Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;
• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;
• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;
• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;
• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.
Талабот:
• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;
• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;
• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;
• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;
• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;
• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.