Сардори маркази хизматрасонии маблағгузории хурд дар н. Панч

Пяндж
Опубликовано: 31.07.2026 08:59 Номер объявления: 16546282
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: кучаи А.Рудаки
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Ташкилоти карзии хурд
Локация: Пяндж

ҶДММ ТАҚХ “Оксус”, ки ба aҳолии Тоҷикистон қарзҳои хурд ва миёна барои фаъолияти соҳибкори, рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва эҳтиёҷоти истеъмоли, пешниҳод менамояд ва дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ) фаъолият мекунад, довталабонро барои ишголи чойхои холии кори даъват менамояд

Вазифаи ишғолкунанда: Сардори МХМХ (маркази хизматрасонии маблағгузории хурд)

Ҷои фаъолият: н. Панҷ

Вазифаҳои асоси:

• Таъмин кардани роҳбарии умумии фаъолияти мӯътадил ва самараноки МХМХ;

• Шахси масъул будан оид вазъияти кори МХМХ;

• Назорат кардани сифати ҷуздони қарзии супоридашуда ва иҷрои нақшаҳои муқарраршуда;

• Гузарондани чорабиниҳо оиди пардохти қарзҳои батаъхирмондашуда;

• Пешниҳод кардани имкониятҳо барои васеъ гардонидани ҳудуди минтақавии хизматрасонии молиявӣ;

• Таъмин намудани хизматрасонии аҳолӣ, гузаронидани фаъоляити зарурбудаи оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ ва рекламавӣ-иттилооти;

• Гузаронидани мониторинг ва баҳогузории фаъолияти қарзии Мутахассисони қарзии МХМХ;

• Гузаронидани тренингҳои назариявӣ ва амали барои кормандони зертобеъ.

Талаботҳои тахассуси:

• Маълумоти олии иқтисодӣ;

• Таҷрибаи кори дар мақомотҳои молияви на кам аз 18 моҳ;

• Донистани забонҳои давлати ва руси хатми (донистани забони англиси афзалият дода мешавад);

• Соҳиби малакаи кори роҳбарӣ.

Шароити кор:

• Пардохт намудани маблағи алоқаи мобилӣ (ҳармоҳа);

• Саривақт гирифтани музди меҳнати;

• Болоравии касб

• Омузишҳо ва тренингҳо.

Ба занҳо афзалият дода мешавад.

Маоши хуби кори кафолат дода мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби муроҷиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

 ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ, кучаи А.Рудаки, бинои б/р (Ру ба руи Нозироти Андоз);

 шаҳри Бохтар, куч. Норинов 1А (дар 2-ум ошёнаи бинои “Бонки Эсхата”)

ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед:

recruitment@oxus-tj.org

kurgantube.administration@oxus-tj.org

тел: (+992) 918 23 06 85

Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо: 13.08.2026c. то соати 17:00

Похожие объявления

  • Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон
    ҶДММ ТАҚХ “Оксус”, ки ба aҳолии Тоҷикистон қарзҳои хурд ва миёна барои фаъолияти соҳибкори, рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва эҳтиёҷоти истеъмоли, пешниҳод менамояд ва дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ) фаъолият мекунад, довталабонро барои ишголи чойхои холии кори даъват менамояд. Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон Ҷои фаъолият: ш. Бохтар Вазифаҳои асоси: • Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд; • Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда; • Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ; • Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон; • Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан; • Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд; • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо; • Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз; Талаботҳои тахассусӣ: • Маълумоти оли; • Махорати иртиботии хуб. Бо забонхои точики ва руси харф задан. • Тачрибаи кори дар дигар ташкилотҳо дастгири карда мешавад. Шароити хуби кори: • Пардохти алоқаи мобилӣ; • Сари вақт гирифтани музди меҳнат; • Омузишҳо ва тренингҳо; Ба афзалият дода мешавад. Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: шаҳри Бохтар, кучаи Норинов 1А Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон » дар мавзуи мактуб равон намоед kurgantube.administration@oxus-tj.org ё recruitment@oxus-tj.org Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 13 августи соли 2026. Рақами телефон: (992) 918 23 06 85
    OXUS, 31.07.2026 11:42, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Сардори шуъбаи логистика ва анбор
    Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор Вазифаҳои асосӣ: • ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр; • назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот; • таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор; • назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия; • ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон; • банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт; • ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор; • назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот; • омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика; • таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ. Талабот: • маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста); • таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол; • таҷрибаи идоракунии кормандон; • донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ; • малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо; • қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ; • масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил; • таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад. Шароити корӣ: • кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда; • графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00; • муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ; • маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака; • имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд: E-mail: business_hr_1@mail.ru дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».
    HR, 22.07.2026 17:09, Душанбе
    Вакансии » Руководители
  • Сардори шуъбаи маъмурӣ
    ФҚХ “Фонди бозтамвил”Эълон дар бораи ҷои кори холӣФҚХ «Фонди бозтамвил» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Давлатии Олмон ва Бонки Осиёгии Рушд, ҷиҳати мусоидати хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои қарзие, ки аз ҷониби БМТ танзим карда мешаванд таъсис дода шудааст. Миссияи Фонд васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъоли иқтисодӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фонд вазифаҳои худро асосан тавассути пешниҳоди қарзҳо ба бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ, ё маблағҳои ташкилотҳои донории байналмиллалии молиявӣ, воситаҳои пулии қарзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ иҷро менамояд.ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба вазифаи Сардори шуъбаи маъмурӣ озмун эълон менамояд:Дар бораи кор: Сардори шуъбаи маъмурӣ барои идоракунии равандҳои тиҷоратии Фонд, аз ҷумла таҳия ва расмиёти маъмурӣ мутобиқи сиёсат ва расмиёти Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва қонунгузории амалкунундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.Уҳдадориҳои вазифавӣ: Сардори шуъбаи маъмурӣ дар фаъолияти худ уҳдадор аст: риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, сиёсатҳо, низомномаҳо, Оиномаи Фонд ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи фаъолияти Фонд; идоракунии шуъба, ҳавасманд намудани кормандон барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолият ва паҳн кардани фарҳанги ахлоқӣ; оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ қарор қабул намудан; таҳия ва татбиқи дастурҳои маъмурӣ ва расмиёти маъмурӣ; ташкили вохӯриҳо барои меҳмонон ва меҳмонони Фонд; ташкили раванди қабули меҳмонон ва ташрифоварандагони Фонд; фармоиш ва банд намудани чиптаҳои ҳавопаймо (роҳи оҳан, нақлиёт) ва меҳмонхонаҳо барои кормандони Фонд; ҳангоми кучидани Фонд ва иваз намудани макони ҷойгиршавии Фонд, анҷом додани корҳои бо кучидан вобаста буда, таъмин намудани назорат аз болои ҳолати таҷҳизот ва асбобҳои корӣ; ташкили корҳои зарурӣ дар самти таъмини бехатарии Фонд, таъмин ва ҷавобгуй намудани бинои ширкат ба талаботҳои бехатарии оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат; хизматрасонии хоҷагидорӣ ҳангоми вохӯриҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои Фонд; тартиб додани нақшаҳои нимсола/солонаи хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо; дар мувофиқа бо роҳбарият омода намудани нақшаи таъмири бинои ширкат ва ҷиҳозонидани он. Ҳисоб кардани буҷет ва назорати хароҷот барои таъмир ва таҷҳизонидани он; нигоҳдории техникии бино, таҷҳизот, низоми обдиҳӣ, гармидиҳӣ, кондитсионерҳо, кувваи барқ ва алоқа; таъмини мунтазами фаъолияти Фонд бо воситаи нақлиёт; фармоиш додан ва таъмин намудани назорати раванди харид ва қабули молу хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; иштирок дар раванди ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; ҷойгир намудани эълонҳо дар ВАО; назорат аз болои иҷроиши талаботҳои МКДҶТ (АМL) дар шартномаҳое, ки ташаббускори он шуъбаи маъмурӣ мебошад; анҷом додани гуфтушунидҳо бо молтаъминкунандагон барои хариди мол бо нархи нисбатан дастрас ва бо сифати баланд; баҳисобгирӣ ва назорати шартномаҳо бо пудратчиён, тартиб додани сметаи хароҷоти хоҷагидорӣ; таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бастани шартномаҳо оид ба корҳо ва хизматрасониҳо;  иштирок дар баруйхатгирӣ ва дигар санҷишҳои хоҷагидории Фонд; таъмин намудани ҷойи кории кормандони Фонд бо таҷҳизотҳои зарурии техникӣ, конселярӣ ва назорат аз боли мақсаднок истифодабарии онҳо ва муҳайё намудани шароити корие, ки ба самаранокии кори корманд мусоидат менамояд; назорати доимӣ аз болои ҷавобгуй будани намои Фонд ба талаботҳои муқарраргардида; дар ҳолатҳои зарурӣ омода намудани ҳисобот оид ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ ба Раёсати Фонд; ҳамоҳангсозӣ ва назорати кори мутахассис оид ба таъминоти техникӣ, ронанда, фаррош ва дигар кормандони техникӣ; ба роҳ мондани ҳамгироии самараноки шуъба бо Раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории Фонд; иҷрои супоришҳои расмии инфиродии Раёсати Фонд.Дониш, малака, таҷриба ва тахассус: Сардори шӯъбаи маъмурӣ бояд сифатҳои зеринро дошта бошад; маълумоти олӣ дар самти тиҷорат, молия ва иқтисод; собиқаи кории аз руи ихтисос на камтар аз 5 сол; қарорҳо, фармонҳо ва дигар маводи роҳнамо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба фаъолияти Фонд; қоидаҳои нигоҳдорӣ, тартиб додан ва ба расмият даровардани протоколҳои комиссияи тендерӣ; тартиби хариди мол, кор ва хизматрасонӣ; донистани барномаҳои Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B);  қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, чораҳои бехатарӣ ва пешгирии сӯхтор; қобилияти кор кардан дар зери фишор; худшиносии баланд ва донистани забони тоҷикӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ қобили қабул аст. шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба номи Роҳбари Фонд; варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ; тарҷумаи ҳол; маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме); тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад); нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристадТелефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 433777770. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то «21» июли 2026 с.
    ФҚХ Фонди бозтамвил, 15.07.2026 16:37, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    OXUS OXUS

    На сайте с сен, 2023

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust