Аналитик

Душанбе
Опубликовано: 21.07.2026 16:26 Номер объявления: 16751147
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: ул.Айни 64
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Дистрибуция
Локация: Душанбе

ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — ТАҲЛИЛГАР (АНАЛИТИК)

Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ таҳлилгар (аналитик)-ро ҷустуҷӯ менамоем.

Вазифаҳо:

- Таҳлили фурӯш аз рӯи минтақаҳо, филиалҳо ва намудҳои маҳсулот;

- Омода намудани ҳисоботҳо оид ба фурӯш, пойгоҳи фаъоли мизоҷон (АКБ), роҳбарони бахши фурӯш ва намояндагони савдо;

- Назорати бақияи молҳо ва раванди борфиристонӣ;

- Омода намудани ҳисоботҳо барои ҳисобкунии музди меҳнат ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарияти ширкат.

Талабот:

- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё ихтисосҳои ҳамсон;

- Таҷрибаи корӣ дар ширкати тиҷоратӣ на камтар аз 1 сол;

- Таҷрибаи кор дар соҳаи фурӯш бартарӣ ҳисобида мешавад;

- Маҳорати хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва 1С;

- Тафаккури таҳлилӣ ва бодиққатӣ ба ҷузъиёт.

Шароитҳои кор:

- Ба кор қабул намудан тибқи қонунгузории меҳнат;

- Имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ;

- Муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ.

- Синну сол: аз 22 то 45 сола.

Тарзи муроҷиат:

- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электронии ирсол намоянд.

Мавзӯи нома: «Аналитик».

Похожие объявления

  • Мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо
    Чойи кории холӣ — мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо - ширкати тиҷоратӣ барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳоро ҷустуҷӯ менамояд. Вазифаҳо: - назорати қарзҳои дебиторӣ ва таҳлили ҳолати пардохтҳои мизоҷон; - тамос бо мизоҷон оид ба қарзҳои муҳлатгузашта ва ҳамоҳангсозии пардохтҳо; - арзёбии хавфҳои қарзӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо мизоҷон; - омода намудани ҳисоботҳо оид ба қарздорӣ ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарият; - ҳамкорӣ бо шуъбаи фурӯш ва муҳосибот барои ҳалли масъалаҳои қарздорӣ; - пешниҳоди чораҳо барои коҳиш додани хавфҳои молиявӣ; - пешбурди пойгоҳи маълумоти қарздорон ва назорати иҷрои уҳдадориҳои онҳо. Талабот: - маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия, ҳуқуқ ё идоракунии тиҷорат; - таҷрибаи корӣ дар самти рӯёндани қарзҳо, идоракунии хавф ё молия на камтар аз 3 сол; - малакаи хуби гуфтушунид ва муошират; - маҳорати кор бо барномаҳои microsoft excel ва 1с; - тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти кор бо маълумоти молиявӣ; - донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Шароитҳои кор: - ба кор қабул намудан тибқи кодекси меҳнати ҷумҳурии тоҷикистон; - маоши рақобатпазир; - имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ; - муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ; - пардохти саривақтии музди меҳнат Тарзи муроҷиат: - номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд. - мавзӯи нома: «мутахассис оид ба идоракунии хавф ва рӯёндани қарзҳо».
    HR, 21.07.2026 17:09, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ
    “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” барои ишғол кардани ҷои кори холии Муҳосиб оид ба баҳисобгирии амалиётҳои дохилӣ дар Саридораи Бонк эълон менамояд.Мақсади вазифаи мазкур омода намудани супоришномаҳои пардохти бо асъори милли, баҳисобгири хароҷотҳои маъмури, гузаронидани санадҳои муқоисави бо контрагентҳо, ба ҳисобгири фонди пулҳои хурд, иштирок дар тафтишотҳои аудиторони дохилӣ ва берунии, инчунин тафтишотҳои санҷишҳои андоз ва БМТ, пешпардохти ҳисоботдиҳандаҳо, омода ва пешниходи дигар хисоботхо бо дархости рохбарият.Тахассус ва малакаҳои зарурӣ• Ихтисос: Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия ва/ё бонкдорӣ• Дониш/Таҷрибаи зарурӣ ба ғайр аз ихтисос• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб дар сохтори бонкӣ• Донистани қонунгузори соҳаи бонки ва дастурамалҳои БМТ• Донистани стандартҳои СБХМ (МСФО)• Маҳорати хуби кор бо компютер, махсусан бо барномаҳои офисӣ, аз ҷумла Microsoft Excel, Microsoft Word ва Microsoft PowerPoint, барои омода кардани ҳисоботҳо, таҳлили маълумот ва сохтани презентатсияҳои касбӣ• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ ва англисӣ• Малакаҳои муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ ва қобилияти самаранок муошират бо сатҳҳои гуногуни кормандон ва ҷонибҳои манфиатдорХоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 17.07.2026 15:01, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Кассир в ДРЦ
    Мо дар ҷустуҷӯи Хазинадор барои Маркази фароғатии кӯдакон ҳастем!Вазифаҳо:- Хизматрасонӣ ба меҳмонон дар назди хазина;- Қабули пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;- Кор бо дастгоҳи хазинавӣ ва POS-терминал;- Кушодан ва бастани басти кории хазина;- Пешбурди ҳисоботи хазинавӣ;- Машварат додан ба меҳмонон оид ба хизматрасониҳо ва аксияҳои марказ;- Риояи интизоми хазинавӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ.Талабот:- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси хазинадор на камтар аз 1 сол;- Малакаи хуби кор бо таҷҳизоти хазинавӣ;- Донистани қоидаҳои кор бо маблағҳои пулӣ;- Бодиққатӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ;- Муоширати хуб ва нутқи равону фаҳмо;- Қобилияти кор бо шумораи зиёди меҳмонон.Мо пешниҳод мекунем:- Ба кори расмӣ қабул намудан;- Музди меҳнати устувор;- Реҷаи кори баставӣ;- Шароити бароҳати меҳнат;- Дастаи дӯстона;- Имконияти рушди касбӣ. Довталабони хохишманд, резюмеи худро ба почтаи электронии business_hr_1@mail.ru бо қайди «Хазинадор (Маркази фароғатии кӯдакон)» ирсол намоед.
    HR, Вчера 11:35, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Сармухосиб - Финансист
    Мо дар ҷустуҷӯи САРМУҲОСИБ – ФИНАНСИСТ (БОНУ) ҳастем! Ширкати мо дар самти истеҳсол ва фурӯши мебел фаъолият намуда, барои рушди минбаъда мутахассиси пурқуввати молиявиро ба даста даъват менамояд. 🔹 Вазифаҳои асосӣ: ✔ Пешбурди пурраи муҳосиботи корхона ✔ Назорати даромад, хароҷот ва гардиши маблағҳо ✔ Таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ ва андозӣ ✔ Банақшагирии молиявӣ ва назорати буҷет ✔ Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди роҳҳои баланд бардоштани самаранокӣ ✔ Назорати қарздорӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо 🔹 Талабот: ✔ Таҷрибаи корӣ ҳамчун сармуҳосиб ё финансист ✔ Дониши хуби қонунгузории андоз ва муҳосибот ✔ Маҳорати баланди кор бо Excel ва барномаҳои муҳосибӣ ✔ Тафаккури таҳлилӣ ва масъулиятшиносӣ ✔ Қобилияти қабули қарорҳои молиявӣ 🎯 Агар шумо мехоҳед на танҳо ҳисобот тартиб диҳед, балки дар рушди тиҷорат нақши муҳим дошта бошед, пас ин ҷойи кор барои шумост. 💰 Маош: мувофиқи таҷриба ва натиҷаи суҳбат 📍 Ҷойи кор: [шаҳри Душанбе] 📞 Барои тамос: [+992 907865656] Ҳамроҳи мо тиҷорати муваффақро бунёд мекунем!
    Диловар, 23.06.2026 15:36, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Мухосиби калон дар Филиал
    📢 ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» ба кор даъват менамояд!Вазифа: Муҳосиби калон филиал (ш. Хуҷанд)Бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ, ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва ташаббускорро барои ишғоли вазифаи муҳосиби калони филиал дар шаҳри Хуҷанд ба кор даъват менамояд.📍 Ҷойи кор: шаҳри ХуҷандӮҳдадориҳои асосӣ:Ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибии филиал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;Назорати дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ;Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи муҳосибӣ, андоз ва дигар ҳисоботи ҳатмӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;Назорати амалиётҳои хазинавӣ ва бонкӣ;Гузаронидани санҷиши ҳисоббаробаркунӣ бо мизоҷон ва шарикон;Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои санҷишҳои дохилӣ ва беруна;Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;Иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба мансаби ишғолнамуда вобастаанд.Талабот ба номзад:Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод;Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот на камтар аз 3 сол;Таҷрибаи кор дар бонк ё ташкилоти қарзии хурд бартарӣ дорад;Донистани қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Маҳорати хуби кор бо 1С, Microsoft Excel ва дигар барномаҳои компютерӣ;Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва қобилияти таҳлили маълумот;Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Мо пешниҳод менамоем:Кори доимӣ дар ташкилоти молиявии устувор ва рушдёбанда;Музди меҳнати рақобатпазир;Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;Муҳити хуби корӣ ва дастаи дӯстона.Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:Шахсони хоҳишманд метавонанд CV (тарҷумаи ҳол)-и худро ба суроғаи электронии hr@sanduk.tj ирсол намуда, дар мавзӯи мактуб «Муҳосиби калони филиал (ш. Хуҷанд)» нависанд.☎️ Барои маълумоти иловагӣ: +992 90 255 79 77
    ЗАО МДО Сандук, 08.07.2026 10:31, Худжанд
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • Бухгалтер онлайн
    Салом дар интернет магазини молҳои техникӣ SIFATMOL.TJ срочно БУХГАЛТЕР аз 20 то 35 сола даркор. Донистани программаҳои ( WORLD, EXCEL, INTERNET) Дар кор бодиққат ва самими будан ҳатми. Ҳар рӯза " ДАРОМАД ва РАСХОД " ҳисоб кардан Хоҳиши кор кардан ва дар як рӯз на камтар аз 5 соат вақт барои ҲИСОБҲОРО тайёр кардан дошта бошад. Донистани Кодекси АНДОЗИ Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон ҳатмист. Барои маълумоти бештар дар Ватсап нависед (+992) 904735555
    Sifatmol, 30.06.2026 18:09, Душанбе
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы


  • Договорная
    HR

    На сайте с июл, 2026

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust