Мутахассиси расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо дар лоиҳаи САҲА
Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" (Минбаъд-Марказ) ба вазифаи мутахассиси расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон тибқи талаббботи донор дар ш. Душанбе ва Марказ, озмун эълон менамояд. Ҳамаи номзадҳое, ки ба талаботи ин вазифа мувофиқанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни интихоби номзадии мувофиқ фиристанд. 1. Вазифахои асосӣТаҳлил, ҳисоботдиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқ• Таҳия ва баррасии ҳисоботи моҳона, семоҳа ва солона дар бораи фаъолиятҳои кӯмак ба ҷабрдидагон.• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ ва доимии тиббӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор дар таъмини расмиёти офиятбахшӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида;• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати расонидани кӯмаки руҳӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таъмини ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида; • дигар фаъолиятҳое, ки бо расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) алоқаманданд;• ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини маблағгузорӣ ва устувории лоиҳаҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ).2. Тахассус ва таҷрибаи зарурӣ• Маълумот: Дараҷаи донишгоҳӣ (дараҷаи магистр ё муодили он) дар соҳаи дахлдор, аз қабили маориф, забоншиносӣ, тиб, психология, кори иҷтимоӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаи алоқаманд бо ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи дахлдор; ё• Таҳсилоти олии дараҷаи аввал (дараҷаи бакалавр ё муодили он) дар соҳаи дахлдор, аз қабили маориф, забоншиносӣ, тиб, психология, кори иҷтимоӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаи алоқаманд бо ҳадди ақал 4 сол таҷрибаи кории дахлдор; ё соҳаи алоқаманд.Талаботи касбӣ: сертификатҳои касбӣ (бештар афзалият доранд).Маҳорат ва салоҳиятҳо:• Дониши аълои стандартҳои гузоришдиҳӣ, муқаррароти ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои сиёсати марбут ба дастгирии ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида.• Донистани нармафзор (барномаҳои компютерӣ) ва асбобҳое, ки барои кор заруранд.• Дониши мукаммали Microsoft Excel ва дигар усулу асбобҳои таҳлилӣ.• Қобилияти қавии таҳлилӣ, ташкилӣ ва ҳалли мушкилот.• Муоширати аъло ва малакаҳои байнишахсӣ ва қобилияти пешниҳоди иттилоот ба ҷонибҳои манфиатдор.• Қобилияти кор кардан дар зери фишор, риоя кардани мӯҳлатҳо ва идора кардани якчанд афзалиятҳо.3. Нишондиҳандаҳои асосии фаъолият (KPI)• Сарвақтӣ ва дурустии ҳисоботҳо (моҳона, семоҳа ва солона).• Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ ва доимии тиббӣ, расмиёти офиятбахшӣ, дастгирии руҳӣ ва равонӣ, ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар фаъолиятҳо оид ба расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида;• Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини маблағгузорӣ ва устувории лоиҳаҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркида (ЛНҶ).• Мутобиқати талаботи меъёрӣ ва натиҷаҳои муваффақ.• Идоракунии самаранок ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳо, муассисаҳо ва сохторҳое, ки ба ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида кӯмак мерасонанд.• Самаранокӣ ва рушди даста дар фаъолиятҳои кӯмак ба ҷабрдидагон.Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони англисӣ ва тоҷикӣ, мактуби ҳавасмандӣ, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба тахассуси барои озмун эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаҳои электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”. Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 28 июли соли 2026, соати 17:00. Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736. Почтаи электронӣ: hr@tnmac.gov.tj
TNMAC,
Вчера 10:37,
Душанбе
Вакансии »
Административный персонал