Инкассатор, ш.Ҳисор

Гиссар
Опубликовано: 22.06.2026 10:43 Номер объявления: 15852779
  • Стаж: Любой
  • Название, адрес компании: ЗАО Банк Арванд
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Банк
Локация: Гиссар

Бонки Арванд барои ишғоли вазифаи инкассатор номзадҳои масъулиятнок, бодиққат ва ҷисман омодаро ба кор даъват менамояд.

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

- Қабул, ҳамлу нақл ва супоридани воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳо мувофиқи талаботи муқарраршуда;

- Таъмини бехатарии маблағҳо ва арзишҳо ҳангоми интиқол;

- Риояи қатъии қоидаҳои амният ва дастурамалҳои дохилии бонк;

- Санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва яклухтии халтаҳои инкассатсионӣ;

- Таъмини махфияти маълумоти хизматӣ;

- Сари вақт хабар додани роҳбарият дар ҳолатҳои фавқулода.

Талабот ба номзад:

- Маълумоти миёна ё махсус;

- Омодагии хуби ҷисмонӣ;

- Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бартарӣ дорад;

- Малакаи истифодаи яроқ (бартарӣ дода мешавад);

- Донистани қоидаҳои амният ҳангоми ҳамлу нақли маблағҳо;

- Масъулиятнокӣ, ростқавлӣ ва интизоми баланд;

- Қобилияти кор дар даста.

Мо пешниҳод менамоем:

- Кори доимӣ дар бонки боэътимод;

- Музди меҳнати рақобатпазир;

- Бастаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузорӣ;

- Муҳити касбии рушдёбанда.

Барои маълумоти бештар ва сабти ном ба рақамҳои зерин занг занед:

+992 92 795 00 01 (WhatsApp, Telegram)

hr@arvand.tj

Похожие объявления

  • в ТОПе
    Хазиначии сайёр дар ш.Душанбе
    ҶДММ ТАҚХ «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.Миссияи мо — дастгирии рушди соҳибкории хурд ва миёна, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони Ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Вазифаҳо:- Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;- Риояи интизоми хазинавӣ ва қоидаҳои дохилӣ;- Хизматрасонӣ ба мизоҷон;- Қабул ва додани пули нақд;- Гузаронидани амалиётҳои мубодилаи асъор;- Пешбурди ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва журналҳо;- Муайян намудани қобилияти пардохтии пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо.Талабот:- Маълумоти миёна ё олӣ (беҳтараш дар соҳаи иқтисод);- Таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои гуногун (таҷриба дар соҳаи бонкӣ бартарӣ дорад);- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;- Малакаҳои муошират;- Қобилияти истифодаи барномаҳои компютерӣ (MS Office);- омода будан ба сафарҳои хизматӣ. Номзадҳои ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи электронӣ ирсол намоянд: HR@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифаро нишон диҳед) ё ҳуҷҷатҳоро ба Саридораи ТАҚХ «Фуруз» пешниҳод намоянд: ш.Душанбе, кӯчаи Н. Карабоев, хонаи 29, Блоки 2Б.Телефон барои маълумот: 988 22 02 91. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 23.06.2026 10:15, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • в ТОПе
    Менеҷери қарзӣ дар ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонати Қарзии Хурди «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.Миссияи «ФУРУЗ» додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.Барои таъмини рушди минбаъда, FURUZ, Менеҷери қарзи-ро барои кор дар Саридораи шаҳри Бохтар ҷустуҷӯ менамояд.Вазифа:• Ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди машварат оид ба маҳсулоти қарзӣ;• Омӯхтани эҳтиёҷҳои мизоҷон ва пешниҳод намудани ҳалли мувофиқ;• Қабули ҳуҷҷатҳо ва таҳлили дархостҳои қарзӣ барои тасдиқ;• Назорати пардохти қарзҳо ва таъмини баргардонидани саривақтии маблағҳо;• Ҳамкорӣ бо қарздорон ва идоракунии ҳуҷҷатгузории қарзӣ;• Иҷрои ҳадафҳои ташкилот оид ба қарзҳо, пасандозҳо, даромаднокӣ ва идоракунии хавфҳо;• Ҳисоботдиҳӣ ба роҳбарият оид ба вазъи қарзҳо ва натиҷаҳои фаъолият. Талабот:• Маълумоти олӣ• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ (афзалият)• Қобилияти кор бо мизоҷон• Донистани барномаҳои компютерӣ• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад).Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи ТАҚХ «ФУРУЗ» дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988 35 08 48; 988 47 03 54.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 22.06.2026 15:12, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Муҳосиб амалиётгар ш. Бохтар
    ҶДММ ТАҚҲ “Азизӣ-Молия” барои ишғоли вазифаи муҳосиб амалиётгар довталабонро ба кор даъват менамояд.Уҳдадориҳои асосӣ:• Расонидани ёрии машваратӣ оиди истифодаи маҳсулотҳои бонкӣ, хизматрасонӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои бонкӣ ба мизоҷон;• Кушодани суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тайёр намудани шартномаҳои хизматрасонӣ;• Дуруст тартиб додани ҳуҷатҳои амалиётӣ, хазинавӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавӣ;• Пешбурд ва танзими амалиётҳои баҳисобгирӣ;• Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот;Талаботҳои асосӣ:• Маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот);• Таҷрибаи корӣ на кам аз 1-сола дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонАнкетаи худро метавонед ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ №203 "б", ё суроғаи электронӣ vacancy@azizimoliya.tj ирсол намоед.Телефон барои тамос: (92) 909-12-04 (44) 630-20-10Эзоҳ: танҳо номзадоне, ки ба талаботи ҷойи корӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Azizi-Moliya, 01.06.2026 09:41, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассиси хурди карзи дар н. Вахш
    ҶСП "Ҳумо Бонк" яке аз муассисаҳои молиявии пешбари Тоҷикистон ва яке аз панҷ муассисаи калонтарин дар кишвар мебошад. Саҳмдори асосии бонк холдинги байналмилалии сармоягузории Gojo&Company (Ҷопон) мебошад, ки стратегияи рушди устувор ва фарогирии молиявӣ дорад.Уҳдадории вазифавӣ:- Фуруши маҳсулотҳои бонкӣ- Машварат бо мизоҷонШартҳои корӣ:- Бе таҷрибаи корӣ қабул менамоем- Омузиши касбӣ- Маоши хуб ва бонусРеҷаи корӣ:- Душанбе то ҷумъа, аз 08:00 - 17:00Тарзи дархост: барои мондани дархост ба офиси Ҳумо дар н. Вахш муроҷиат намоед ё анкетаи худро ба суроғаи job@humo.tj равон кунед ва ба дастаи мо ҳамроҳ шавед.Имрӯз ҶСП "Ҳумо Бонк" беш аз 350 ҳазор мизоҷ, 2000 корманд ва сандуқи қарзии 1,8 миллиард сомонӣ дорад.
    ЗАО Хумо Банк, Вчера 08:51, Вахш
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мудири хазина, ш. Душанбе
    Мудири хазина, ш. Душанбе Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:• роҳбарии пурраи кори хазинаи амалиётӣ ва хазинадорон;• хизматрасонии хазинавӣ ва анҷом додани амалиётҳои хазинавии мизоҷон; • назорати риояи қонунгузории амалкунандаи ҶТ, санадҳои меъёрии БМТ ва санадҳои меъёрии дохилӣ аз тарафи хазинадорон;• назорати риояи тартиби гузаронидани амалиётҳои хазинавӣ; • риояи тартиби анҷом додани амалиётҳои хазинавӣ, бозшумории пули нақд, ташаккул додан ва бастабандии пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо;• назорати ташкил ва барасмиятдарории китобҳои хазинавӣ;• муқоисаи гардишҳои хазина, бақияи пули нақд ва арзишҳои хазина бо маълумотҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ;• назорати риояи интизоми хазинавӣ дар Ташкилот ва ғ.Талабот:• Маълумоти олии дахлдор;• Зиёда аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Малакаҳои кор бо компютер, маҳорати кор бо ҷадвалҳои электронӣ, Excell.Ҳавасмандон метавонанд анкетаи худро (CV ё резюме) ба почтаи электронии info@matin.tj равон намоянд.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.Телефон барои маълумот: 92-766-12-61 (аз соати 8:00 то 17:00)
    МДО МАТИН, 11.06.2026 07:47, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Ёвари маъмурии филиал дар ш.Хисор
    Вазифаҳои асосӣ:Ташкили фаъолияти ҳаррӯзаи филиалНазорат ва ҳамоҳангсозии кори кормандонҚабули мизоҷон ва расонидани машварат оид ба хизматрасониҳои бонкӣНазорати риояи қоидаҳо ва стандартҳои дохилии бонкОмода намудани ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатгузорӣТалабот ба довталаб:Маълумоти олӣ (иқтисодӣ ё молиявӣ бартарӣ дорад)Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё маъмурӣ на кам аз 1–3 солДонистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани англисӣ бартарӣ)Малакаҳои хуби муошират ва идоракунӣДонистани компютер (MS Office)Шароити кор:Маоши рақобатпазирМуҳити кории касбӣ ва имконияти рушдРеҷаи кори пурра📧 Резюме фиристед ба: hr@arvand.tj📞 Ё занг занед ба рақами: +992 92 795 00 01
    Арванд, 19.06.2026 16:51, Гиссар
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Хазинадор-амалиётчӣ дар Фирдавсӣ
    Мо дар ҷустуҷӯи хазинадор-амалиётчӣ ҳастем.ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар касса — афзалият дорад;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ;• Диққатнокӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ;• Доштани маҳорати кор бо компютер;ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• Гузаронидани амалиётҳои кассавӣ;• Қабул ва пардохти пули нақд ба мизоҷон;• Муҳосиботи дурусти ҳуҷҷатҳои кассавӣ;• Назорат аз болои дурустии пардохтҳо;• Риояи қоидаҳои дохилӣ ва меъёрҳои амниятӣ;МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:• Ҷои кори доимӣ дар ташкилоти боэътимод;• Омӯзиш ва имконияти рушди касбӣ;• Муҳити бароҳат ва коллективи дӯстона;Хоҳишмандон метавонанд анкетаи худро ба почтаи мо hr@arvand.tj ё тариқи WhatsApp, Telegram 92-795-00-01 ба мо равон кунанд.Барои маълумоти бештар: 92-795-00-01;
    Арванд, 22.06.2026 10:52, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассиси хурди қарзи н. Хамадони
    Реҷаи корӣ: - аз соати 08:00 - 17:00 (душанбе -ҷумъа) Вазифаҳои корӣ:- Ҷалби мизочон ва тақсимоти қарз- Ҷалби депозит- Тақсимоти корт* Омӯзиши касб дохил аст* Бе таҷрибаи кори қабул карда мешавад.Маош ва системаи бонус пас аз суҳбат гуфта мешаванд. Барои кор ба офиси "Ҳумо" дар ноҳия Ҳамадонӣ метавонед муроҷиат кунед. Ё анкета ва телефони мобилии худро равон кунед. Ба шумо ба тамос мебароем.
    ЗАО Хумо Банк, Вчера 08:51, Хамадани
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Менеҷери кортҳои бонкӣ дар ш. Бохтар
    Ташкилоти «Фуруз» ба дастаи худ мутахассиси бодиққат ва масъулро даъват менамояд, ки бо идоракунӣ ва рушди маҳсулоти кортҳои бонкӣ, инчунин таҳлили амалиёти муштариён машғул мешавад.Вазифаҳои асосӣ:-Татбиқ ва рушди лоиҳаи кортҳои бонкӣ; -Ҳамкории зич бо шуъбаи таҳияи IT дар доираи татбиқ ва роҳандозии лоиҳа; -Таҳияи вазифаҳои техникӣ барои функсионали модули кортӣ, равандҳо ва хизматрасонӣ; -Ҳамкории зич бо маркази процессингӣ, агрегаторҳо ва бонкҳои шарик оид ба интиқоли маблағ аз корт ба корт; -Ҳамкории зич бо кормандони масъули самтҳои амалиётӣ ҷиҳати пешбурди кортҳои бонкӣ; -Таҳия ва такмили мунтазами низомномаҳо ва тартиботи дохилӣ оид ба кортҳои бонкӣ мутобиқ ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), танзимгарон ва шарикон; -Пешниҳоди дастгирии техникӣ ба филиалҳо/МХМХ ҳангоми иҷрои фаъолияти вобаста ба барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ; -Татбиқи нақшаҳои таҳияшуда, таъмин намудани самаранокии маҳсулот/хизматрасонӣ ва қаноатмандии муштариён, идоракунии барориш ва паҳнкунии кортҳои бонкӣ тавассути каналҳои мувофиқ; -Коркарди ҳаррӯза ва муқоисаи (сверкаи) амалиётҳо бо кортҳои бонкӣ; -Мониторинг ва таъмин намудани фаъолияти бефосилаи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои онлайн ва робита бо ташкилотҳои шарик ва агрегаторҳо; -Таҳлили маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо барои Бонки миллии Тоҷикистон (НБТ), роҳбарият ва дигар ҷонибҳои дахлдор; -Дастгирии таҳия ва татбиқи хизматрасониҳо ва маҳсулоти нав бо истифода аз кортҳои бонкӣ; -Омӯзиши мунтазами талаботи бозор ва ниёзҳои муштариён; -Мусоидат ба самтҳои амалиётӣ (шуъбаҳо) дар татбиқи ғояҳои нав; -Иштирок дар лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти амалиётии ширкат. Талабот:-Таҷрибаи кор дар бонк на камтар аз 3 сол (беҳтараш дар соҳаи кортҳои бонкӣ); -Фаҳмиши равандҳои эмиссия ва эквайринг; -Донистани маҳсулот ва тарифҳои кортҳои бонкӣ; -Қобилияти таҳлилӣ; -Дониши хуби Excel; -Масъулиятнокӣ, бодиққатӣ ва тобоварӣ ба фишори корӣ.Довталабон метавонанд Резюме (CV)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд: ш. Бохтар, куч. Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (номи вазифаро дар мавзӯи мактуб қайд намоед).Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988-22-02-91; 7272.Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, Сегодня 08:33, Бохтар (Курган-Тюбе)
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    Арванд Арванд

    На сайте с май, 2016

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust