Муҳосиб
МуҳосибШиркати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи муҳосиб даъват менамояд. 🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• маълумоти олии иқтисодӣ дар соҳаи молия ва қарз. (Финансы и кредит)• таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибӣ — на кам аз 1 сол;• таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб;• Кор бо барномаи 1С,донистани хуби MS Excel ва MS Word ;• малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ ;• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ,қобилияти таҳлилӣ ва муташаккилӣ. 🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• иштирок дар ташкили дуруст ва саривақтии баҳисобгирии муҳосибӣ;•назорати дурустии бақайдгирии амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалия;• иштирок дар таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ, молиявӣ ва андозӣ;• Назорат,таҳлил,ҳамоҳангсозии равандҳои дахлдор;• Кор бо ҳуҷҷатҳо, кормандон, пудратчиён ё дигар тарафҳо;• Иҷрои супоришҳои ҷории роҳбарият. 🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):📧interr.s.hr@gmail.com📧 jobs@intersokhtmon.tj📧 j.shodmonov0094@gmail.com📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337+992 710 301 111📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.« Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
INTERSOKHTMON RECRUITMENT,
13.08.2026 16:03,
Душанбе
Вакансии »
Бухгалтерия, финансы, юристы