Қоидаҳои баргузории аксияи маркетингӣ ва рекламавии «Мавсими фикру мулоҳизаҳо дар Somon.tj»
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Қоидаҳои мазкур баргузории аксияи маркетингӣ ва рекламавӣ (минбаъд – «Қоидаҳо») тартиб ва шартҳои гузаронидани аксияи рекламавиро дар платформаи Somon.tj (минбаъд – «Аксия») муайян менамоянд.
1.2. Ташкилкунандаи Аксия (минбаъд – «Ташкилкунанда»): ҶДММ «Рашод», РМА: 030016112, суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Пушкин 10, х.13.
1.3. Минтақаи баргузории Аксия: тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1.4. Аксия лотерея намебошад ва иҷозатнома/бақайдгириро талаб намекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2002 № 274).
1.5. Аксия бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» танзим карда мешавад ва тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун офертаи оммавӣ (моддаи 503) тасниф карда мешавад.
1.6. Истилоҳот:
«Иштирокчӣ» - истифодабарандаи платформаи Somon.tj, ки ба талаботи бахши 3 ҷавобгӯ аст;
«Имконият» («чипта») - воҳиди ҳисоб барои ташкили бурди ҷоизаҳо;
«Ғолиб» - Иштирокчӣ, ки мувофиқи бахши 6 муайян карда шудааст;
«Муқовимат бо қаллобӣ» («Антифрод») - тадбирҳо барои ошкор намудани иштироки беинсофона;
«Ҷоиза» - арзиши моддӣ мувофыиқи бахши 5.
1.7. Ҳамчун лаҳзаи қабули ҳамин Қоидаҳо аз ҷониби Иштирокчӣ лаҳзаи гузоштани шарҳи дар банди 4.1 пешбинишуда, ҳисобида мешавад.
1.8. Матни амалкунандаи Қоидаҳо дар суроғаи зерин ҷойгир карда шудааст: somon.tj/giveaway.
1.9. Маълумот дар бораи Аксия бо забонҳои давлатӣ ва русӣ оварда мешавад (моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»).
2. Тағйир додани шартҳо ва бекор кардани Аксия
2.1. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки шартҳои Қоидаҳои мазкурро (аз ҷумла муҳлат, ҳайати фонди ҷоизавӣ, тартиб ва тарзи баргузории бурди ҷоизаҳо ҳар вақт бо салоҳдиди худ тағйир диҳад, инчунин санаи баргузории бурди ҷоизаҳоро ба таъхир гузорад ё Аксияро пурра бекор кунад, аз ҷумла ҳангоми вайроншавии техникӣ, имконнопазирии гузаронидани пахши мустақим ё фарорасии дигар ҳолатҳое, ки ба баргузории Аксия дар шакли дар аввал банақшагирифташуда монеъ мешаванд. Матни амалкунандаи Қоидаҳо дар ин ҳолат дар суроғаи платформаи Somon.tj, ки дар банди 1.8 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудааст, нашр мегардад.
2.2. Ташкилкунанда дар назди Иштирокчиён барои ягон таъхир ё тағйирот дар шартҳои Аксия, ки мувофиқи банди 2.1-и Қоидаҳои мазкур анҷом дода шудаанд, масъул нест, зеро иштирок дар Аксия ройгон аст ва аз Иштирокчӣ ягон хароҷотро талаб намекунад.
2.3. Аз ҷумла, Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад: (a) Аксия ё ҷамъбасти натиҷаҳоро ба муҳлати дертар мавқуф гузорад; (b) ҳама гуна ҷоизаро бо ҷоизаи баробарарзиш иваз кунад; (c) пахши мустақимеро, ки барои муайян кардани Ғолибон истифода мешавад, ба мавқуф гузорад ё бекор кунад ва онро дар санаи наздиктарин баргузор намояд.
3. Муҳлати баргузорӣ
3.1. Давраи гузаронидани Аксия: аз 1 (якуми) сентябри соли 2026 то 2 (дуюми) ноябри соли 2026.
3.2. Санаи расмии оғози Аксия 1 сентябри соли 2026 аст, новобаста аз санаи воқеии релизи техникии промо-баннер (баннери рекламавӣ) дар платформаи Somon.tj мебошад. Шарҳҳои Иштирокчиён аз 1 сентябри соли 2026 барои мақсадҳои Аксия ба назар гирифта мешаванд, новобаста аз он ки оё Иштирокчии мушаххас ҳангоми гузоштани шарҳи худ промо-баннерро дидааст ё не.
3.3. Промо-баннери Аксия дар барномаи мобилии Somon.tj тафсири (версияи) 26.9.0 ва болотар (дар тафсирҳои қаблӣ баннер намоиш дода намешавад) ва дар шакли мобилии интернет-сомонаи Somon.tj намоиш дода мешавад; дар шакли десктопии интернет-сомонаи Somon.tj ва дар замимаи iOS баннер бо сабабҳои техникӣ намоиш дода намешавад. Иштирок дар Аксия (баҳисобгирии шарҳ барои мақсадҳои бахши 5 Қоидаҳои мазкур) аз дастгоҳи техникии Истифодабаранда, платформаи Somon.tj ё тафсири барномаи мобилии Somon.tj, ки барои гузоштани шарҳ истифода шудааст, вобаста нест - набудани промо-баннер дар платформаи мушаххас Истифодабарандаро аз ҳуқуқи иштирок маҳрум намекунад, агар шарҳ дар Давраи баргузории Аксия гузошта шуда бошад.
4. Талабот нисбати Иштирокчиён
4.1. Ба иштирок дар Аксия шахсони воқеии қобили амал, ки ба синни 18 расидаанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳои андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дорои рақами мушаххаси андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамчун Истифодабарандаи платформаи Somon.tj ба қайд гирифта шудаанд, роҳ дода мешаванд.
4.2. Иштирокчии Аксия метавонад Истифодабарандае бошад, ки дар давоми Давраи гузаронидани он бо иҷрокунандаи хизматрасонӣ тавассути бахши «Хизматрасонӣ»-и платформаи Somon.tj тамос гирифта бошад ва дар бораи ин иҷрокунандаи хизматрасониҳо шарҳ гузоштааст. Иштирок аз он вобаста нест, ки оё хизматрасонӣ воқеан ба ин Истифодабаранда расонида шудааст ё не.
4.3. Иштирокчиён шуда наметавонанд: кормандони Ташкилкунанда ва шахсони вобаста (аффилишуда), хешовандони наздик ва ҳамсарони онҳо, шахсоне, ки ба ташкил ва баргузории Аксия ҷалб карда шуданд (аз ҷумла намояндагони маркетинг, ки мустақиман бурди ҷоизаҳоро мегузаронанд), инчунин иҷрокунандагони хизматрасониҳои, ки барояшон шарҳ гузошта шудааст.
4.4. Иштирокчӣ метавонад дар Аксия танҳо аз як аккаунт (сабти баҳисобгирӣ) дар платформаи Somon.tj иштирок намояд.
4.5. Иштирокчӣ мустақилона барои дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти тамос (рақами телефон, тамосҳои дигар), ки дар аккаунт (сабти баҳисобгирӣ) ӯ дар платформаи Somon.tj нишон дода шудааст, масъул аст. Ташкилкунанда барои имконнопазирии тамос бо Иштирокчии Ғолиб эътирофшуда масъулият надорад, агар ин аз набудан ё нодурустии маълумоти тамосии нишондодашуда ба вуҷуд ояд; чунин ҳолат ба набудани ҷавоби Ғолиб барои мақсадҳои бахши 8 Қоидаҳои мазкур баробар карда мешавад.
4.6. Санҷишҳои зидди қаллобии (Антифрод-проверка) софдилонаи иштирокро намояндагони Ташкилкунанда (маркетинг дар якҷоягӣ бо дастаи IT) анҷом медиҳанд; механизм такмил дода мешавад; дар оғои Аксия санҷиши ҳадди ақал гузаронида мешавад.
5. Тартиби ҳисоб кардани имкониятҳо
5.1. Барои ҳар як шарҳ, ки ба банди 4.2 мувофиқат мекунад, ба Иштирокчӣ 1 (як) Имконият пешниҳод карда мешавад; барои шарҳи матнӣ Имконияти (дуюм) иловагӣ пешниҳод карда мешавад. Рӯйхати Имкониятҳо пас аз баста шудани равзанаи модератсияи шарҳҳо ва пеш аз бурди ҷоизаҳо, тартиб дода мешавад.
6. Фонди ҷоизавӣ
6.1. Фонди ҷоизавии Аксия аз се (3) ҷоиза барои се (3) Ғолиб иборат аст:
- Ҷоизаи 1 - планшети Redmi Pad 2 4/128GB Wi-Fi, арзиши тахминӣ мутаносибан баробар ба 250 доллари ИМА;
- Ҷоизаи 2 - гӯшмонакҳои Apple AirPods, арзиши тахминӣ 2500 сомонӣ;
- Ҷоизаи 3 - сертификати Paykar.shop бо номинали 2500 сомонӣ.
6.2. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҳар гуна ҷоизаро бо ҷоизаи баробарарзиш иваз кунад, агар он бо сабабҳои берун аз назорати Ташкилкунанда пешниҳод карда нашавад. Намуди зоҳирӣ, пуррагӣ ва хусусиятҳои ҷоиза метавонанд аз онҳое, ки дар реклама ва маводи рекламавию иттилоотӣ Аксия тасвир шудаанд, фарқ кунанд.
6.3. Як Иштирокчӣ метавонад дар тамоми Аксия на бештар аз як маротиба Ғолиб дониста шавад. Агар дар ҷараёни бурди ҷоизаҳо як Иштирокчӣ барои ҷоизаи дуюм ё сеюм дубора муайян карда шавад, ҳуқуқ ба ҷоизаи дахлдор ба Иштирокчие мегузарад, ки Имконияти ӯ дар рӯйхати тартибдодашуда навбатӣ аст (банди 5.1 Қоидаҳои мазкур).
6.4. Ташкилкунанда андоз аз даромади шахсони воқеиро аз ҷоиза аз ҳисоби худ, бо меъёри 15%, бе нигоҳ доштани маблағи дахлдор аз Ғолиб пардохт менамояд.
7. Тартиби муайян намудани Ғолибон
7.1. Бурди ҷоизаҳо аз ҷониби намояндагони Ташкилкунанда дар пахши мустақим дар саҳифаи Ташкилкунанда дар шабакаи иҷтимоии Instagram баргузор мешавад.
7.2. Ҳамчун тарзи интихоби тасодуфии Ғолибон барои пахши мустақим хизматрасонии онлайнии RandStuff (https://randstuff.ru/) истифода мешавад.
7.3. Сана ва вақти баргузории пахш пешакӣ дар Stories ва каналҳои дигари шабакаи иҷтимоии Ташкилкунанда (Somon.tj) эълон карда мешавад, то иштирокчиён барои посух додан ба занг омода шаванд.
7.4. Рақами Имконият (чипта) ва номи Иштирокчӣ ҳангоми пахш эълон карда мешавад. Ҳангоми тамос бо Иштирокчӣ тавассути алоқаи телефонӣ, намояндагони Ташкилкунанда насаб ё маълумоти дигари шахсии онро дар пахш ифшо намекунанд; муошират бо Иштирокчӣ бе ифшои чунин маълумот то гирифтани розигӣ тибқи бандҳои 9.4-9.5-и Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад. Ном (ҳарфи аввали насаб) ва акси Ғолиб пас аз гирифтани розигии дахлдор алоҳида нашр карда мешавад.
7.5. Ҳамчун эълони расмии натиҷаҳои Аксия лаҳзаи нашри ном ва акси Ғолиб дар шабакаҳои иҷтимоии расмии Ташкилкунанда мувофиқи банди 9.4-и Қоидаҳои мазкур (ва на лаҳзаи эълони рақами Имконият ҳангоми пахш мувофиқи банди 7.4) ҳисобида мешавад. Махсус ҳамин сана барои ҳисобкунии муҳлатҳои дар бахшҳои 8 ва 13-и Қоидаҳои мазкур нишондодашуда, асос мебошад.
7.6. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки иштироки софдилонаи Ғолибро (бахши 4.6) пеш аз эълони расмии натиҷаҳо (банди 7.5) тафтиш намояд.
7.7. Агар пас аз эълони расмии натиҷаҳо (банди 7.5) вайрон кардани Қоидаҳои мазкур аз ҷониби Иштирокчӣ ошкор карда шавад, Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад мақоми Ғолибро бозхонд кунад ва дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз санаи чунин эълон Ғолиби дигарро муайян кунад бо тартиби монанди банди 6.3-и Қоидаҳои мазкур.
8. Тартиби огоҳ намудани Ғолибон ва гирифтани ҷоиза
8.1. Ҳангоми пахши мустақим бо Ғолиб тавассути маълумоти тамосии аккаунти (Сабти баҳисобгирии) ӯ бо воситаи занги телефони тамос гирифта мешавад. Масъулият барои дурустии ин маълумот ба дӯши Иштирокчӣ аст (банди 4.5-и Қоидаҳои мазкур).
8.2. Агар Ғолиб дар вақти пахши мустақим ҷавоб надиҳад, Ташкилкунанда муддати 5 (панҷ) дақиқа бори дигар кӯшиш мекунад, ва пас аз он ба номзади навбатӣ аз рӯи рӯйхати Имкониятҳо мегузарад.
8.3. Шумораи тахминии чунин кӯшишҳо (номзадҳо) барои як ҷоиза - 5 (панҷ) адад аст. Пас аз панҷ кӯшиш посух надодан қарори ниҳоӣ ҳисоб намеёбад. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки пас аз анҷоми пахш ҷустуҷӯи Ғолибро тавассути тамос гирифтан бо рақамҳои дар аккаунти истифодабаранда буда ва ирсол кардани смс-паёмак дар чати техникӣ бо номзад идома диҳад, аммо на дертар аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ аз санаи баргузории пахш. Пас аз муҳлати нишондодашуда, агар ҳеҷ яке аз номзадҳо посух надода бошад, ҷоизаи дахлдор дар ихтиёри Ташкилкунанда боқӣ мемонад.
8.4. Барои гирифтани ҷоиза, Ғолиб дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи барқарор кардани тамос бо ӯ ба Ташкилкунанда инҳоро пешниҳод менамояд: шиноснома (бо маълумоти дахлдори аккаунти ӯ дар платформаи Somon.tj) ва рақами РМА.
8.5. Усули ба даст овардани ҷоиза - гирифтани ҷоиза дар идораи Ташкилкунанда дар суроғаи: [ш. Душанбе, кӯчаи Пушкин 10 (нишона: Дорухонаи 5). Даврае, ки Ғолиб метавонад ҷоизаро бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз рӯи банди 8.4 гирад, 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо мебошад. Пас аз гузаштани ин муҳлат, Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад додани ҷоизаро рад кунад.
8.6. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки дар сурати зерин аз додани ҷоиза даст кашад: Ғолиб дар муҳлати муайяншуда бо ӯ тамос нагирад ё ҳуҷҷатҳои дар банди 8.4 зикршударо пешниҳод накунад; маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти Ғолиб ба маълумоти аккаунти ӯ дар платформаи Somon.tj мувофиқат накунад; вайрон намудани Қоидаҳои мазкур ошкор карда шуданд (аз ҷумла иштироки ноодилона тибқи бахши 4.6); ё Ғолиб дар муҳлати муайяншудаи банди 8.5 ҷоизаро нагирад.
8.7. Интиқоли ҷоиза бо Санади қабул ва супоридан ба расмият дароварда мешавад, ки дар он маълумоти зерин дар бораи Ташкилкунанда ва Ғолиб нишон дода мешавад: рақами мушаххаси андозсупорандаи Ғолиб (РМА), ном ва хусусиятҳои ҷоиза, рақами силсилавии ҷоиза (агар мавҷуд бошад), арзиши ҷоиза бо сомонӣ, маблағи ААИ (агар татбиқшаванда карда бошад), асосҳои додани ҷоиза (тафсилоти Қоидаҳои мазкур ва Протоколи муайян кардани Ғолибон) ва тартиби андозбандии ҷоиза мавҷуд аст. Санад бояд дар шакли электронӣ дар платформаи Somon.tj ё дар шакли хаттии қоғазӣ ҳангоми гирифтани он имзо карда шавад.
8.8. Бо имзокунии (аксепти) Санад, Ғолиб қабул кардани ҷоизаро дар ҳолати муносиб тасдиқ мекунад ва нисбат ба Ташкилкунанда дар робита ба миқдор, сифат, пуррагии ҷоиза ва шартҳои баргузории Аксия дар маҷмӯъ даъво надорад.
9. Маълумоти шахсӣ, аксбардорӣ ва наворбардории видеоӣ
9.1. Бо иштирок дар Аксия, Иштирокчӣ ба коркарди маълумоти шахсӣ (ному насаб, рақами мушаххаси андозсупоранда, маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти тамос, маълумоти фикру мулоҳиза), ки барои баргузории Аксия, муайян кардани ғолибон ва супоридани ҷоизаҳо заруранд, розӣ мешавад.
9.2. Маълумоти шахсӣ бо мақсадҳои баргузории Аксия, муошират бо Иштирокчиён, ташкили супоридани ҷоизаҳо, иҷрои ухдадориҳои агенти андоз ва баррасии муроҷиатҳо коркард карда мешаванд.
9.3. Розигӣ ба коркарди маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи иштирок дар Аксия то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои интиқоли ҷоиза эътибор дорад ва пас аз он ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдор аз ҷониби Ташкилкунанда дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва андоз нигоҳ дошта мешаванд.
9.4. Аксбардорӣ, наворбардории видеоии Ғолиб ва нашри номи ӯ (ҳарфи аввали насаб) танҳо дар асоси розигии алоҳида, ки то лаҳзаи нашр гирифта шудааст, амалӣ карда мешавад. Набудани розигӣ ҳуқуқ ба ҷоизаро рад намекунад, аммо нашри маълумотро истисно менамояд.
9.5. Розигӣ барои аксбардорӣ/наворгирии видеоӣ аз розигӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ алоҳида тартиб дода мешавад ва бо он дар як матн якҷоя карда намешавад.
9.6. Истифодаи аксҳо/видеоҳои Ғолиб барои мақсадҳои рекламавӣ ройгон аст.
10. Андозбандии ҷоиза
10.1. Ҷоиза даромади шахси воқеӣ эътироф карда мешавад; Ташкилкунанда ҳамчун манбаи даромад агенти андоз аст ва мустақилона, аз ҳисоби худ, ҳисоб мекунад, аз маблағҳои худ нигоҳ медорад ва андозро аз даромади шахсони воқеӣ бо меъёри 15% ба буҷет интиқол медиҳад, бе нигоҳ доштани маблағи дахлдор аз Ғолиб.
10.2. Арзиши ҷоиза барои мақсадҳои андозбандӣ бо сомонӣ аз рӯи нархи бозорӣ дар санаи супоридани воқеии ҷоиза ва имзои Санади қабул ва супоридан муайян карда мешавад. Агар нархи ҷоиза бо асъори хориҷӣ (аз ҷумла бо доллари ИМА, чунон ки дар банди 6.1-и Қоидаҳои мазкур зикр шудааст) нишон дода шуда бошад, ҳисобу китоб бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи супоридани ҷоиза анҷом дода мешавад.
10.3. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани моҳ, ки дар он ҷоиза ба Ғолиб супурда шудааст, ба буҷет гузаронида мешавад; эъломияи андоз на дертар аз 15-уми моҳи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
10.4. ҶДММ «Рашод» пардохткунандаи ААИ мебошад; ААИ аз рӯи ҷоизаҳои ба даст омада ба ҳисоб гирифта мешавад. Интиқоли ройгони ҷоиза ба Ғолиб метавонад ҳисоб кардани ААИ-и баромадро талаб кунад - тартиби ҳисоб ва инъикоси ин маблағ дар Санади қабул ва супоридан (банди 8.7) бояд бо шуъбаи баҳисобгирии Ташкикуанда пеш аз супоридани ҷоизаи пешакӣ мувофиқа карда шавад.
11. Огоҳонидан оиди қаллобӣ
11.1. Ташкилкунанда ҳеҷ гоҳ аз Ғолибон пардохт, пешпардохт, комиссия ё маълумоти корти бонкиро ҳамчун шарти гирифтани ҷоиза талаб намекунад.
12. Ҳолатҳои форс-мажор ва масъулият
12.1. Ташкилкунанда аз ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар натиҷаи ҳолатҳои қувваи ногузир: офатҳои табиӣ, эпидемия/пандемия, амалиёти ҷангӣ, бетартибиҳои оммавӣ, қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вайроншавии назарраси техникии платформаи Somon.tj озод карда мешавад.
12.2. Ташкилкунанда барои корношоямии техникии платформаи Somon.tj, шабакаи алоқа ё дастгоҳҳои Иштирокчӣ, ки ба қайди нодурусти шарҳҳо ё Имкониятҳо оварда расонидаанд, масъулият надорад.
13. Даъво ва ҳалли баҳсҳо
13.1. Даъвоҳои Иштирокчиён марбут ба баргузории Аксия дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи эълони расмии натиҷаҳо (банди 7.5 Қоидаҳои мазкур) тавассути сӯҳбати (чати) дастгирии техникии платформаи Somon.tj ё тавассути почтаи электронӣ help@somon.tj қабул карда мешаванд.
13.2. Даъвоҳо дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи қабул баррасӣ карда мешаванд.
13.3. Баҳсҳое, ки бо роҳи гуфтушунид ҳал нашудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
14. Муқаррароти ниҳоӣ
14.1. Қоидаҳо дар тамоми давраи баргузории Аксия ва давраи гирифтани ҷоизаҳо аз ҷониби Ғолибон эътибор доранд.
14.2. Иштирок дар Аксия маънои розигии пурраи Иштирокчиро бо Қоидаҳои мазкур дорад.
14.3. Тамоси Ташкилкунанда оид ба масъалаҳои Аксия: чати дастгирии техникии платформаи Somon.tj, почтаи электронӣ help@somon.tj.