Рохбари хадамоти хизматрасони ба мизочон
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи роҳбарикунанда баррасӣ менамояд! РОҲБАРИ ХАДАМОТИХИЗМАТРАСОНӢ БА МИЗОҶОНВазифаҳои асосӣ: Ташкил ва идоракунии равандҳои хизматрасонии мизоҷон бо мақсади таъмини муносиби иҷрои вазифаҳои ба хадамоти хизматрасонӣ ба мизоҷон гузошташуда ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои муҳими/калидии самаранокӣ; Таъмини фаъолияти босифати хадамоти хизматрасонӣ ба мизоҷон (хизматрасонии иттилоотӣ/ахборотӣ, бақайдгирии дархостҳои шифоҳӣ, тағйир додани хизматрасонӣ дар асоси дархостҳои шифоҳии мизоҷон, коркарди дархостҳои хаттӣ ва электронии мизоҷон, нигоҳ доштани мизоҷон, баррасии даъвоҳо ва ғайраҳо); Таъмини ҳалли фаврии мушкилоти марбут ба хизматрасонии дархостҳои телефонӣ ва электронии мизоҷон; Ташкил ва назорати кори кормандони хадамоти хизматрасонӣ ба мизоҷон бо мақсади таъмини раванди самараноки корӣ; Ташкил намудани омузиш ва рушди кормандони хадамоти хизматрасонӣ ба мизоҷон.Таҳия ва муносибкунии барномаҳо ва тартиботе, ки ба беҳтар кардани хизматрасонӣ ба сегментҳои гуногуни мизоҷон равона карда шудаанд; Назорат аз болои иҷрои кор, вазифаҳо ва ҳадафҳои ба кормандон гузошташуда, тафтиши сифат ва асоснокии қарорҳои аз ҷониби кормандон қабулкардашуда; Ташкил намудани ҳисоби ҳиссаи тағйиребандаи музди меҳнати ҳармоҳаи (мукофотпулӣ) кормандон, ки дар барномаҳои ҳавасмандкунӣ иштирок мекунанд; Таъмини баҳисобгирии вақти кории кормандон, арзёбии самаранокӣ ва сифати кори онҳо. Талаботҳои асосӣ: Маълумоти олӣ – ҳатмист; Таҷрибаи кории на кам аз 5-сола дар соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ва на кам аз 3-сола дар вазифаҳои роҳбарикунанда; Донистани асосҳои соҳаи телекоммуникатсия; Донистани асосҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон, равандҳои фаъолияти дохилӣ ва берунаи хизматрасонӣ ба муштариен; Малакаҳои идоракунии кормандон, ташкилотӣ, ҳалли масъалаҳои мушкил, ҳавасмандкунӣ, назорат, таҳлил, ҳисобот, ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохторӣ ва омодагӣ ба қабули дониши нав ва омузиш; Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои/барномаҳои муосири иттилоотӣ; Таҷрибаи корӣ бо замимаҳои Lotus, IN@Voice Clients ва дигарҳо; Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ бартарият медиҳад.Бартарияти мо: Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ; Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»); Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2; Музди меҳнати рақобатпазир; Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон; Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 30 ноябри соли 2024 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Роҳбари хадамоти хизматрасонӣ ба мизоҷон” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад. Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
ООО Таком,
29.10.2024 15:59,
Душанбе
Вакансии »
Руководители