Корманди қабулгоҳ
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: Филиал в р.Сино г. Душанбе
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
Бонки Сармоягузорӣ ва Қарздиҳии Тоҷикистон ҷои кори холиро барои вазифаи Корманди қабулгоҳ барои филиал дар н. Синои ш. Душанбе эълон менамояд.
Корманди ин вазифа масъул барои қайди номаҳои содиротӣ ва воридотӣ, ҷавоб додан ба зангҳо, қабул ва қайди шикоятҳои мизоҷон дар китоби арзу шикоятҳо, назорат бурдани рӯихати рақамҳои телефонҳои кормандони филиал дар ҳолати илова ё дигар шудани рақами телефон ва ғайра мебошад.
Вазифаҳои асосӣ:
• Хизмат расонидан ба мизоҷон оиди дуруст интихоб намудани хизматрасониҳои бонки дар таҷҳизоти навбати электронӣ . (дар вақти набудани корманди асоси)
• Қайд кардани арзу шикоятҳои мизоҷони Бонк дар китоби арзу шикоятҳо.
• Қабул кардани зангҳои телефонӣ ва пайваст кардани онҳо ба шахсони талабкардашуда.
• Дар ҳолати зарури нав кардани рӯихати телефонҳои дохилии бонк ва огоҳ кардани маъмури филиал.
• Қабул кардани мизоҷон, меҳмонон, роҳбарияти бонк ва огоҳ кардани кормандони масъул дар бораи омадани онҳо.
• Нусхабардории ҳуҷҷатҳо ҳангоми дархост кардан.
• Ба тартиб даровардани макони ҷои кор.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод ва молия.
• Донистани маҳсулот ва хидматҳои бонкӣ.
• Дониши хуби барномаҳои компютерие, ки бонк талаб мекунад.
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ қобили қабул аст.
• Малакаҳои муошират ва қобилияти кор бо мизоҷони сатҳи гуногуни мураккабӣ.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj на дертар аз 4 ноябри соли 2024 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"