Ҳамоҳангсози лоиҳаи САҲА

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 19:00 Номер объявления: 16613780
  • Стаж: от 5 лет
  • Название, адрес компании: Айни 121, Душанбе
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Ҳамоҳангсоз (координатор)
Локация: Душанбе

Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо” (минбаъд Марказ) бо мақсади татбиқи лоиҳаи якҷояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар ш. Душанбе ва Марказ барои ишғоли вазифаи Ҳамоҳангсози лоиҳа озмун эълон мекунад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа барои татбиқи лоиҳаҳои амалиёти зидди минаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Ӯҳдадориҳои Ҳамоҳангсози лоиҳа:

1. Фаъолиятҳои берунӣ

 Ҳамкорӣ бо дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои қарордодӣ ва танзими фаъолиятҳо;

 Ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, донорҳо ва дигар ташкилотҳо дар доираи лоҳаҳои фаъолияти зидди минаҳо;

 Дастгирии Роҳбари лоиҳа аз Марказ дар масъалаҳои татбиқи лоиҳа ва таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо;

 Пешниҳоди ҳисоботҳо оиди фаъолият дар доираи лоиҳа.

2. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо

 Масъул ба танзим ва рафти фаъолиятҳои амалиётҳо зидди минаҳо;

 Такмили мафҳумҳои нав оид ба фаъолияти зидди минаҳо (безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, кӯмак ба ҷабрдидагон,огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, дастгирии стратегӣ ва ғайра);

 Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва дастгирии Марказ барои ҷамъоварии маълумотҳо барои таҳия намдуани лоиҳаҳои нав оид ба безарарсозии минаҳо;

 Банақшагирӣ, назорат ва баҳодиҳии тамоми ҷабҳаҳои фаъолият оид ба амалиётҳои зидди минаҳо;

3. Фаъолиятҳои дохилӣ

 Дар ҳамкории зич бо Марказ, оид ба алоқаи байни гурӯҳҳо дастгирӣ намудани иҷроиши нақшаи солонаи Марказ;

 Пешниҳоди ҳисоботҳо ба САҲА оиди иҷроиши фаъолиятҳо.

Дараҷаи тахассусӣ:

 Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолиятҳои башардӯстона.

 Маълумоти олӣ; дар самти менеҷменти молиявӣ, иқтисод, менеҷменти маъмурӣ ва тиҷорат, дигар тахассуси марбут ба вазифа.

 Таҷрибаи кор дар идораи лоиҳаҳо зиёда аз 5 сол.

 Таҷрибаи таҳияи лоиҳаҳо ва пешниҳоди онҳо;

 Озодона навиштан ва сухан гӯфтан ба забонҳои тоҷикӣ, русси ва англисӣ;

 Донистани барномаҳои компютерии асосӣ ва касбӣ.

Босалоҳиятӣ:

 Малакаи танзимкунӣ, сарварӣ, аз он ҷумла қобилияти таъсисдиҳӣ, омӯзонидан ва рӯҳбаланд намудани гурӯҳҳои корӣ;

 Қобилияти исботшудаи фаъолияти хуб дар ҳолатҳои ноустувор ва фавқулодда;

 Доштани қобилияти ташкили ҳамкории наздик, доштани маълумоти дахлдор;

 Қобилияти нишон додани муқовимат зидди фишори берунӣ;

 Тафаккури навгонӣ ва эҷодӣ;

 Малакаҳои таҳлилӣ ва ҳамкорӣ.

Ба ғайр аз ин корманд боз бояд дар маҳалҳои аз миллатҳои анъанаҳои гуногундошта, новобаста аз муносибатҳои шахсӣ, ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кор карда тавонад.

Барои иштирок дар интихоби номзад ба вазифаи номбурда ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони тоҷикӣ ва англисӣ, мактуби ҳавасмандӣ, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба вазифаи эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаи электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”.

Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 15-уми июли соли 2026, соати 17:00.

Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736.

Почтаи электронӣ:

hr@tnmac.gov.tj

Похожие объявления

  • Мушовири милли дар лоихаи САХА ва Марказ
    Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо” (минбаъд Марказ) бо мақсади татбиқи лоиҳаи якҷояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар ш. Душанбе ва Марказ барои ишғоли вазифаи “Мушовири гурӯҳҳои поксозии гуманитарии Вазорат ва дигар сохторҳо дар давраи лоиҳаи Марказ ва САҲА”, озмун эълон мекунад. Ӯҳдадориҳои “мушовири гурӯҳҳои поксозии гуманитарии Вазорат ва дигар сохторҳо”. - барои баланд бардории иқтидори миллӣ, нигоҳдории таҷҳизотҳо ва техника дар ҳолати коршоямӣ, инчунин таҳия ва ба нақшагириии фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳои гурӯҳҳои поксозӣ. - Баргузории “курсҳои омӯзишӣ” оид ба фаъолияти безараргардонӣ ва поксозии минаҳо, ва таъмини риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ҳайати кормандони гуруҳҳо. - Расонидани кӯмак барои иҷрои амалиёти ҷорӣ ба сардорони гурӯҳҳо, муовинони сардори гурӯҳҳо ва афсарони кафолати сифати дохилӣ. - Иҷро намудани амру супоришҳои роҳбар ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо, оиди корҳои анҷом додашудаи гурӯҳҳои поксозӣ дар лоиҳаи САҲА ва Марказ. Дараҷаи тахассуснокӣ ва таҷриба: Доштани таҷриба на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии амалиётҳои безараргардонии минаҳо; Доштани маълумоти олӣ, дар самти муҳандиси. Доштани сертификат(ҳо) аз омӯзишҳои соҳаи поксозии минаҳо; Муошират ва корбарии озодонаи ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ;  Донистани забони русӣ ва англисӣ афзалият дорад; Надоштани доғи судӣ; Вазъи устувори саломатии ҷисмонӣ ва рухиву равонӣ аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои тиббӣ; Таҷрибаи кории оид ба таҳияи лоиҳаҳо ва дархостҳо; Таҷрибаи кории оид ба гузаронидани корҳои баҳодиҳӣ дар соҳаи фаъолияти поксозӣ; Таҷрибаи доир ба системаи баҳодиҳӣ дар фаъолияти гурӯҳҳо; Таҷрибаи корӣ бо компютер, донистани барномаҳои компютерии Word, Excel ва Power Point. Ба ғайр аз ин корманд боз бояд дар маҳалҳои аз миллатҳои анъанаҳои гуногундошта, новобаста аз муносибатҳои шахсӣ, ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кор карда тавонад. Барои иштирок дар интихоби номзад ба вазифаи номбурда ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони тоҷикӣ ва англисӣ, мактуби ҳамроҳшаванда, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба вазифаи эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаи электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”. Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 15-уми июли соли 2026, соати 09:00. Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736. Почтаи электронӣ: hr@tnmac.gov.tj
    TNMAC, 26.06.2026 11:15, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Котиби директори генерали
    ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ, пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро ба вазифаи КОТИБИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ баррасӣ менамояд.Вазифаҳои асосӣ:↗Таъмини дастгирии маъмурӣ – техникии фаъолияти директори генералӣ;↗Ташкили рӯзи кории директори генералӣ ва таъмини ҳуҷҷатгузории зарурии директори генералӣ;↗Ташкили кори қабулгоҳи директори генералӣ: қабули меҳмонон, бақайдгирӣ ва рӯйхат намудани қабул, таъмини назорати зангҳои телефонӣ ва мукотиботи воридотӣ / содиротӣ;↗Тартиб додани ҷадвали рӯзи кории директори генералӣ, ташкили вохуриҳои хизматӣ, ташкил ва барасмиятдарории сафарҳои хизматии директори генералӣ;↗Бо супориши директори генералӣ тайёр намудан ва ба расмият даровардани мактубҳои расмӣ, ҳисобот, дархостҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор;↗Ташкили тарҷумаи мукотиботи воридотӣ / содиротии директори генералӣ;↗Ташкили ҳамкорӣ байни директори генералӣ ва кормандони Ҷамъият;↗Бурдани суратҷаласаҳои (протоколҳо) вохӯриҳо, гуфтушунидҳо ва маҷлисҳои директори генералӣ;↗Иҷрои дигар супоришҳои директори генералӣ дар доираи салоҳияти худ. Талаботҳои асосӣ:↗Маълумоти олӣ – ҳатмист;↗Таҷрибаи корӣ на кам аз 2 сол дар соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ва вазифаҳои монанд;↗Дараҷаи баланди этикети корӣ;↗Малакаҳои хуби равобит;↗Масъулияти баланд ва малакаи муташаккилӣ;↗Омодагӣ ба қабули дониши нав ва омузиш;↗Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои муосири иттилоотӣ; ↗Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ);↗Донистани забони англисӣ – бартарият дорад;↗Донистани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳои методӣ ва дигар маводҳо оид ба пешбурди ҳуҷҷатҳо дар ташкилот, стандартхои системаи ягонаи ҳуҷҷатҳои ташкилию маъмурӣ.Бартарияти мо: ↗Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;↗Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);↗Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;↗Музди меҳнати рақобатпазир;↗Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;↗Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархостҳо/маълумотномаҳои (CV) худро ба почтаи электронии job@zet-mobile.com то 30 июни соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар рузҳо ва вақти корӣ).Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Котиби директор генералӣ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад. Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
    ZET-MOBILE, 12.06.2026 12:14, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Назратчӣ
    Лоиҳаи "Корти шаҳрӣ" барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ довталабонро ба ҳайси назоратчӣ даъват менамояд.Талаботи тахассусӣ барои довталаб:-маълумоти олӣ ё олии нопурраи касбӣ;-донистани забони тоҷикӣ ҳатмист, русӣ ва англисӣ афзалият дорад;-малакаи кофии корӣ бо компютер; Вазифаи асосӣ:-назорати пардохти электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе;-музди меҳнат шартномавӣ.Суроға: ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 96 (рӯ ба рӯи Кохи Ваҳдат).Рақами телефон: 446003383, 989209999Қабули зангҳо: аз соати 8.00 то соати 17:00
    м.м, 16.06.2026 13:20, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Администратор-Ресепшионист
    Маркази тиббии мо корманди фаъол, хушмуомила ва масъулиятнокро ба вазифаи корманд дар қабулгоҳ (ресепшен) даъват мекунад. Агар шумо кор кардан бо одамонро дӯст доред ва мехоҳед қисме аз як тими касбӣ бошед, мо ҳамин эълонро барои Шумо омода кардем! ​Уҳдадориҳо: ​Қабули мизоҷон ва беморон ; ​Танзими навбати беморон ва сабти онҳо барои қабули табибон; ​Ҷавоб додан ба зангҳои телефонӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи хизматрасониҳои марказ; ​Кор бо ҳуҷҷатгузории аввалия ва компютер. ​Талабот ба номзад: ​Маълумоти оли ё миёнаи махсус (маълумоти тиббӣ бартарӣ дорад, вале ҳатмӣ нест); ​Маҳорати баланди муошират ; ​Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; ​Саводи компютерӣ (кор бо MS Office: Word, Excel); ​Масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ ва қобилияти кор дар стресс. ​Шароитҳои корӣ: ​Реҷаи кори: аз 08:00 то 17:00 ​Музди меҳнати шартномавӣ ва саривақтӣ ​Кори устувор дар тими аҳл ва шароити муосири корӣ. ​Тамос: Барои маълумоти бештар ва ҳамоҳангсозии вақти мусоҳиба ба рақами зерин занг занед ё CV (резюме)-и худро равон кунед: 📞 Телефон: +992000883160 📧 E-mail: davlatov@neurotaj.com
    Suhrob, 08.06.2026 22:58, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Корманди қабулгоҳ-Администратор
    Маркази тиббии мо корманди фаъол, хушмуомила ва масъулиятнокро ба вазифаи корманд дар қабулгоҳ (ресепшен) даъват мекунад. Агар шумо кор кардан бо одамонро дӯст доред ва мехоҳед қисме аз як тими касбӣ бошед, мо ҳамин эълонро барои Шумо омода кардем! ​Уҳдадориҳо: ​Қабули мизоҷон ва беморон ; ​Танзими навбати беморон ва сабти онҳо барои қабули табибон; ​Ҷавоб додан ба зангҳои телефонӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи хизматрасониҳои марказ; ​Кор бо ҳуҷҷатгузории аввалия ва компютер. ​Талабот ба номзад: ​Маълумоти оли ё миёнаи махсус (маълумоти тиббӣ бартарӣ дорад, вале ҳатмӣ нест); ​Маҳорати баланди муошират ; ​Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; ​Саводи компютерӣ (кор бо MS Office: Word, Excel); ​Масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ ва қобилияти кор дар стресс. ​Шароитҳои корӣ: ​Реҷаи кори: аз 08:00 то 17:00 ​Музди меҳнати шартномавӣ ва саривақтӣ ​Кори устувор дар тими аҳл ва шароити муосири корӣ. ​Тамос: Барои маълумоти бештар ва ҳамоҳангсозии вақти мусоҳиба ба рақами зерин занг занед ё CV (резюме)-и худро равон кунед: 📞 Телефон: +992000883160 📧 E-mail: davlatov@neurotaj.com
    Suhrob, 08.06.2026 23:10, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал
  • Офис менеджер
    Агентии амлоки ғайриманқули «Paradisewall» — яке аз агентҳои пешбари бозори амлоки ғайриманқули Душанбе, барои кор қабул мекунад офис менеджер📋 Вазифаҳо:• Қабул кардани документ• Тартиб додани чекҳо ва ҳуҷҷатҳои пардохт• Тартиб додани рузи корри коргарон ва нигохи ичро кардани супоришоти рохбарият• Машварат додани мизоҷон оиди пардохт• Ҳамкорӣ бо шуъбаи фурӯш ва бухгалтерия• Нигоху бини офис ва чо ба чо кардани документо✅ Талабот:• Таҷрибаи кор ҳамчун кассир аз 1 сол• Бо компютер кор карда тавонистан (MS Excel, Word)• Диққатнокӣ, масъулиятнокӣ, ростқавлӣ• Зоҳири ороста, гуфтори дуруст💼 Шароит:• Кор бо шартномаи расмӣ• Маоши устувор (ҳангоми сӯҳбат муайян карда мешавад)• Кор дар идораи муосир• Ҷадвали кори қулай• Коллективи дӯстона
    Сухроб, 14.06.2026 21:55, Душанбе
    Вакансии » Административный персонал


  • Договорная
    TNMAC

    На сайте с мар, 2022

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust