Роҳбар дар мини Маркет Малика

Бохтар (Курган-Тюбе)
Опубликовано: Сегодня 10:59 Номер объявления: 16362560
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: Малика мини маркет
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Магазин
Локация: Бохтар (Курган-Тюбе)

Идоракунандаи шабакаи минимаркетҳои “МАЛИКА”

Ширкати мо барои идоракунии 3 минимаркет корманди масъулиятшинос, фаъол ва дорои қобилияти роҳбариро ба кор қабул менамояд.

💰 Музди меҳнат: 5 000 то 10000 сомонӣ

Вазифаҳо:

* Идора ва назорати фаъолияти 3 минимаркет;

* Назорати иҷрои нақшаи фурӯш;

* Назорати бақияи молҳо ва сари вақт таъмин намудани мағозаҳо бо мол;

* Назорати қабул, ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории молҳо;

* Таҳлили фурӯш ва пешниҳоди роҳҳои зиёд намудани даромад;

* Назорати сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон;

* Назорат аз болои тозагӣ, тартиб ва дуруст ҷойгир шудани молҳо;

* Идоракунии кормандон, тақсим намудани вазифаҳо ва назорати интизоми меҳнат;

* Тартиб додани ҷадвали кори кормандон;

* Омӯзонидан ва мутобиқ намудани кормандони нав;

* Ҳамкорӣ бо таъминкунандагон ва ҳалли масъалаҳои ҳаррӯза;

* Омода намудани ҳисоботи ҳаррӯза ва ҳафтаина барои роҳбарият.

Талабот:

* Таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо ё роҳбарӣ бартарӣ ҳатмист.

* Қобилияти роҳбарӣ ва ташкил кардани кори даста;

* Масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва интизоми баланд;

* Малакаи хуби муошират;

* Донистани компютер дар сатҳи корбар;

* Қобилияти қабули қарор ва ҳалли мушкилот.

Мо пешниҳод мекунем:

✅ Маоши устувор — 5 000 сомонӣ;

✅ Имконияти рушди касбӣ ва болоравии вазифа;

✅ Муҳити хуб ва дӯстонаи корӣ;

✅ Дастгирии роҳбарият ва имконияти пешрафт.

📍 Ҷойи кор: Шабакаи минимаркетҳои “МАЛИКА”

Хоҳишмандон тарҷумаи ҳоли худро бо сурат ба ватсапи рақамҳои ….. равон кунед ва мо худамон ба шумо занг мезанем.

Похожие объявления

  • в ТОПе
    Роҳбари шуъбаи таълим
    Маркази забономӯзии ТАВОНО барои роҳбарии шуъбаи таълим шахси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва натиҷамеҳварро ба кор даъват менамояд. Вазифаи асосӣ Роҳбарӣ ва идоракунии пурраи шуъбаи таълим, таъмини сифати баланди дарсҳо, рушди омӯзгорон ва баланд бардоштани натиҷаҳои донишҷӯён. Вазифаҳо ✅ Идоракунии фаъолияти омӯзгорон ва координаторони шуъбаи таълим. ✅ Назорати сифати дарсҳо ва риояи стандартҳои таълим. ✅ Гузаронидани Lesson Observation ва арзёбии фаъолияти омӯзгорон. ✅ Пешниҳоди Feedback ва тавсияҳои касбӣ барои рушди омӯзгорон. ✅ Ташкил ва гузаронидани тренингҳои дохилӣ барои омӯзгорон. ✅ Назорати иҷрои нақшаи таълимӣ, тестҳо ва имтиҳонҳо. ✅ Таҳлил намудани натиҷаҳои донишҷӯён ва таҳияи нақшаҳои беҳтарсозӣ. ✅ Омода намудани ҳисоботҳои ҳафтаина ва моҳона барои роҳбарият. Талабот ✔ Маълумоти олии педагогӣ ё забоншиносӣ. ✔ Таҷрибаи омӯзгорӣ на камтар аз 3 сол. ✔ Таҷрибаи роҳбарӣ бартарӣ дорад. ✔ Донистани забони англисӣ дар сатҳи на камтар аз B2 (IELTS 6.0+ бартарӣ дорад). ✔ Донистани забони русӣ дар сатҳи озод (сӯҳбат, хондан ва навиштан) ҳатмӣ. ✔ Донистани забони тоҷикӣ дар сатҳи озод. ✔ Қобилияти гузаронидани Lesson Observation, пешниҳоди Feedback ва рушди касбии омӯзгорон. ✔ Маҳорати роҳбарӣ, банақшагирӣ ва идоракунии даста. ✔ Малакаи кор бо Microsoft Office ва Google Sheets. ✔ Масъулиятшинос, ташаббускор ва натиҷамеҳвар. Мо пешниҳод мекунем 💰 Маоши рақобатпазир (аз рӯи натиҷаи мусоҳиба). 📈 Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ. 🎓 Омӯзиш ва такмили ихтисос. 🤝 Муҳити кории касбӣ ва дастаи фаъол. 🏆 Имконияти саҳм гузоштан дар рушди яке аз марказҳои пешрафтаи забономӯзии Тоҷикистон. 📍 Ҷойи кор: Маркази забономӯзии ТАВОНО 🕘 Реҷаи кор: Душанбе – Шанбе | 08:00–17:00 📩 Агар шумо боварӣ доред, ки метавонед сифати таълимро ба сатҳи баланд бардоред ва дастаи омӯзгоронро ба натиҷаҳои беҳтар роҳбарӣ намоед, резюмеи худро ирсол кунед ё барои маълумоти бештар бо мо дар тамос шавед.
    ТАВОНО, Сегодня 11:46, Рудаки
    Вакансии » Образование, культура, искусство
  • в ТОПе
    Бухгалтери даруни
    Маркази забономӯзии ТАВОНО барои пур кардани ҳайати худ Бухгалтери идоракунӣ қабул менамояд. Агар шумо рақамҳоро дӯст медоред, масъулиятшинос ҳастед ва мехоҳед дар рушди яке аз марказҳои пешрафтаи забономӯзии Тоҷикистон саҳм гузоред, мо шуморо интизорем. Вазифаҳои асосӣ ✅ Бақайдгирии ҳамаи даромадҳо ва хароҷот. ✅ Назорати маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ. ✅ Назорати ҳисоббаробаркунӣ бо донишҷӯён. ✅ Ҳисоб намудани маош ва бонусҳои кормандон. ✅ Назорати буҷети марказ. ✅ Омода намудани ҳисоботҳои ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона барои роҳбарият. ✅ Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳисобот. ✅ Назорати дурустии ҳамаи амалиётҳои молиявӣ. Талабот ✔ Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод. ✔ Таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол. ✔ Маҳорати баланди кор бо Microsoft Excel ва Google Sheets. ✔ Донистани 1С бартарӣ дорад. ✔ Дақиқ, ростқавл ва масъулиятшинос. ✔ Қобилияти таҳлили маълумоти молиявӣ. ✔ Нигоҳ доштани махфияти маълумоти молиявӣ. Эзоҳ: Ин вазифа танҳо барои пешбурди муҳосибот ва ҳисоботи дохилии марказ мебошад. Ҳисоботҳои андоз ва дигар ҳисоботи давлатӣ ба зиммаи ин вазифа нестанд. Мо пешниҳод мекунем 💰 Маоши рақобатпазир. 📈 Имконияти рушди касбӣ. 🤝 Муҳити кории касбӣ ва дастаи ҷавону фаъол. 📍 Ҷойи кор: Маркази забономӯзии ТАВОНО 🕘 Реҷаи кор: Душанбе – Шанбе | 08:00–17:00 📩 Агар шумо шахси дақиқ, масъулиятшинос ва таҳлилгар ҳастед, резюмеи худро ирсол намоед ё барои маълумоти бештар бо мо дар тамос шавед.
    ТАВОНО, Сегодня 11:46, Рудаки
    Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы
  • в ТОПе
    Намояндаи савдо
    Шумо қобилияти гап задан ва бовар кунонидан доред, муоширатро дӯст медоред ва мехоҳед маоши хуб гиред?Пас ба дастаи мо ҳамроҳ шавед!Мо ба дастаи худ намояндаи савдо (торговый представитель) ба кор кабул мекунем.Вазифаҳои шумо:• Ҳар рӯз мувофиқи маршрути корӣ ба нуқтаҳои савдо ташриф овардан;• Кор бо базаи мавҷудаи мизоҷон;• Иҷрои нақшаи фурӯш.Талабот ба номзад:• Синну сол: аз 23 то 35 сола;• Маълумоти на камтар аз миёнаи касбӣ;• Доштани телефони смартфон;• Таҷриба дар фурӯш агар дошта бошед хуб аст;• Хушмуомила будан ва муносибати хуб бо одамон;• Хоҳиши кор ҳамчун намояндаи саавдо;• Хоҳиши омӯзиш ва пешравӣ;• Масъулиятшинос ва ҷиддӣ будан дар кор.Мо чӣ пешниҳод мекунем:• Кор дар шаҳри Душанбе;• Маош + фоиз аз фурӯш + бонусҳои иловагӣ;• Пардохт музди маош ду маротиба дар як моҳ;• Пардохти хароҷоти роҳ;• Симкартаи корпоративӣ;• Аз субҳ ба офис омадан лозим нест — кор аз минтакаи савдо оғоз мешавад;• Кор бо бренди машҳур;• Омӯзиш ва кӯмак дар рафти кор;• Ва аз ҳама муҳим — мо танҳо бо пули нақд кор мекунем, бо карзҷамъкунӣ машғул намешавед!​Агар омода бошед, ки ин масъулиятро ба дӯш гиред, лутфан анкетаи онлайниро пур кунед:​👉 https://forms.gle/EwvQ4bPUh3puCtMR8Ҳамчунин метавонед резюмеатонро ба vacancy@angelyeast.tj фиристед ё ба рақами +992 551110145 (WhatsApp ё Telegram) нависед.
    Angel Yeast, 31.07.2026 08:05, Душанбе
    Вакансии » Продажи, розничная торговля
  • Супервайзер дар ш.Душанбе
    📢 Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» ба кор даъват мекунад!🔹 Вазифа: Супервайзер Мо дар ҷустуҷӯи роҳбари қавӣ ва натиҷагар ҳастем, ки тавонад дастаи фурӯшро самаранок идора намояд ва рушди устувори нишондиҳандаҳоро таъмин кунад.🎯 Ҳадафи вазифа:Таъмини фурӯши устувор, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти намояндагони савдо ва рушди минтақаи вобасташуда.📌 Вазифаҳои асосӣ:🔹 Идора ва рушди самараноки дастаи намояндагони савдо🔹 Таъмини иҷрои нақшаҳои фурӯш ва афзоиши нишондиҳандаҳо🔹 Ҳамроҳии саҳроӣ, омӯзиш ва рушди доимии кормандон🔹 Назорати стандартҳои ҷойгиркунӣ (выкладка), нигоҳдорӣ ва гардиши маҳсулот🔹 Идоракунии қарзҳои дебиторӣ ва кор бо мизоҷон🔹 Таҳлили бозор ва муайян намудани имкониятҳои нави рушди фурӯш📌 Талабот:🔹 Таҷрибаи корӣ ҳамчун супервайзер ё намояндаи калони савдо (на кам аз 1–2 сол)🔹 Малакаҳои роҳбарӣ, омӯзиш ва ҳавасмандкунии даста🔹 Қобилияти таҳлил ва қабули қарорҳо🔹 Масъулиятнокӣ, интизоми баланд ва равонагӣ ба натиҷа👤 Кӣ ба мо мувофиқ аст:🔹 Роҳбарони дорои таҷрибаи амалӣ дар идоракунии даста🔹 Мутахассисоне, ки метавонанд фаъолона дар саҳро кор кунанд🔹 Шахсоне, ки ба рушд ва пешрафти касбӣ шавқ доранд💡 Мо пешниҳод мекунем:✨ Музди меҳнати рақобатпазир + бонусҳо барои натиҷаҳои баланд✨ Ҷуброни хароҷоти сӯзишворӣ✨ Кӯмакпулӣ барои хӯрок✨ Барномаи мутобиқшавӣ ва мураббигӣ✨ Имкониятҳои рушди касбӣ ва болоравии мансаб✨ Рухсатии пардохтшаванда ва рӯзҳои беморӣ✨ Нақшаҳои инфиродии рушд✨ Муҳити кории муосир ва фарҳанги қавии корпоративӣ✨ Дастгирӣ дар рӯзҳои муҳим📩 Омодаед ба дастаи мо ҳамроҳ шавед?Резюмеи худро ирсол намоед ё дархост пешниҳод кунед.📞 Телефон: +992 888334880📞 Телефон: +992 55 500 0301📲 Telegram: дастрас аст🚀 Бо мо ҳамроҳ шавед ва қисми дастаи муваффақ гардед!
    Фаровон-1, 30.07.2026 10:30, Душанбе
    Вакансии » Продажи, розничная торговля
  • Супервайзер
    Ширкати Акома-яке аз пешвоени бозори маҳсулоти ҳасибии Ҷумҳурии Тоҷикистон-барои кор дар вазифаи «супервайзер» корчуенро таклиф менамояд. Мо пешниҳод мекунем: - Кор дар офиси муосир бо макони чойгиршавии хуб - Нақшаҳои мувофиқ ба принсипҳои"smart" - Коллективи дӯстона Талабот ба довталабон: - Доштани таҷриба дар ширкате, ки бо стандартҳо, KPI ва омӯзиши системавӣ кор мекунад (афзалият доштани таҷриба дар соҳаи фуруши бакалея, махсулотхои тозакунии химияи рӯзгори)- Донистани стандартҳои фурӯш дар сохаи дистрибъюция. Қобилияти таҳлили KPI - Доштани малакаҳои кор бо барномахои компъютери (графикҳо, ҳисоботҳо дар Excel, 1c)- Роҳбарӣ ва масъулиятбари нисбати гурухи кори - Доштани тафаккури системавӣ, навоварӣ (сохтани равандҳо)Вазифахои харруза:- Идоракунии даста, чустучу ва кирояи корманд (дар холатхои лозими), омӯзиш, ҳавасмандкунӣ ва гузоштани вазифаҳо ба кормандон (намояндагони савдо, мерчандайзерон)- Назорати риояи ичрошавии стандартҳои ширкат, интизоми меҳнатӣ ва ҷадвали кори - Ичроиши KPI: Таъмини иҷрои нақшаҳои фурӯш, афзоиши шумораи муштариен, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ғайра тибқи стандартҳо ва талаботи ширкат- Кор дар минтакахои савдо, берун аз офис: ташрифҳо ба нуктахои савдо бо кормандон, аудити нуқтаҳои савдо.- Ҳисобот: Таҳлили кори гурӯҳ ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбарият.Шартҳои дигар ҳангоми мулоқот, дар мусоҳиба баррасӣ карда мешаванд. Резюмеи худро ба паемнависи телеграмм ба рақами _711-11-88-74__фиристед.
    Акома, 29.07.2026 16:27, Душанбе
    Вакансии » Продажи, розничная торговля
  • Нозир-референт кор бо ҳуҷҷатҳо
    ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНКорхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”Ҷойҳои кори холӣ:1. Номи вазифа: Нозир – референт кор бо ҳуҷҷатҳо – 3800 сомонӣ.Талаботи тахассусӣ: - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон; - собиқаи кории касбии на кам аз 3 сол;- таҷрибаи кор бо коршиносони байналмиллӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ;- малакаи мустақилона ва дар гуруҳ кор кардан; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима:1. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;2. Тарҷумаи ҳол;3. 4 дона акси 3х4;4. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;5. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);8. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;9. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шуданрад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);10. Нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН). Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 1 cентябри соли 2026Суроға: н.Сино, кӯчаи Гипрозем 16Барои гирифтани маълумоти иловагӣ:Почтаи электронӣ: sue.centerdigitalization.moa.tj@gmail.comтел: (+992) 935750244
    Центр цифровизации, 07.07.2026 10:59, Душанбе
    Вакансии » HR, кадры
  • Агент по недвижимости в район Рудаки
    🏢 ҶОЙИ КОР ХОЛӢ | МЕНЕҶЕРИ ФУРӮШИ АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ «Этажи» — ширкати байналмилалӣ дар соҳаи фурӯши амволи ғайриманқул, барои васеъ намудани дастаи худ дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони фаъол ва ҳадафмандро ба кор даъват мекунад. Мо пешниҳод мекунем: ✅ Омӯзиши ройгони касбӣ. ✅ Таҷрибаи корӣ ҳатмӣ нест. ✅ Дастгирии пурраи мураббӣ аз рӯзи аввал. ✅ Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ. ✅ Муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ. ✅ Даромади бемаҳдуд. 💰 Маоши шумо танҳо аз кӯшиш ва натиҷаи кори худатон вобаста аст. Ҳар қадар бештар фаъолият кунед, ҳамон қадар бештар даромад ба даст меоред. 📍 Ҷойи кор: ноҳияи Рӯдакӣ. 📲 Барои сабти ном ба мусоҳиба: WhatsApp: +992 90 201 2006 Агар орзуи даромади баланд ва касби ояндадор доред, имрӯз ба дастаи «Этажи» ҳамроҳ шавед!
    Taghoimurod Cidiqov, 15.07.2026 17:48, Рудаки
    Вакансии » Строительство, недвижимость


  • 5 000 c.
    Мини марке Малика

    На сайте с май, 2026

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Пройдите проверку документов
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust