Мутахассиси шуъбаи хизматрасонии мизоҷон
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: МХБ дар ш. Панҷакент
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
АБМХ ҷои кори холиро барои вазифаи Мутахассиси шӯъбаи хизматрасонии мизоҷон барои маркази хизматрасонии бонки дар ш. Панҷакент эълон менамояд.
Вазифаҳои асосии корӣ аз таъмини дақиқ ва дараҷаи баланди хизматрасонии мизоҷон; фаҳмонидани шарту шароитҳои бонкро барои мизоҷон; кор бо низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ва ба расмият даровардани интиқоли пулӣ; тайёр ва пешниҳод кардани ҳисоботи рӯзона доир ба интиқоли пулӣ иборат аст.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё муҳосибот;
• На камтар аз 1 сол собиқаи кории дахлдор;
• Махорати хуби риёзӣ;
• Маҳорати хуби кор бо компютер – MS Word, Excel, Outlook
• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; Дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
• Малакаҳои хуби муошират.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj ё ба филиали ш. Хуҷанд на дертар аз 11 августи соли 2024 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"