Сармуҳосиб

Душанбе
Опубликовано: 21.07.2026 13:29 Номер объявления: 16749991
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: г. Душанбе ул.Шевченко 113
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Фаъолияти бонкӣ
Локация: Душанбе

- назорати фаврӣ ва тасдиқи маълумотҳои воридшаванда ба барномаи АБС бо мақсади дуруст бурдани баҳисобгирии идоракунӣ ва иҷро кардани функсияи ёрирасон нисбат ба ФРОНТ – офис ва муҳосиботи Саридора;

- назорати риоя кардани меъёр ва пешниҳод кардани маълумот барои муҳосибот;

- назорати саривақт инъикос кардани амалиётҳо аз рӯи шартномаҳои қарзӣ;

- назорати иҷроиши ҷадвали пардохти қарзи асосии мизоҷ, фоизҳои ҳисобкардашуда, комиссия ва ҷаримаҳо;

- муқоисаи бақияи пули нақд ва дигар арзишҳо дар оғози рӯзи амалиётӣ;

- тафтиши ҳуҷҷатҳои аз тарафи мизоҷ пешниҳодшуда (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) барои кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва гузаронидани амалиёт аз рӯи ҳисобҳо, инчунин барои гирифтани қарз;

- назорати паст кардани хавфҳои қарзӣ ва амалиётӣ;

- назорати омода сохтани ҳисоботи идоракунӣ оиди амалиётҳои иҷрокардашуда;

- назорати баҳисобгирии фондҳои асосӣ, молҳои камарзиши тезфарсудашаванда ва арзишҳои молию моддӣ;

- назорати баҳисобгирии даромад, хароҷот ва сармоя;

- назоати сектори ҳисоббаробаркунӣ (пардохт ба кормандони Ташкилот);

-назорати бурдани баҳисобгирии ӯҳдадориҳои Ташкилот дар назди андоз;

- назорати дуруст бурдани сиёсати баҳисобгириро мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ, Кодекси андоз ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии муҳосибавӣ, Дастурамалҳо, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии низоми дохилии аз тарафи Ташкилот барои таъмини устувории молиявии Ташкилот таҳия карда шуда, ташаккул медиҳад;

- назорати баҳисобгирии амвол, ӯҳдадориҳо, амалиётҳои хоҷагидорӣ, воситаҳои асосии воридшуда, арзишҳои молию моддӣ ва воситаҳои пулӣ, инчунин саривақт ва дуруст инъикос шудани амалиётҳо оиди гардиши онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ;

- назорати баҳисоб гирифтани хароҷоти ташкилот, иҷроиши сметаи хароҷот, маълумоти пурра ва дурусти муҳосибавиро дар бораи фаъолияти Ташкилот ва натишаҳои молиявӣ-хоҷагидорӣ ташаккул дода, саривақт пешниҳод менамояд, интизоми бастиро қатъиян риоя мекунад;

- назоати риояи қоидаҳои амалкунанда оид ба гузаронидани барӯйхатгирии арзишҳои молию моддӣ, воситаҳои асосӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва ӯҳдадориҳои пардохтиро таъмин менамояд;

- назорати баҳисобгирӣ ва ҳисобкунии лозимӣ аз рӯи пардохтҳо, ки ба манфиати кормандони ташкилот ва кормандони ғайрибастӣ иҷро карда мешавад, таъмин менамояд;

- назорати баҳисбогирии истеҳлоки ҳисобкардашудаи воситаҳои асосӣ, ки дар тавозуни Ташкилот;

- назорати дуруст гузаронидани амалиётҳои хоҷагидории Ташкилот ва воситаҳои пулиро, ки барои хароҷоти сафари хизматӣ дода мешаванд, назорат менамояд;

- таҳия кардани шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботи муҳосибавии дохилӣ, барои ба тартиб даровардани барои амалиётҳое, ки дар Саридора гузаронида мешаванд ва барои онҳо намунаи шакли ҳуҷҷат мавҷуд нест;

- назорати гузаронидани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро мувофиқи меъёр ва мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳисоб карда ба буҷети давлатӣ;

- назорати дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани декларатсияи андоз, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои дигарро тартиб дода ба идораҳои омории андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- назорат аз рӯи пешгирии камомад, хароҷоти ғайримақсадноки пули нақд ва арзишҳои молию моддӣ, инчунин қонунӣвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ меандешад, қонунияти аз тавозун хориҷ кардани камомад, қарзҳои дебиторӣ ва талафоти дигар;

- назорати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои дар асоси истифодаи воситаҳои техникии муосир ва технологияи иттилоотӣ, тарз ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ;

Хуҷҷатхоро метавонед ба суроғаи электронии info@sm.tj ё ба Телеграмм, Ватсапп то санаи 30.07.2026 ирсол намоед.

Похожие объявления

  • Мухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.Талабот:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 20.07.2026 10:53, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Сармухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Ташкил намудани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва назорати умумии дуруст таҳия намудани сабтҳои муҳосибӣ аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда; • Тартиб додани ҳисоботи молиявӣ барои истифодабарандаи беруна ва дохилӣ;• Ташкил намудан ва назорати дурусти баҳисобгирии андоз;• Ҳамкори ва ҳамоҳангсозии кор бо аудиторҳои беруна, БМТ, мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор;• Таъмини назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар таҳияи буҷет, банақшагирии молиявӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилот;• Роҳбари намудани шӯъбаи муҳосибот, амали намудани мониторинги фаъолияти кормандони муҳосибӣ, баҳодиҳии фаъолият, гузаронидани таълими зарурии кормандон.Талабот:• Таҷрибаи кории сармуҳосиб ё муовини сармуҳосиб дар соҳаи бонкӣ/қарздиҳии хурд на камтар аз 3 сол, инчунин бо таҷрибаи роҳбарикунии на камтар аз 1-2 сол;• Маълумоти олӣ аз рўи ихтисоси муҳосиб, аудит ва ё молия;• Донистани қонунҳои амалкунанда ва санадҳои нормативӣ аз рӯи ҳисоби муҳосибӣ ва андозситонӣ;• Қобилияти аъло доштан дар таҳлили молиявӣ;• Дониши амиқи қонунгузории муҳосибӣ, андоз, молия ва ҳисоботи молиявӣ;• Донистани қоидаҳо ва методологияи қарздиҳӣ;• Малакаҳои хуби кории компютерӣ: Microsoft Excel, Word;• Покизакорӣ ва масуълиятшиносӣ, малакаҳои аълои муошират;• Дорандаи сертификатҳои CAP ва CIPA ва ғайра афзалият дониста мешавад.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 20.07.2026 10:52, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Менеҷери кортҳои бонкӣ дар ш. Бохтар
    Ташкилоти «Фуруз» ба дастаи худ мутахассиси бодиққат ва масъулро даъват менамояд, ки бо идоракунӣ ва рушди маҳсулоти кортҳои бонкӣ, инчунин таҳлили амалиёти муштариён машғул мешавад.Вазифаҳои асосӣ:-Татбиқ ва рушди лоиҳаи кортҳои бонкӣ; -Ҳамкории зич бо шуъбаи таҳияи IT дар доираи татбиқ ва роҳандозии лоиҳа; -Таҳияи вазифаҳои техникӣ барои функсионали модули кортӣ, равандҳо ва хизматрасонӣ; -Ҳамкории зич бо маркази процессингӣ, агрегаторҳо ва бонкҳои шарик оид ба интиқоли маблағ аз корт ба корт; -Ҳамкории зич бо кормандони масъули самтҳои амалиётӣ ҷиҳати пешбурди кортҳои бонкӣ; -Таҳия ва такмили мунтазами низомномаҳо ва тартиботи дохилӣ оид ба кортҳои бонкӣ мутобиқ ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), танзимгарон ва шарикон; -Пешниҳоди дастгирии техникӣ ба филиалҳо/МХМХ ҳангоми иҷрои фаъолияти вобаста ба барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ; -Татбиқи нақшаҳои таҳияшуда, таъмин намудани самаранокии маҳсулот/хизматрасонӣ ва қаноатмандии муштариён, идоракунии барориш ва паҳнкунии кортҳои бонкӣ тавассути каналҳои мувофиқ; -Коркарди ҳаррӯза ва муқоисаи (сверкаи) амалиётҳо бо кортҳои бонкӣ; -Мониторинг ва таъмин намудани фаъолияти бефосилаи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои онлайн ва робита бо ташкилотҳои шарик ва агрегаторҳо; -Таҳлили маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо барои Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), роҳбарият ва дигар ҷонибҳои дахлдор; -Дастгирии таҳия ва татбиқи хизматрасониҳо ва маҳсулоти нав бо истифода аз кортҳои бонкӣ; -Омӯзиши мунтазами талаботи бозор ва ниёзҳои муштариён; -Мусоидат ба самтҳои амалиётӣ (шуъбаҳо) дар татбиқи ғояҳои нав; -Иштирок дар лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти амалиётии ширкат. Талабот:-Таҷрибаи кор дар бонк на камтар аз 3 сол (беҳтараш дар соҳаи кортҳои бонкӣ); -Фаҳмиши равандҳои эмиссия ва эквайринг; -Донистани маҳсулот ва тарифҳои кортҳои бонкӣ; -Қобилияти таҳлилӣ; -Дониши хуби Excel; -Масъулиятнокӣ, бодиққатӣ ва тобоварӣ ба фишори корӣ.Довталабон метавонанд Резюме (CV)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд: ш. Бохтар, куч. Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (номи вазифаро дар мавзӯи мактуб қайд намоед).Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988-22-02-91; 7272.Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 20.07.2026 10:54, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассиси танзимоти банкоматҳо - ATM
    ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси танзимоти банкоматҳо (ATM) дар Саридораи Бонк эълон менамояд.Мутахассис барои насб, танзим, нигоҳдорӣ ва таъмини кори дурусти банкоматҳо маъсул аст. Мутахассис бояд дар тамоми марҳилаҳои амали банкомат, аз насб то таъмир ва нигоҳдорӣ, дахл дошта бошад ва масъул аст барои насб кардани банкоматҳо дар маконҳои муайян ва танзим кардани параметрҳои дуруст (масалан, барои интиқоли пули нақд, коркард бо картҳои бонкӣ, чоп кардани чек ва ғайра).Талаботҳо:• Дараҷаи бакалавр дар соҳаи молия, идоракунии соҳибкорӣ, иқтисод ё соҳаи дахлдор (дараҷаи магистр афзалият дорад);• Таҷрибаи на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ, хизматрасониҳои кортӣ ё молиявӣ;• Фаҳмиши қавии таҳияи маҳсулоти корт, коркарди амалиётҳо ва хидматрасонӣ;• Малака дар низомҳои нармафзори бонкӣ ва шиносоӣ бо талаботҳои меъёрии марбут ба хидматрасонии корт;• Донистани таҷрибаҳои хавфҳо ва пешгирии қаллобӣ дар заминаи муомилоти корт;• Малакаҳои қавии ташкилӣ бо қобилияти афзалият додани вазифаҳо ва идоракунии самараноки лоиҳаҳои сершумор;• Омодагӣ барои мутобиқ шудан ба тамоюлҳои бозор, технология ва талаботи танзимкунандаХоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед. Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 13.07.2026 16:04, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    СТАНДАРТ МОЛИЯ

    На сайте с авг, 2025

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust