Пожалуйста, подтвердите ваш email
Мы отправили вам письмо на . Нажмите на ссылку в этом письме для того, чтобы подтвердить ваш адрес email, иначе мы не сможем уведомить вас о новых ответах на ваши объявления и сообщениях в чате.
Письмо для подтверждения отправлено
Ваш аккаунт был заблокирован на somon.tj
Офис менеджер
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: Бозори Кушониён
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Продажа
Локация: Душанбе
KHAT ENERGY – ширкати фаъол дар соҳаи фурӯш ва насби системаҳои энергияи офтобӣ корманди навро ба вазифаи Офис-менеҷер даъват менамояд.
Талабот:
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- Малакаи кор бо компютер (Word, Excel);
- Муоширати хуб, масъулиятшиносӣ ва тартибот.
Вазифаҳо:
- Қабули зангҳо ва кор бо мизоҷон;
- Омода кардани ҳуҷҷатҳо;
- Ҳамоҳангсозии корҳои ҳаррӯзаи офис.
- Пост кардани корҳои нав дар Инстаграм, Фейсбук ва Ютуб.
Мо пешниҳод мекунем:
✔️ Маоши муносиб + бонус
✔️ Муҳити кори замонавӣ
✔️ Омӯзиш ва имконияти рушди касбӣ
CV ё маълумоти худро ирсол намоед ё барои маълумоти бештар бо мо тамос гиред.
Похожие объявления
Офис-менеҷер
📢 ВАКАНСИЯ: ОФИС-МЕНЕҶЕР Ширкати «Амал», яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи фурӯши дарҳои премиум ва ламинат, барои пурзӯр намудани дастаи худ Офис-менеҷер қабул менамояд. Вазифаҳои асосӣ: ✅ Қабул ва истиқболи мизоҷон дар офис; ✅ Посух додан ба зангҳои телефонӣ ва паёмҳо; ✅ Тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории онҳо; ✅ Ҳамоҳангсозии корҳои ҳаррӯзаи офис; ✅ Кӯмак ба менеҷерони фурӯш ва роҳбарият дар иҷрои вазифаҳо; ✅ Назорат ва нигоҳдории тартибу низоми офис. Талабот: ✔️ Муоширати хуб ва муносибати хуш бо мизоҷон; ✔️ Масъулиятшиносӣ, интизом ва дақиқкорӣ; ✔️ Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; ✔️ Малакаи хуби истифодаи компютер (Word, Excel ва интернет); ✔️ Таҷрибаи корӣ бартарӣ дорад, вале ҳатмӣ нест. Мо пешниҳод мекунем: 💰 Маоши рақобатпазир; 📚 Омӯзиши ройгон аз ҷониби ширкат; 📈 Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ; 🤝 Муҳити дӯстона ва бароҳати корӣ; 🏢 Ҷои кори доимӣ дар ширкати боэътимод. Агар шумо шахси масъулиятшинос, хушмуомила ва фаъол бошед, моро ҳамроҳӣ намоед! 📩 Барои гирифтани маълумоти бештар ва ирсоли резюме бо мо дар тамос шавед.
Диловар,
15.07.2026 12:34,
Душанбе
Договорная
Менеҷер
Ба кор корманди масъулиятшинос ва фаъол барои идоракунии корҳои маъмурии сехи истеҳсоли мебел, хизматрасониҳои ЧПУ (CNC) ва рангубор қабул карда мешавад. Вазифаҳо: Қабули фармоишҳои мизоҷон; Муошират бо мизоҷон ва ҳамоҳангсозии корҳо; Назорати иҷрои фармоишҳо дар истеҳсолот; Ташкили ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботи ҳаррӯза; Ҳамоҳангсозии кори кормандони сех. Талабот: Масъулиятшинос, ростқавл ва бодиққат; Малакаи хуби муошират; Донистани компютер (Word, Excel); Таҷрибаи корӣ бартарӣ дорад. Мо пешниҳод мекунем: Маоши хуб (бо натиҷаи суҳбат); Ҷои кори доимӣ; Муҳити хуби корӣ; Имконияти рушд ва пешрафт. Агар шумо хоҳиши кор дар соҳаи истеҳсоли мебелро доред, ба мо ҳамроҳ шавед!
Ака,
20.07.2026 10:32,
Душанбе
Договорная
Администратор
Маркази омӯзишӣ администратори фаъол, масъулиятшинос ва бо таҷрибаро ба кор даъват менамояд. Талабот: • Собиқаи корӣ дошта бошад; • Бо ноутбук ва барномаҳои офисӣ озодона кор карда тавонад; • Ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳоро фаҳмад; • Бо муштариён озодона муошират карда тавонад; • Забони русиро хуб донад (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад); • Масъулиятшинос, интизомнок ва хушмуомила бошад. • Сину сол аз 24 то 35 Вазифаҳо: • Қабули зангҳо ва муроҷиатҳои муштариён; • Сабти хонандагон ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ; • Кор бо базаи муштариён; • Назорати фаъолияти ҳаррӯзаи марказ. Шароити кор: • Муҳити хуб ва бароҳати корӣ; • Имконияти рушд ва омӯзиш; • Маош аз рӯи системаи KPI (маоши асосӣ + бонус аз натиҷаҳои корӣ).
Aka,
22.07.2026 09:39,
Душанбе
Договорная
Мутахассиси расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо дар лоиҳаи САҲА
Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" (Минбаъд-Марказ) ба вазифаи мутахассиси расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон тибқи талаббботи донор дар ш. Душанбе ва Марказ, озмун эълон менамояд. Ҳамаи номзадҳое, ки ба талаботи ин вазифа мувофиқанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни интихоби номзадии мувофиқ фиристанд. 1. Вазифахои асосӣТаҳлил, ҳисоботдиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқ• Таҳия ва баррасии ҳисоботи моҳона, семоҳа ва солона дар бораи фаъолиятҳои кӯмак ба ҷабрдидагон.• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ ва доимии тиббӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор дар таъмини расмиёти офиятбахшӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида;• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати расонидани кӯмаки руҳӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таъмини ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • дигар фаъолиятҳое, ки бо расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) алоқаманданд;• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини маблағгузорӣ ва устувории лоиҳаҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ).2. Тахассус ва таҷрибаи зарурӣ• Маълумот: Дараҷаи донишгоҳӣ (дараҷаи магистр ё муодили он) дар соҳаи дахлдор, аз қабили маориф, забоншиносӣ, тиб, психология, кори иҷтимоӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаи алоқаманд бо ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи дахлдор; ё• Таҳсилоти олии дараҷаи аввал (дараҷаи бакалавр ё муодили он) дар соҳаи дахлдор, аз қабили маориф, забоншиносӣ, тиб, психология, кори иҷтимоӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаи алоқаманд бо ҳадди ақал 4 сол таҷрибаи кории дахлдор; ё соҳаи алоқаманд.Талаботи касбӣ: сертификатҳои касбӣ (бештар афзалият доранд).Маҳорат ва салоҳиятҳо:• Дониши аълои стандартҳои гузоришдиҳӣ, муқаррароти ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои сиёсати марбут ба дастгирии ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида.• Донистани нармафзор (барномаҳои компютерӣ) ва асбобҳое, ки барои кор заруранд.• Дониши мукаммали Microsoft Excel ва дигар усулу асбобҳои таҳлилӣ.• Қобилияти қавии таҳлилӣ, ташкилӣ ва ҳалли мушкилот.• Муоширати аъло ва малакаҳои байнишахсӣ ва қобилияти пешниҳоди иттилоот ба ҷонибҳои манфиатдор.• Қобилияти кор кардан дар зери фишор, риоя кардани мӯҳлатҳо ва идора кардани якчанд афзалиятҳо.3. Нишондиҳандаҳои асосии фаъолият (KPI)• Сарвақтӣ ва дурустии ҳисоботҳо (моҳона, семоҳа ва солона).• Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ ва доимии тиббӣ, расмиёти офиятбахшӣ, дастгирии руҳӣ ва равонӣ, ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар фаъолиятҳо оид ба расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида;• Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини маблағгузорӣ ва устувории лоиҳаҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркида (ЛНҶ).• Мутобиқати талаботи меъёрӣ ва натиҷаҳои муваффақ.• Идоракунии самаранок ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳо, муассисаҳо ва сохторҳое, ки ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида кӯмак мерасонанд.• Самаранокӣ ва рушди даста дар фаъолиятҳои кӯмак ба ҷабрдидагон.Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони англисӣ ва тоҷикӣ, мактуби ҳавасмандӣ, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба тахассуси барои озмун эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаҳои электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”. Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 28 июли соли 2026, соати 17:00. Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736. Почтаи электронӣ: hr@tnmac.gov.tj
TNMAC,
21.07.2026 10:37,
Душанбе
Договорная
Администратор
Дар маркази забономӯзии «Алфози Ширин» администратор лозим аст.📌 Вазифаҳо:Қабули зангҳо ва муошират бо муштариёнСабти хонандагон ва идоракунии ҳуҷҷатҳоНазорат ва танзими ҷадвали дарсҳоҲамкорӣ бо омӯзгорон ва ҳайати корӣ📌 Талабот:Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ бартарӣ дорад)Малакаи хуби муоширатМасъулиятшиносӣ ва тартибдӯстӣТаҷрибаи корӣ (бартарӣ дода мешавад)📌 Шароити кор:Муҳити хуби корӣМаоши рақобатпазирИмконияти рушди касбӣ📞 Барои маълумоти бештар ва ирсоли CV: Ба ракамои 101999998 дар тамос бошедХуш омадед ба дастаи мо!
МАРКАЗИ ЗАБОН ОМӮЗИИ АЛФОЗИ ШИРИН,
29.06.2026 08:31,
Душанбе
Договорная
Ҳамоҳангсози лоиҳаи САҲА
Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо” (минбаъд Марказ) бо мақсади татбиқи лоиҳаи якҷояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар ш. Душанбе ва Марказ барои ишғоли вазифаи Ҳамоҳангсози лоиҳа озмун эълон мекунад.Ҳамоҳангсози лоиҳа барои татбиқи лоиҳаҳои амалиёти зидди минаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.Ӯҳдадориҳои Ҳамоҳангсози лоиҳа:1. Фаъолиятҳои берунӣ Ҳамкорӣ бо дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои қарордодӣ ва танзими фаъолиятҳо; Ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, донорҳо ва дигар ташкилотҳо дар доираи лоҳаҳои фаъолияти зидди минаҳо; Дастгирии Роҳбари лоиҳа аз Марказ дар масъалаҳои татбиқи лоиҳа ва таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо; Пешниҳоди ҳисоботҳо оиди фаъолият дар доираи лоиҳа.2. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо Масъул ба танзим ва рафти фаъолиятҳои амалиётҳо зидди минаҳо; Такмили мафҳумҳои нав оид ба фаъолияти зидди минаҳо (безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, кӯмак ба ҷабрдидагон,огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, дастгирии стратегӣ ва ғайра); Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва дастгирии Марказ барои ҷамъоварии маълумотҳо барои таҳия намдуани лоиҳаҳои нав оид ба безарарсозии минаҳо; Банақшагирӣ, назорат ва баҳодиҳии тамоми ҷабҳаҳои фаъолият оид ба амалиётҳои зидди минаҳо;3. Фаъолиятҳои дохилӣ Дар ҳамкории зич бо Марказ, оид ба алоқаи байни гурӯҳҳо дастгирӣ намудани иҷроиши нақшаи солонаи Марказ; Пешниҳоди ҳисоботҳо ба САҲА оиди иҷроиши фаъолиятҳо.Дараҷаи тахассусӣ: Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолиятҳои башардӯстона. Маълумоти олӣ; дар самти менеҷменти молиявӣ, иқтисод, менеҷменти маъмурӣ ва тиҷорат, дигар тахассуси марбут ба вазифа. Таҷрибаи кор дар идораи лоиҳаҳо зиёда аз 5 сол. Таҷрибаи таҳияи лоиҳаҳо ва пешниҳоди онҳо; Озодона навиштан ва сухан гӯфтан ба забонҳои тоҷикӣ, русси ва англисӣ; Донистани барномаҳои компютерии асосӣ ва касбӣ.Босалоҳиятӣ: Малакаи танзимкунӣ, сарварӣ, аз он ҷумла қобилияти таъсисдиҳӣ, омӯзонидан ва рӯҳбаланд намудани гурӯҳҳои корӣ; Қобилияти исботшудаи фаъолияти хуб дар ҳолатҳои ноустувор ва фавқулодда; Доштани қобилияти ташкили ҳамкории наздик, доштани маълумоти дахлдор; Қобилияти нишон додани муқовимат зидди фишори берунӣ; Тафаккури навгонӣ ва эҷодӣ; Малакаҳои таҳлилӣ ва ҳамкорӣ.Ба ғайр аз ин корманд боз бояд дар маҳалҳои аз миллатҳои анъанаҳои гуногундошта, новобаста аз муносибатҳои шахсӣ, ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кор карда тавонад.Барои иштирок дар интихоби номзад ба вазифаи номбурда ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони тоҷикӣ ва англисӣ, мактуби ҳавасмандӣ, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба вазифаи эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаи электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”.Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 15-уми июли соли 2026, соати 17:00.Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736.Почтаи электронӣ:hr@tnmac.gov.tj
TNMAC,
01.07.2026 19:00,
Душанбе
Договорная
Технадзор
1. Маълумоти олӣ дар соҳаи сохтмон, муҳандисӣ ё меъморӣ.2. Таҷрибаи корӣ дар соҳаи сохтмон ё назорати техникӣ (одатан аз 3 то 5 сол).3. Донистани санадҳои меъёрии сохтмон (СНиП, СП, ГОСТ ва дигар ҳуҷҷатҳои амалкунанда).4. Қобилияти хондан ва таҳлили ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва сметавӣ.5. Назорати сифати корҳои сохтмон, масолеҳ ва риояи технологияҳои сохтмон.6. Назорати риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар майдони сохтмон.7. Тартиб додани санадҳо ва ҳисоботҳо, аз ҷумла актҳои қабул ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷроия.8. Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office ва дар бисёр ҳолатҳо AutoCAD ё дигар барномаҳои муҳандисӣ.9. Дар баъзе ҳолатҳо, доштани шаҳодатнома (сертификат) ё аттестатсияи касбӣ барои анҷом додани назорати техникӣ талаб карда мешавад
Маносу,
09.07.2026 15:30,
Душанбе
Договорная
Договорная
×
You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Сохраняйте избранные поиски!
Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
Добавляйте объявления в избранное
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust