Мутахассиси қарзӣ
ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢФҚХ “Фонди бозтамвил (минбаъд -Фонд), ташкилотест, ки бо ташаббуси KfW, АDB ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба ташкилотҳои молиявии танзимшавандаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо пули миллӣ хизматрасониҳои молиявӣ мерасонад.Фонд вазифаҳои худро асосан аз ҳисоби додани қарз ба бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилоҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ё маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявии донор иҷро менамояд. Номи вазифаи холӣ:– мутахассиси қарзии шуъбаи қарздиҳӣДар бораи кор: Мутахассиси қарзӣ дар раванди қарздиҳӣ ва мониторинги маблағҳои додашудаи Фонд аз ҷумла, баҳодиҳии хавфи қарзӣ, таҳияи маҳсулоти қарзӣ ва пешниҳоди қарзҳои байнибонкӣ дар асоси сиёсати қарзии Фонд, иштирок менамояд.Уҳдадории вазифавӣ: Мутахассиси қарзӣ дар фаъолияти худ вазифадор аст: риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки милии Тоҷикистон, сиёсатҳо, низомномаҳо, Оиномаи Фонд ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи фаъолияти Фонд; додани хулоса роҷеъ ба масъалаҳои ба фаъолияти шуъба алоқаманд; мусоидат намудан дар ташкил ва омодасозии босифати маводҳое, ки аз ҷониби шуъба омода гардидааст, барои ҷаласаҳои Раёсати Фонд ва кумитаҳо; дар таҳияи аризаҳои қарзӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба мизоҷон (ташкилотҳои қарзӣ) кӯмак расонидан; дар якҷоягӣ бо кормандони Фонд дар таҳлили молиявии фаъолияти муштарӣ (ташкилоти қарзӣ) иштирок намудан; таъмини саривақт ва пурраи иттилоотро дар бораи мизоҷони эҳтимолӣ - ташкилотҳои қарзӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва усулҳои беҳтарини идоракунии корпоративии Фонд; ташкил ва омодасозии босифати маводи ҷамъоваришударо барои ҷаласаҳои Кумитаи қарзии Фонд; мутобиқи расмиёти қарздиҳии Фонд оид ба дархостҳои қарзӣ бо пешниҳоди ҳалли қарз ба Кумитаи қарзии Фонд пешниҳодҳо омода намудан; риояи расмиёти муқарраршудаи қарздиҳӣ ва меъёрҳои Фондро таъмин намудан; дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҳуқуқ бақайдгирии ҳуқуқии шартномаҳои қарз ва гаравро пешниҳод намудан; дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи молиявӣ додани қарзро таъмин намудан; назорат ва гузаронидани мониторинги истифода ва пардохти қарз, мониторинги сандуқи қарзӣ тибқи қарори Кумитаи қарзӣ ва тартиботи амалкунандаи ҷории Фонд; дар баҳогузорӣ ва мониторинги амволи ба гарав гузошташуда, ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи Фонд, ки ба сифати гарав барои қарз қабул карда шудаанд, иштирок кардан; баҳисобгирии дарҳостҳои қарзӣ, санадҳои баҳогузорӣ ва муоинаи гаравҳо; амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кор бо қарзҳои муҳлатгузашта ва мушкилоти Фонд; бо супориши Сардори шуъба ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бар салоҳияти ӯ дохилшаванда, бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба роҳ монад; дар мавриди зарурат бо супориши Сардори шуъба дар гуфтушунидҳо бо муштариёни Фонд иштирок намояд; супоришҳои инфиродии роҳбари бевоситаи худро иҷро намояд; риоя намудани интизоми меҳнатӣ; рояи меъёрҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби Фонд муқаррар гардидааст; риоя намудани талаботҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ; эҳтиёткорона истифода бурдани моликияти Корфармо; саривақт хабардор намудани Сардори шуъба оид ба ҳодисаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон ва ба бехатарии моликияти Корфармо таҳдид мекунад; махфӣ нигоҳ доштани ахбору маълумотҳое, ки сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва давлатиро дар бар мегирад. Маълумотҳое, ки сирри тиҷоратиро ташкил мекунанд дар Созишномаи махфият ва ҳифзи маълумот қайд гардидаанд; иҷрои дигар вазифаҳое, ки бо фаъолияти Шуъба ва Фонд алоқамандӣ доранд.Мутахассисис қарзӣ бояд дорои сифатҳои зерин бошад: ба вазифаи Мутахассиси қарзӣ шахсе таъин карда мешавад, ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷ сол, ки на камтар аз се соли он дар самти қарздиҳӣ ва ё идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ дошта бошад; қобилияти хондан ва шарҳ додани ҳисоботи молиявӣ; фаҳмиши коэффитсиентҳо, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва қобилияти тафсир ва коркарди маълумоти муомилоти молиявӣ; донистани арзёбии хавфҳои бонкӣ ва идоракунии самараноки онҳо; донистани қонунҳои танзимкунандаи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва бонкӣ; малакаи хуби муоширати байнишахсӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ; малакаи аълои навиштан ва омода кардани гузоришҳо; истифодабарии барномаҳои Word (B), Excel (B), Power point; донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (бартарият дода мешавад); Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба номи Роҳбари Фонд; варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо часпонидани сурати 3х4); тарҷумаи ҳол; маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме); тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад); нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронииoffice@rfund.tj фиристад:Телефонҳо барои маълумот: (+992) 433777770Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 04 марти соли 2025 мебошад.
ФҚХ Фонди бозтамвил,
Сегодня 09:20,
Душанбе
Вакансии »
Банки, страхование, лизинг