Котиби директори генерали

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 12:14 Номер объявления: 16481024
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: ZET-MOBILE
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Телекоммуникация
Локация: Душанбе

ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ, пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро ба вазифаи КОТИБИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ баррасӣ менамояд.

Вазифаҳои асосӣ:

↗Таъмини дастгирии маъмурӣ – техникии фаъолияти директори генералӣ;

↗Ташкили рӯзи кории директори генералӣ ва таъмини ҳуҷҷатгузории зарурии директори генералӣ;

↗Ташкили кори қабулгоҳи директори генералӣ: қабули меҳмонон, бақайдгирӣ ва рӯйхат намудани қабул, таъмини назорати зангҳои телефонӣ ва мукотиботи воридотӣ / содиротӣ;

↗Тартиб додани ҷадвали рӯзи кории директори генералӣ, ташкили вохуриҳои хизматӣ, ташкил ва барасмиятдарории сафарҳои хизматии директори генералӣ;

↗Бо супориши директори генералӣ тайёр намудан ва ба расмият даровардани мактубҳои расмӣ, ҳисобот, дархостҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор;

↗Ташкили тарҷумаи мукотиботи воридотӣ / содиротии директори генералӣ;

↗Ташкили ҳамкорӣ байни директори генералӣ ва кормандони Ҷамъият;

↗Бурдани суратҷаласаҳои (протоколҳо) вохӯриҳо, гуфтушунидҳо ва маҷлисҳои директори генералӣ;

↗Иҷрои дигар супоришҳои директори генералӣ дар доираи салоҳияти худ.

Талаботҳои асосӣ:

↗Маълумоти олӣ – ҳатмист;

↗Таҷрибаи корӣ на кам аз 2 сол дар соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ва вазифаҳои монанд;

↗Дараҷаи баланди этикети корӣ;

↗Малакаҳои хуби равобит;

↗Масъулияти баланд ва малакаи муташаккилӣ;

↗Омодагӣ ба қабули дониши нав ва омузиш;

↗Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои муосири иттилоотӣ;

↗Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ);

↗Донистани забони англисӣ – бартарият дорад;

↗Донистани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳои методӣ ва дигар маводҳо оид ба пешбурди ҳуҷҷатҳо дар ташкилот, стандартхои системаи ягонаи ҳуҷҷатҳои ташкилию маъмурӣ.

Бартарияти мо:

↗Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;

↗Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);

↗Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;

↗Музди меҳнати рақобатпазир;

↗Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;

↗Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.

Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархостҳо/маълумотномаҳои (CV) худро ба почтаи электронии job@zet-mobile.com то 30 июни соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар рузҳо ва вақти корӣ).

Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Котиби директор генералӣ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.

Похожие объявления

  • Secretary to the CEO / Котиби Директори генералӣ
    Вазифаҳои асосӣ:• Ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳаррӯзаи Директори генералӣ;• Қабули зангҳои телефонӣ, кор бо меҳмонон ва шарикон;• Омода намудани мактубҳо, ҳисоботҳо, протоколҳо ва презентатсияҳо;• Банақшагирии вохӯриҳо, ҷаласаҳо ва сафарҳои хизматӣ;• Иҷрои дигар супоришҳои хизматии роҳбарият.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус;• Донистани ҳатмии забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Суръати баланди чоп дар Microsoft Word;• Донистани Microsoft Excel ва PowerPoint;• Қобилияти кор бо почтаи электронӣ ва техникаи офисӣ;• Малакаҳои хуби муошират ва масъулиятшиносӣ;Шароити хуби кор:• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;• Бонус ва ҳавасмандгардонӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омӯзишҳо ва тренингҳо;• Муҳити кори касбӣ дар ташкилоти байналмилалӣ.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи ҳадди аққалӣ ҷавобгӯ мебошанд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.______________________________________Main Responsibilities:• Organizing and coordinating the daily activities of the CEO;• Handling telephone calls and working with visitors and partners;• Preparing letters, reports, minutes, and presentations;• Planning meetings, sessions, and business trips;• Performing other assignments from management.Qualification Requirements:• Higher or specialized secondary education;• Mandatory knowledge of Tajik, Russian, and English languages;• High typing speed in Microsoft Word;• Knowledge of Microsoft Excel and PowerPoint;• Ability to work with email and office equipment;• Strong communication skills and sense of responsibility.We Offer:• Competitive salary in the labor market;• Bonuses and incentives based on performance;• Mobile communication allowance;• Training and professional development programs;• Professional working environment in an international organization.Only candidates who meet the minimum requirements will be invited for an interview.
    ЛОЛС МОЛИЯ, 25.05.2026 16:41, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Директори HR
    Директори HR (FMCG) Ба сехи истеҳсоли ҳасиб ва пелмен директори HR-и сатҳи баланд лозим аст. Таҷриба дар FMCG на камтар аз 5 сол, сохтани системаҳои самараноки HR, ҷалб, рушд ва нигоҳдории кадрҳо ҳатмист. Номзаде лозим, ки тартиб, интизом ва натиҷаро меорад. Маош: мувофиқа мешавад Суроға: Dushanbe, кӯчаи Борбад (наздик ба Колсевой Мардан) 👉 Танҳо мутахассисони қавӣ ва натиҷагир муроҷиат кунанд.
    Рустам, 19.05.2026 07:14, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Директори филиал
    Дар филиали шахри Вахдат Директор лозим. Рохбар кор карда бошад. Маош оклад (фиксировани) 2000 сомон плус бонус аз даромади филиал 5 фоиз то 10 фоиз. Ширкат ба фуруши масолехи сохтмони ва хизматрасонихои сохтмони машгуласт. Сурога шахри Вахдат бозори станция.
    BAKHTIYOR ZAMONOV, 26.05.2026 01:05, Вахдат
    Вакансии » Руководители
  • Директори Тиҷоратӣ
    Директори тиҷоратӣ (Соҳаи FMCG) Ширкат: истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ (ҳасиб) ва маҳсулоти нимтайёри гӯштии яхкардашуда (тушбера, ғелак, котлет ва ғайра Макон: Душанбе Таҷрибаи корӣ: на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда (FMCG) Мо дар ҷустуҷӯи роҳбари стратегӣ ва пуртаҷриба ҳастем, ки масъулияти рушди фурӯш, таҳияи стратегияи тиҷоратӣ ва идоракунии тамоми равандҳои тиҷоратии ширкатро ба зимма мегирад. Ҳадафи асосии ин вазифа — афзоиши ҳиссаи бозор ва баланд бардоштани даромаднокии брендҳои ширкат мебошад. Масъулиятҳои асосӣ: Стратегия ва банақшагирӣ: Таҳия ва татбиқи стратегияи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати тиҷоратии ширкат. Идоракунии фурӯш: Назорат ва оптимизатсияи каналҳои фурӯш Идоракунии молиявӣ: Назорати P&L (фоида ва зарар), иҷрои нақшаҳои фурӯш ва идоракунии буҷети тиҷоратӣ. Маркетинг: Ҳамкорӣ бо шӯъбаи маркетинг барои гузаронидани аксияҳо ва баланд бардоштани шинохти бренд. Музокирот: Гузаронидани музокироти сатҳи баланд бо шарикони калидӣ ва шабакаҳои савдо. Идоракунии даста: Роҳбарӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таълими кормандони шӯъбаи фурӯш. Талабот ба номзад: Маълумот: Маълумоти олии иқтисодӣ, идоракунӣ ё маркетинг (MBA афзалият дорад). Таҷриба: Таҷрибаи бомуваффақияти корӣ дар соҳаи FMCG (на камтар аз 1 сол дар вазифаи Директори фурӯш ё Директори тиҷоратӣ). Донишҳо: Донистани амиқи бозори FMCG, принсипҳои дистрибюторӣ ва логистика. Маҳорат: Қобилияти баланди таҳлилӣ, фикрронии стратегӣ ва маҳорати олии музокирот. Забондонӣ: Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад). Мо пешниҳод мекунем: Маоши баланд ва рақобатпазир + бонуси KPI
    Бовар савдо, 02.06.2026 08:15, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Директори молиявӣ FMCG
    Директори молиявӣ (FMCG) Ба сехи истеҳсоли ҳасиб ва пелмен директори молиявии сатҳи баланд лозим аст. Таҷриба дар FMCG на камтар аз 5 сол, идоракунии молия, назорати хароҷот, буҷетсозӣ ва таҳлили фоида ҳатмист. Номзаде лозим, ки шаффофият ва интизоми молиявиро таъмин мекунад. Маош: мувофиқа мешавад Суроға: Dushanbe, кӯчаи Борбад (наздик ба Колсевой Мардан) 👉 Танҳо мутахассисони қавӣ ва натиҷагир муроҷиат кунанд.
    Рустам, 19.05.2026 07:14, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Муовини директори лоиҳаҳо
    Шартҳои техникӣ (ToR)барои муовини директори лоиҳаҳо(Кадри маҳаллӣ, ки масъулиятҳои идоракунӣ ба онҳо вогузор карда мешаванд) 1. Мақсади вазифаТаъмини фаъолияти боэътимод, бехатар ва самаранок ва рушди шабакаҳои тақсимоти барқии ҶСК «Шабакаҳои Тақсимоти Барқ» мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои нозирон, бо назардошти хусусияти ширкати тақсимоти барқ.2. Тартиби гузоришдиҳӣБа Директори лоиҳаҳо (Шартномаи идоракунӣ) ва сипас пас аз бастани Шартномаи идоракунӣ ба Директори генералӣ ҳисобот медиҳад.3. Масъулиятҳои асосӣ3.1. Банақшагирии стратегӣ ва идоракунии ҷонибҳои манфиатдор- Интихоби шабака барои афзалият додан ба лоиҳаи ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ / навсозии шабака / лоиҳаҳои навсозии зеристгоҳ.- Ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявӣ барои гирифтани грантҳо/маблағгузориҳои камарзиш.- Таъмини банақшагирии захираҳо барои анҷом додани саривақтии лоиҳаҳо - Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои барасмиятдарории осони фаъолиятҳои лоиҳа.3.2. Идоракунии тарроҳӣ- Муайян кардани доираи лоиҳа бо ворид кардани маълумоти дақиқ.- Таъмин кардани тарҳрезии беҳтаринро барои лоиҳа Арзёбии захираҳои лоиҳа.3.3. Талафоти техникии барқ- Таҳлили сабабҳои талафоти техникӣ.- Таҳия ва татбиқи барномаҳои коҳиши талафоти техникӣ.3.4. Харид ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ- Назорати барнома ва назорати лоиҳа.- Тақсимоти захираҳо барои лоиҳа.- Нақшаи харид бо нархгузорӣ ва мӯҳлатҳо.- Баррасии техникӣ ва тасдиқи дархостҳои харид барои таҷҳизот, мавод ва корҳои марбут ба лоиҳаҳо.- Тасдиқи асоснокии дархостҳо ва додани хулосаҳои техникӣ барои дохил кардан ба Нақшаи харид.- Таҳия ва тасдиқи талабот ва хусусиятҳои техникӣ барои харид.- Иштирок дар қабули таҷҳизот, мавод ва корҳои анҷомёфта аз нигоҳи риояи талаботи техникии тасдиқшуда ва мушаххасоти эълоншуда.3.5. Идоракунии лоиҳаҳо- Таҳияи ҷузъи техникии лоиҳаҳои сармоягузории оянда, аз ҷумла асосноккунии зарурати лоиҳа, омодасозии талаботи техникӣ ва иштирок дар муайян кардани моделҳои татбиқи лоиҳа.- Омодасозии шартҳои техникӣ ва талаботи тарроҳӣ барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ.- Таъмини дастгирии техникии лоиҳаҳои сармоягузории ҷорӣ, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи лоиҳа амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла ҳамкорӣ бо шахсони масъули таъиншуда.- Назорати техникии татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ (риояи қарорҳои тарроҳӣ).- Қабули корҳои анҷомёфта ва ба истифода додани иншоот аз нигоҳи техникӣ ва супоридани онҳо ба ширкати амалиётӣ.3.6. Қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат- Татбиқи қоидаҳои техникӣ ва дастурҳо.- Таъмини бехатарии саноатӣ ва ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат.- Назорати риояи талаботи бехатарӣ.- Таҳлили ҳодисаҳо ва пешгирии такрори онҳо.3.7 Банақшагирӣ ва гузоришдиҳии техникӣ- Таҳияи нақшаҳо ва пешгӯиҳои техникӣ.- Омодасозии ҳисоботҳои мунтазами техникӣ барои роҳбарият ва Шӯрои нозирон.- Таъмини омодагии маълумоти техникӣ барои санҷишҳо, аудитҳо ва баррасиҳои танзимкунанда.3.8. Идоракунии андозҳо ва боҷҳо- Назорати маблағҳои лоиҳа ва андозҳои марбут ба он.- Омодасозии таҳлили мунтазами маблағҳои муқаррарии лоиҳа, андозҳо ва фарқият аз маҳдудиятҳои тасдиқшуда.- Фарқият аз моддаҳои буҷет, хароҷот ва андозҳо, аз ҷумла хароҷоти амалиётӣ, ки бе тасдиқи шӯрои нозирон аз 5% зиёд набошад.4. Дониши нармафзор ва абзорҳоҲатмӣ:- Воситаҳои идоракунии лоиҳа. - MS Excel.Афзалият дорад:- Инфрасохтори автоматии ҳисобкунак / баҳисобгирии автоматии ҳисобкунак (AMI / AMR).- Нармафзори баҳисобгирӣ ба монанди 1C.5. Талаботи тахассусӣМаълумот- олии техникӣ дар соҳаи муҳандисӣ.- Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи муҳандисии мувофиқ (тавре ки дар боло зикр гардид) ҳатмист.- Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи дахлдор афзалият дорад.-15 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳандисӣ, лоиҳаҳо ва/ё таҷрибаи идоракунӣ дар соҳаи хизматрасонии барқӣ.- Таҷрибаи марбут ба лоиҳа- Таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои аз ҷониби муассисаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣшаванда (IFI).- таҷрибаи муваффақонаи кор дар роҳбарии дастаҳо ва ҳамкорӣ бо тарзи муштарак барои ба даст овардани мувофиқа бо ҷонибҳои манфиатдор.- Маҳорати навиштани гузориш ва презентатсия муҳим аст.- Идоракунии электронии маълумот, малакаҳои таҳлили маълумот.-Таҷрибаи қобили намоиш дар соҳаи зерин:- Сохтмони зеристгоҳ- Сохтмони фидерҳо- Идоракунии ҳисобкунак- Ҳисобкунак ва ҳисоббаробаркунии AMI/SmartЗабонҳо- Забони русӣ - озод.- Тоҷикӣ — озод.- Забони англисӣ — маҳорати корӣ (бартарӣ).6. Нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ (KPI)6.1. Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатӣ- Набудани ҳодисаҳои марговар.- Набудани ҳодисаҳои ҷиддие, ки дар натиҷаи вайронкунии дағалонаи тартибот ба вуҷуд омадаанд.- 100% тафтиши ҳодисаҳо ва назорати чораҳои ислоҳӣ.6.2. Хариди лоиҳаҳои сармоягузорӣ- 100% дархостҳои харид аз арзёбии техникӣ мегузаранд ва ба нақшаи генералии тасдиқшуда мувофиқат мекунанд ё фарқияти асоснок доранд.
    Шуъбаи кадрҳо, 21.05.2026 16:51, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Муовини директори молия
    Шартҳои техникӣ (ToR)барои муовини директор молиявӣ (DFA)(Кадри маҳаллӣ, ки масъулиятҳои идоракунӣ ба онҳо вогузор карда мешаванд) 1. Мақсади вазифаТаъмини устувории молиявӣ, шаффофият ва назоратии ҶСК «Шабакаҳои Тақсимоти Барқ» мутобиқи Шартномаи Идоракунӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои Нозирон, бо назардошти хусусияти ширкати тақсимоти нерӯи барқ.2. Тартиби гузоришдиҳӣБа Директори молиявӣ ва маъмурӣ ва сипас пас аз бастани Шартномаи идоракунӣ ба Директори генералӣ ҳисобот медиҳад.3. Масъулиятҳои асосӣ3.1. Баҳисобгирии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ- Ташкили баҳисобгирии қонунӣ ва баҳисобгирии идоракунӣ.- Таҳияи ҳисоботҳои моҳона ва семоҳавии идоракунӣ ва ҳисоботҳои молиявии солона.- Таъмини шаффофият ва муқоисашавандагии маълумоти молиявӣ.3.2. Риояи қонунгузорӣ ва талаботи танзимкунандаНигоҳ доштани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун.- Таъмини нашри ҳисоботи молиявии солона дар мӯҳлатҳои муқарраршуда.- Риояи пурраи қонунгузории андоз: дақиқии ҳисобҳо, пардохтҳои саривақтӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти андоз.3.3. Буҷетсозӣ ва банақшагирӣ- Таҳияи буҷетҳои солона ва миёнамӯҳлат.- Сегрегатсия ва назорати возеҳи хароҷоти амалиётӣ (OPEX) ва сармоя (CAPEX)- Назорати иҷрои буҷет ва омода кардани таҳлили ихтилофҳо бо шарҳи сабабҳо.3.4. Гардиши воситаҳои пулӣ ва идоракунии пардохтпазирӣ- Идоракунии гардиши воситаҳои пулии ширкат ширкат.- Таҳияи тақвими пардохтҳо.- Пешгӯии пардохтпазирӣ.- Назорати қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ.- Назорати молиявии қарзҳои дебиторӣ якҷоя бо функсияи тиҷоратӣ: мониторинги муҳлати пардохти қарзҳо аз ҳисоби фуруш (DSO), қарзҳои дебитории мӯҳлаташон гузашта, аз ҳисоб баровардан ва натиҷаҳои муқоиса.3.5. Фонди музди меҳнат ва назорати шумораи кормандон- Назорати фондҳои музди меҳнат ва андозҳои марбут ба музди меҳнат.- Назорати шумораи кормандон дар доираи буҷаи тасдиқшуда.- Омодасозии таҳлили мунтазам дар бораи фонди музди меҳнат, шумораи кормандон мувофиқи сохтори ташкилии тасдиқшуда, андозҳо ва фарқият аз маҳдудиятҳои тасдиқшуда.3.6. Назорати дохилӣ ва аудит- Ташкили низоми назорати молиявии дохилӣ, аз ҷумла системаҳои баҳисобгирии молиявӣ.- Ҳамкорӣ бо аудиторҳои беруна ва дохилӣ.- Назорати иҷрои тавсияҳои аудитҳои беруна ва дохилӣ.3.7. Харид ва ӯҳдадориҳои шартномавӣ (назорати молиявӣ)- Назорати молиявии харид ва шартномаҳо (ӯҳдадориҳо, пардохтҳо, бақияҳо).- Рушд ва иҷроиши идоракунии низомнома ва тартибот - Назорати раванди интихоби пудратчиён, ҷалби кормандон ва идоракунии шартномаҳо.- Пешбурди феҳристи шартномаҳо ва ӯҳдадориҳо, аз ҷумла ӯҳдадориҳои интиқолшуда аз солҳои гузашта ва ӯҳдадориҳои соли ҷорӣ.- Назорати қарзҳои дебиторӣ тибқи шартномаҳо ва пешгирии пардохтҳои ба таъхир афтода, ки аз сабаби вазифаи молиявӣ ба вуҷуд омадаанд.- Назорати молиявии ҳисоббаробаркуниҳои марбут ба хариди нерӯи барқ, аз ҷумла санадҳо, санҷиши мутобиқат, ҷараёни нерӯи барқ ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ, бо мақсади пешгирии ҷаримаҳо ва камбудиҳои пулӣ.- Пешгирӣ аз эътироф ва сабти хароҷоти сарфшуда бидуни тасдиқи пешакӣ дар доираи буҷаи тасдиқшуда.3.8. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ- Таъмини дастгирии молиявӣ ва расмиётии лоиҳаҳои сармоягузории ҷорӣ, ки мувофиқи созишномаҳои тасдиқшудаи маблағгузорӣ ва талаботи муассисаҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла ҳамкорӣ бо шахсони масъули таъиншуда ва назорати риояи шартномаҳо ва шартҳои молиявӣ.- Иштирок дар таҳияи молиявии лоиҳаҳои ояндаи сармоягузорӣ, аз ҷумла талабот барои идоракунии молиявӣ, пардохтҳо (аз ҷумла фоидаи сармоягузорӣ), шартҳои ҳисоботдиҳӣ ва маблағгузорӣ.3.9. Маъмурият, нақлиёт ва идоракунии парки нақлиётӣ- Назорати самараноки нигоҳдорӣ, амният ва тозагии идораи марказӣ, офисҳои минтақавӣ ва филиалҳо барои таъмини муҳити кории солим. Нигоҳдории системаҳои стандартии сабткунӣ ва бойгонӣ (ҳам дастӣ ва ҳам рақамӣ)-ро барои риояи хотираи муассисавӣ ва танзимкунӣ.- Таҳия ва татбиқи низоми идоракунии нақлиёт ва парки нақлиётӣ.- Назорати харҷи сӯзишворӣ, ҷадвали нигоҳдорӣ ва хароҷоти таъмир.3.10. Ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор - Омодасозии маводҳои молиявӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор.- Баррасии касбии молиявӣ оид ба қарорҳои идоракунӣ.- Таъмини маълумоти пурра ва саривақтии молиявӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор.3.11. Тарофаҳо, танзимгар ва ҳисобҳои Эскроу- Таҳияи ҳисобҳои молиявӣ ва иқтисодӣ ва асосноккунии тарифҳои тақсимоти нерӯи барқ.- Моделсозии сенарияҳои тарифӣ ва арзёбии таъсири онҳо ба буҷа, пардохтпазирӣ ва фаъолияти молиявии Ширкат.- Иштирок дар ҳамкорӣ бо мақомоти танзимкунандаи тарифҳо/зиддимонополии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои молиявӣ.- Таъмини дақиқӣ ва муқоисашавандагии маълумоти молиявии пешниҳодшуда ба мақомоти танзимкунанда. - Идоракунӣ ва назорати ҷараёни пули нақд тавассути суратҳисобҳои эскроу, пешгӯии ҷараёни пули нақд ва ҳамгироӣ ба ҳисоботи молиявӣ. - Омодасозии ҳисоботи суратҳисоби эскроу барои Шӯрои нозирон ва мақомоти танзимкунанда.4. Нармафзор ва абзорҳоҲатмӣ (донишиҳадди аққали ҳуҷҷатӣ ):- 1С: Баҳисобгирии муҳосибӣ.- MS Excel — сатҳи корбарии пешрафта/боэътимод.- Системаи ҳисобкунии музди меҳнат.- Сертификати касбии муҳосиб.Афзалият дорад:- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ.- Таҷриба бо системаҳои идоракунии корпоративӣ.- Системаҳои электронии идоракунии ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шартномаҳо.5. Талаботи тахассусӣМаълумот- Дараҷаи бакалаврии пурра дар соҳаи молия, баҳисобгирӣ, иқтисод ё соҳаи марбут.- Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи фанҳои дахлдор (тавре ки дар боло зикр гардид) ҳатмист.- Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи дахлдор афзалият дорад.- Доштани шаҳодатномаҳои касбии CAP (Certified Accounting Practitioner) / CIPA (Certified International Professional Accountant) / ACCA (Association of Chartered Certified Accountants) афзалият дорад.Таҷриба- Ҳадди ақал 15 соли таҷрибаи кории дахлдор.- Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи роҳбарии молиявӣ ё сохторҳои калони инфрасохторӣ.- Таҷриба дар вазифаҳои роҳбарикунандаи молиявӣ.- Таҷрибаи кор бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти танзимкунанда- Таҷрибаи кор бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ (IFI)- Таҷриба дар соҳаи энергетика, ширкатҳои саҳҳомӣ ё инфрасохторӣ.- Маҳорати навиштани гузориш ва презентатсия муҳим аст.- Таҷрибаи корӣ бо мақомоти назоратӣ, мақомоти танзимкунанда, мақомоти андоз ва бонкҳо.Забонҳо- Забони русӣ - озод.- Тоҷикӣ — озод.* Забони англисӣ — маҳорати корӣ (бартарӣ медиҳад).6. Нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ (KPI)6.1. Набудани ҷаримаҳо ва ҷаримаҳои беасос- Набудани ҳолати ҷаримаҳо, ки аз хатогиҳои вазифаи молиявӣ ба вуҷуд омадаанд.- Истисноҳо танҳо аз сабаби омилҳои беруна ва мавзӯъҳое, ки бояд аз ҷониби Шӯрои нозирон баррасӣ шаванд.6.2. Саривақтӣ ва дақиқ гузоришдиҳӣ- 100% сари вақт пешниҳод кардани ҳисоботҳои идоракунӣ, молиявӣ ва андоз.- Пас аз пешниҳод ислоҳоти моддӣ вуҷуд надорад (ба истиснои ислоҳоти марбут ба аудит).6.3. Иҷрои буҷет- бе тасдиқи Шӯрои нозирон фарқият аз рӯи моддаҳои буҷет, хароҷот ва андозҳо, аз ҷумла хароҷоти амалиётӣ (OPEX) ва сармоя (CAPEX), ки аз ±5%.- Ҳама гуна амалҳои иловагӣ танҳо бо розигии пешакӣ иҷозат дода мешаванд.6.4. Назорати фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон- Фонди воқеии музди меҳнат ≤ буҷаи тасдиқшуда.- Шумораи воқеии кормандон ≤ шумораи тасдиқшудаи кормандон.- Ҳама гуна тағйирот танҳо пас аз тасдиқи Шӯрои нозирон иҷозат дода мешаванд.6.5. Идоракунии пардохтпазирӣ- Нагузаштани муҳлати ӯҳдадориҳое, ки аз сабаби вазифаи молиявӣ ба вуҷуд омадаанд.- Дастрасии пешгӯии ҷараёни пули нақд ҳадди аққал барои 3 моҳ пеш .6.6. Шаффофият барои Шӯрои нозирон- Бастаи молиявии моҳона барои Шӯрои нозирон фоида ва зиён (ФЗ), ҳисоботи ҷараёни пули нақд, иҷрои буҷет, фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, қарзҳои дебиторӣ ва кредиториро дар бар мегирад.- Набудани хароҷоте, ки дар давраи ҳисоботии дахлдор тибқи тартиби муқарраршуда дуруст ба қайд гирифта ва тасдиқ нашудаанд.6.7. Татбиқи тавсияҳои аудити дохилӣ ва беруна- Ҳадди ақал 90% тавсияҳо бояд дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро карда шаванд.- Натиҷаҳои муҳим — 100% анҷом дода шавад.6.8. Лоиҳаҳои харид ва сармоягузорӣ (Назорати молиявӣ ва тартибӣ)- Набудани ҳолатҳои эътирофи хароҷоти марбут ба харид ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки берун аз буҷа ва расмиёти тасдиқшуда анҷом дода шудаанд.- Набудани ҷаримаҳо ё таҳримҳо аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ, ки дар натиҷаи вайрон кардани талаботи молиявӣ ё тартиботӣ ба вуҷуд омадаанд.- Иҷрои саривақтии шартҳои молиявии лоиҳаҳои сармоягузорӣ — 100% дар мӯҳлатҳои муқарраршуда.- Шаффофияти пурра ва пуррагии маълумот дар бораи ӯҳдадориҳо ва пардохтҳо барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор — 100%.6.9. Маъмурият, нақлиёт ва парки найлиётӣ- 100% нигоҳ доштани Феҳристи дороиҳои асосии мувофиқашуда ва навсозишударо бидуни тафовут дар вақти аудити солона.- Боварӣ ҳосил кардан, ки 100% хидматрасонии берунӣ (Амният, Тозакунӣ, Нигоҳдорӣ) ба талаботи моҳона риоя мешаванд.- 100% идоракунии сӯзишворӣ ва хидматрасонии воситаҳои нақлиёт мувофиқи ҷадвал.- Коҳиш додани хароҷоти амалиётии изофапулӣ вобаста ба нақлиёт.7. Ҳолати асосӣ- Муовини директор оид ба молия ва маъмурӣ бояд қатъиян дар доираи буҷаи тасдиқшуда, дигар ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои Шӯрои нозирон амал кунад.- Ислоҳ ва аз нав тақсим кардани хароҷот бидуни тасдиқи пешакӣ дар доираи буҷаи тасдиқшуда қатъиян манъ аст.
    Шуъбаи кадрҳо, 21.05.2026 16:08, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал


  • Договорная
    ZET-MOBILE

    На сайте с фев, 2023

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust