҳнатТарзи муроҷиат: - номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.- мавзӯи нома: «мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо».
    HR, 21.07.2026 17:09, Душанбе
    Ҷои кор » Ҳисобдорӣ, молия, ҳуқуқшиносҳо
  • Кассир в ДРЦ
    Мо дар ҷустуҷӯи Хазинадор барои Маркази фароғатии кӯдакон ҳастем!Вазифаҳо:- Хизматрасонӣ ба меҳмонон дар назди хазина;- Қабули пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;- Кор бо дастгоҳи хазинавӣ ва POS-терминал;- Кушодан ва бастани басти кории хазина;- Пешбурди ҳисоботи хазинавӣ;- Машварат додан ба меҳмонон оид ба хизматрасониҳо ва аксияҳои марказ;- Риояи интизоми хазинавӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ.Талабот:- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси хазинадор на камтар аз 1 сол;- Малакаи хуби кор бо таҷҳизоти хазинавӣ;- Донистани қоидаҳои кор бо маблағҳои пулӣ;- Бодиққатӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ;- Муоширати хуб ва нутқи равону фаҳмо;- Қобилияти кор бо шумораи зиёди меҳмонон.Мо пешниҳод мекунем:- Ба кори расмӣ қабул намудан;- Музди меҳнати устувор;- Реҷаи кори баставӣ;- Шароити бароҳати меҳнат;- Дастаи дӯстона;- Имконияти рушди касбӣ. Довталабони хохишманд, резюмеи худро ба почтаи электронии business_hr_1@mail.ru бо қайди «Хазинадор (Маркази фароғатии кӯдакон)» ирсол намоед.
    HR, 22.07.2026 11:35, Душанбе
    Ҷои кор » Ҳисобдорӣ, молия, ҳуқуқшиносҳо


  • Шартномавӣ
    ЗАО Хумо Банк ЗАО Хумо Банк

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust