Ташкилоти «Фуруз» ба дастаи худ мутахассиси бодиққат ва масъулро даъват менамояд, ки бо идоракунӣ ва рушди маҳсулоти кортҳои бонкӣ, инчунин таҳлили амалиёти муштариён машғул мешавад.
Вазифаҳои асосӣ:
-Татбиқ ва рушди лоиҳаи кортҳои бонкӣ;
-Ҳамкории зич бо шуъбаи таҳияи IT дар доираи татбиқ ва роҳандозии лоиҳа;
-Таҳияи вазифаҳои техникӣ барои функсионали модули кортӣ, равандҳо ва хизматрасонӣ;
-Ҳамкории зич бо маркази процессингӣ, агрегаторҳо ва бонкҳои шарик оид ба интиқоли маблағ аз корт ба корт;
-Ҳамкории зич бо кормандони масъули самтҳои амалиётӣ ҷиҳати пешбурди кортҳои бонкӣ;
-Таҳия ва такмили мунтазами низомномаҳо ва тартиботи дохилӣ оид ба кортҳои бонкӣ мутобиқ ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), танзимгарон ва шарикон;
-Пешниҳоди дастгирии техникӣ ба филиалҳо/МХМХ ҳангоми иҷрои фаъолияти вобаста ба барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
-Татбиқи нақшаҳои таҳияшуда, таъмин намудани самаранокии маҳсулот/хизматрасонӣ ва қаноатмандии муштариён, идоракунии барориш ва паҳнкунии кортҳои бонкӣ тавассути каналҳои мувофиқ;
-Коркарди ҳаррӯза ва муқоисаи (сверкаи) амалиётҳо бо кортҳои бонкӣ;
-Мониторинг ва таъмин намудани фаъолияти бефосилаи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои онлайн ва робита бо ташкилотҳои шарик ва агрегаторҳо;
-Таҳлили маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо барои Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), роҳбарият ва дигар ҷонибҳои дахлдор;
-Дастгирии таҳия ва татбиқи хизматрасониҳо ва маҳсулоти нав бо истифода аз кортҳои бонкӣ;
-Омӯзиши мунтазами талаботи бозор ва ниёзҳои муштариён;
-Мусоидат ба самтҳои амалиётӣ (шуъбаҳо) дар татбиқи ғояҳои нав;
-Иштирок дар лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти амалиётии ширкат.
Талабот:
-Таҷрибаи кор дар бонк на камтар аз 3 сол (беҳтараш дар соҳаи кортҳои бонкӣ);
-Фаҳмиши равандҳои эмиссия ва эквайринг;
-Донистани маҳсулот ва тарифҳои кортҳои бонкӣ;
-Қобилияти таҳлилӣ;
-Дониши хуби Excel;
-Масъулиятнокӣ, бодиққатӣ ва тобоварӣ ба фишори корӣ.
Довталабон метавонанд Резюме (CV)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд:
ш. Бохтар, куч. Айни 27 ё ба суроғаи электронии
hr@furuz.tj (номи вазифаро дар мавзӯи мактуб қайд намоед).
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988-22-02-91; 7272.
Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.