Мутахассис оид ба маъмурии кадри
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ООО "Ёвар" р. Сино ул. Сино 29/2
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Торговля и Ритейл
Муҳтарам довталабон!
Мо таваҷҷӯҳи шуморо ба кор дар шабакаи супермаркетҳои Ёвар ҷалб менамоем.
Шабакаи супермаркетҳои мо яке аз супермаркетҳои фаъоли рушдёбанда ва муваффақ дар ҷумхурӣ мебошад.
Агар шумо хоҳед, ки як кисми тими шабакаи супермаркетҳои Ёвар шавед, пас мо шуморо интизорем!
Дар ҶДММ «Ёвар» ҷои холӣ кушода шудааст:
Мутахассис оид ба маъмурии кадрӣ
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Иҷро намудани ҷараёни корӣ ва тартибот оид ба масъалаҳои кадрӣ, ки аз қонунгузории амалкунандаи меҳнат бармеояд;
Иҷро намудани ҳуҷҷатгузории кадрӣ вобаста ба тартиби ба кор қабул намудан, гузаронидан ба кори дигар, фаъолияти меҳнатӣ ва аз кор озод намудани кормандон;
Коргузорӣ дар таъминоти барномавии “1С” вобаста ба масъалаҳои кадрӣ;
Омода намудани ҳамаи шаклҳои ҳисоботҳо ва омори кадрӣ мувофиқи дархости роҳбарият;
Мусоидат намудан ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дар таҳия ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳама намуд низомномаҳо ва дастурамалҳо;
Пешбурд ва назорати парвандаҳои шахсии кормандон ва дафтарчаҳои меҳнатӣ мувофиқи талаботҳои қонунгузории меҳнат;
Таъмин намудани робита бо кормандон оид ба масъалаҳо ва қарорҳои кадрӣ;
Ҳамоҳанг сохтани табелҳои баҳисобгирии вақти корӣ; таҳия намудани ҳама намуд ҳуҷҷатҳои кадрӣ; омода намудан ва назорат кардани ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ;
Омода намудан ва бо тартиби муқарраршуда супурдани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;
Иҷро намудани дигар вазифаҳо ва супоришҳои роҳбари бевосита, ки ба масъалаҳои кадрӣ алоқаманд аст ва ба салоҳияти корманд медарояд.
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олӣ - ҳатмист;
Собиқаи корӣ дар соҳаи кадрӣ зиеда аз 1 сол;
Таҷрибаи корӣ бо таъминоти барномавии “1С” (кадрҳо);
Донистани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба фаъолияти меҳнатӣ дахлдор;
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи аъло - ҳатмист; донистани забони англисӣ афзалият дорад;
Малакаи хуби истифодабарии компютер (таъминоти барномавии Microsoft Office ва дигарҳо);
Омодагӣ ба сафари хизматӣ.
Шахсони хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: //evar.hr.dp@gmail.com бо ҳатман нишон додани «Мутахассис оид ба маъмурии кадрӣ” дар хати мавзӯъи мактуб ирсол намоянд.
Муҳлати қабули дархостҳо то 15 ноябри соли 2024
Телефон барои маълумот: 984556060, 981110936, 981110958 аз соати 09:00 то 18:00 ба ғайр аз рӯзи шанбе ва якшанбе занг занед.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, баррасӣ ва ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"