Эксперти карзии корпоративи
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Ч. Расулов 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банки, Кредиты
ҶСП ТАҚХ «Бизнес Капитал» мутахассиси фаъол ва бодиққатро ба вазифаи мутахассиси қарзҳои корпоративӣ даъват менамояд.
Вакансия: Мутахассиси қарзҳои корпоративӣ
Вазифаҳои асосӣ:
• Таҳлил ва арзёбии дархостҳои қарзии мизоҷони корпоративӣ;
• Омода намудани хулосаҳои қарзӣ ва пешниҳод ба кумитаи қарзӣ;
• Назорат ва ҳамроҳии портфели қарзҳои корпоративӣ;
• Омӯзиши ҳолати молиявии ширкатҳо ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ;
• Арзёбии хавфҳо ва пешниҳоди чораҳои коҳиш додани онҳо;
• Ҳамкорӣ бо мизоҷон ва пешниҳод намудани машваратҳои молиявӣ;
• Риояи қоидаҳо ва тартиботи дохилии бонк.
Талабот:
• Маълумоти олӣ (иқтисод, молия ё бонкдорӣ);
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ё бонкдорӣ (афзалият дорад);
• Дониши хуби таҳлили молиявӣ ва баҳодиҳии хавфҳо;
• Истифодабарандаи хуби MS Office (Excel, Word);
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани англисӣ афзалият дорад);
• Қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот ва таҳлил.
Сифатҳои шахсӣ:
• Масъулиятшиносӣ ва бодиққатӣ;
• Ростқавлӣ ва боэътимодӣ;
• Қобилияти кор дар гурӯҳ;
• Малакаҳои хуби муошират;
• Қобилияти қабули қарорҳо дар шароити фишор.
Мо пешниҳод мекунем:
• Муҳити кори касбӣ ва рушдёбанда;
• Имкониятҳои рушду пешрафти касбӣ;
• Маоши рақобатпазир;
• Бастаҳои иҷтимоӣ мувофиқи сиёсати ширкат.
Барои ишголи вазифа ба мо CV равона намоед:
hr@bcbank.tj
+992 446300000
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust