Рохбари автопарк

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 05.08.2026 08:43 ID эълон: 16751593
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ул.Айни 64
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Дистрбуция
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРК

Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.

Вазифаҳо:

- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);

- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;

- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;

- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;

- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.

Талабот:

- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);

- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;

- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;

- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;

- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.

Шароитҳои кор:

- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);

- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;

- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.

Тарзи муроҷиат:

- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.

Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Роҳбари мурғпарвари дар ноҳияи Шаҳринав
    Гурӯҳи ширкатҳои «Покиза» — яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагон дар соҳаи паррандапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва маҳсулоти нимтайёр буда, ба ҳайати дастаи худ Роҳбари мурғпарварӣ (ноҳияи Шаҳринав)-ро даъват менамояд.Вазифаҳо:• Ташкил ва назорати тамоми равандҳои парвариши мурғ дар мурғпарварӣ;• Роҳбарӣ ба фаъолияти мурғпарварӣ ва ҳамоҳангсозии кори кормандон;• Назорати раванди парвариши мурғ дар ҳамаи марҳилаҳо;• Таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва нишондиҳандаҳои муқарраршуда;• Назорати риояи стандартҳои сифат, талаботи санитарӣ ва қоидаҳои дохилии ширкат;• Назорати шароити нигоҳдории мурғ ва сари вақт муайян намудани камбудиҳо;• Ҳамкорӣ бо роҳбарият ва воҳидҳои марбута;• Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти мурғпарварӣ;• Иштирок дар такмил додани равандҳои корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мурғпарварӣ.Талабот:• Таҷрибаи корӣ дар мурғпарварӣ ҳатмист;• Таҷрибаи корӣ дар самти парвариши мурғ;• Таҷрибаи идоракунии кормандон ва равандҳои корӣ;• Масъулиятшиносӣ, муташаккилӣ ва диққат ба ҷузъиёт;• Қобилияти қабули қарор ва назорати иҷрои вазифаҳо;• Омодагӣ барои фаъолият дар соҳаи истеҳсолот.Мо пешниҳод менамоем:• Кор дар ширкати бузург ва устувор;• Ҷадвали корӣ: 6/1;• Музди меҳнати рақобатпазир;• Пардохти саривақтии музди меҳнат;• Хӯроки ройгони болаззат;• Алоқаи корпоративии мобилии пардохтшаванда;• Имконияти омӯзиш, рушд ва такмили касбӣ.Номзадҳои ҳавасманд метавонанд CV-и худро ба суроғаи job@pokiza.tj ирсол намоянд.Ё бо рақами +992 987 10 52 59 тамос гиранд.Зангҳо аз соати 10:00 то 16:00 қабул карда мешаванд.Дар мавзӯи мактуб номи вазифаро нишон диҳед: Роҳбари мурғпарварӣ (ноҳияи Шаҳринав).Ба ҳайати дастаи «Покиза» ҳамроҳ шавед!
    Покиза М, 06.08.2026 17:46, Шаҳринав
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Сардори шуъбаи логистика ва анбор
    Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор Вазифаҳои асосӣ: • ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр; • назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот; • таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор; • назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия; • ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон; • банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт; • ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор; • назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот; • омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика; • таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ. Талабот: • маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста); • таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол; • таҷрибаи идоракунии кормандон; • донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ; • малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо; • қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ; • масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил; • таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад. Шароити корӣ: • кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда; • графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00; • муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ; • маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака; • имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд: E-mail: business_hr_1@mail.ru дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».
    HR, 22.07.2026 17:09, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Роҳбари департаменти маркетинг
    Бренди қавӣ созед. Ба рушди Бонк таъсир расонед. Ба дастаи ICB ҳамроҳ шавед!Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои идораи марказии худ дар шаҳри Душанбе Роҳбари департаменти маркетинг-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.Мо роҳбареро меҷӯем, ки эҷодкор, ташаббускор, дорои тафаккури стратегӣ ва ҳамеша бо тамоюлҳои нави маркетинг ҳамқадам бошад. Агар шумо метавонед идеяҳои навро ба натиҷаҳои воқеӣ табдил диҳед ва дастаи худро илҳом бахшед, мо шуморо интизорем.Ӯҳдадориҳо:• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии Бонк;• Рушд ва таҳкими бренди Бонк;• Банақшагирӣ ва назорати буҷети маркетинг;• Омода, ҳамоҳанг ва назорат намудани иҷрои нақшаи маркетинг;• Ташкил ва амалисозии маъракаҳои таблиғотӣ ва пешбурди маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ;• Рушди маркетинги рақамӣ ва таҳлили самаранокии фаъолияти маркетингӣ;• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи мизоҷон;• Роҳбарӣ ба ҳайати кормандони департаменти маркетинг ва рушди онҳо;• Пешниҳод ва татбиқи идеяҳо ва лоиҳаҳои нави маркетингӣ.Талабот:• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, идоракунии бизнес ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг на камтар аз 5–7 сол, афзалият дар бахши бонкӣ;• Таҷрибаи амалӣ дар таҳияи стратегияҳои маркетингӣ ва ребрендинг;• Дониши маркетинги рақамӣ, таҳлили маркетинг ва идоракунии бренд;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Тафаккури эҷодкорона, ташаббускорӣ ва қобилияти пешниҳоди ғояҳои нав;• Огоҳӣ аз тамоюлҳои муосири маркетинг ва омодагӣ барои татбиқи онҳо;• Тафаккури стратегӣ ва системавӣ;• Малакаҳои баланди роҳбарӣ, муошират ва ташкилкунӣ;• Ҳавасмандӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ.Мо пешниҳод менамоем:• Кор дар идораи марказии Бонк дар шаҳри Душанбе;• Имконияти роҳбарӣ ба лоиҳаҳои муҳими маркетингӣ;• Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ;• Муҳити муосири корӣ ва дастаи касбӣ;• Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;• Реҷаи корӣ: Душанбе – Ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00.📩 Резюмеи худро ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 15.07.2026 11:20, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Мутахассис оид ба назорати сифат
    Чойи кории холӣ — мутахассис оид ба назорати сифат Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ мутахассис оид ба назорати сифатро ҷустуҷӯ менамоем. Вазифаҳо: - назорати сифати ашёи хом, маводи бастабандӣ ва маҳсулоти тайёр дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот; - гузаронидани таҳлилҳои физикӣ-кимиёвӣ ва органолептикӣ (мазза, ранг ва бӯй)-и нӯшокиҳо ва афшураҳо; - назорати риояи меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар сехҳои истеҳсолӣ; - санҷиши дурустии пуркунӣ, маҳкамкунӣ ва тамғагузории маҳсулот (санаи истеҳсол, муҳлати истифода); - пешбурди журналҳои лабораторӣ, тартиб додани шиносномаҳои сифат ва ҳуҷҷатҳои техникӣ. Талабот: - маълумоти олӣ ё миёнаи махсус (дар соҳаҳои химия, биология, технология ё саноати хӯрокворӣ); - таҷрибаи корӣ дар лаборатория ё бахши назорати сифат на камтар аз 2 сол (таҷрибаи кор дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад); - донистани стандартҳои сифат ва усулҳои гузаронидани таҳлилҳои асосӣ (кислотнокӣ, brix/миқдори қанд, газнокӣ); - бодиққатӣ ба ҷузъиёт, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ; - доштани дафтарчаи тиббӣ ё омодагӣ барои гирифтани он. Шароитҳои кор: - ба кор қабул намудан тибқи кодекси меҳнати ҷумҳурии тоҷикистон; - маоши устувор ва пардохти саривақтии он; - ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00; - лабораторияи муҷаҳҳаз ва шароити хуби кор. Тарзи муроҷиат: - номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд. Мавзӯи нома: «мутахассис оид ба назорати сифат».
    HR, 05.08.2026 08:41, Душанбе
    Ҷои кор » Истеҳсолот, энергетика
  • Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнес
    📢 ЭЪЛОН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛӢ!Мутахассис / Тренер оид ба рушди агробизнесАгар шумо дар самти агробизнес, соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат таҷрибаи корӣ доред, ва ё мехоҳед ба ҷавонони кишоварз дар табдил додани идеяҳои инноватсионии онҳо ба тиҷорати муваффақ кумак намоед? Пас, ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва дар татбиқи лоиҳаи зерин саҳм гузоред:🌱 «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот»Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Welthungerhilfe (WHH) ва бо маблағгузории Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва KOICA амалӣ карда мешавад.📍 Ҷойи кор: ш. Душанбе ва ноҳияи Тоҷикобод📅 Муҳлати шартномаи корӣ: 10 моҳВазифаҳои асосӣ✔️ Бо кӯмаки Менеҷери лоиҳа таҳия намудани модули дурӯзаи омӯзишӣ оид ба рушди агробизнес.✔️ Муайян намудани хатмкардагони ҳавасманд аз барномаи омӯзишии кишоварзӣ барои иштирок дар омӯзишҳои агробизнес.✔️ Омода намудани ҷадвали омӯзишҳои агробизнес барои водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб.✔️ Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо оид ба рушди агробизнес.✔️ Машварат ва роҳнамоӣ намудани ҷавонони кишоварз дар таҳияи нақшаҳои соҳибкорӣ.✔️ Пешбурди истифодаи технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва усулҳои устувори агробизнес.✔️ Дастгирии идеяҳои соҳибкории ҷавонони кишоварз аз марҳилаи таҳияи бизнес нақша то татбиқи амалии онҳо.Талабот ба номзад✅ Маълумоти олӣ ё муодили он дар соҳаи идоракунии тиҷорат, агробизнес, иқтисодиёти кишоварзӣ, соҳибкорӣ ё соҳаҳои марбут.✅ На камтар аз 5 сол таҷрибаи кории дахлдор.✅ Малакаҳои хуби ташкилӣ, фасилитаторӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани омӯзишҳо, машваратдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ.✅ Озод донистани забони тоҷикӣ (донистани забонҳои англисӣ ва русӣ бартарӣ дорад).📩 Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳоЛутфан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:• Тарҷумаи ҳол (CV) ва номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter) 📧 Почтаи электронӣ:• info@skills-prosperity.org • qteshaev@skills-prosperity.org 📅 Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 10 августи соли 2026
    Ҳунар ва шукуфои, 03.08.2026 14:57, Душанбе
    Ҷои кор » Дигар соҳаи шуғл
  • Технологи соҳаи хӯроквори
    Ба корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо - Технологи соҳаи хӯроквориро ба кор даъват мекунем!Уҳдадориҳо:- Назорати пурраи раванди технологии истеҳсолот (оби газнок, нӯшокиҳои ғайриалкоголӣ, афшураҳои Tetra Pak);- Коркард ва ҷорикунии дорухатҳо (рецептураҳо);- Назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр;- Риояи меъёрҳои санитарӣ ва стандартҳо (HACCP, ISO — афзалият дорад);- Оптимизатсияи равандҳои истеҳсолӣ ва коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот;- Назорати фаъолияти кормандони истеҳсолот;- Пешбурди ҳуҷҷатгузории технологӣ ва ҳисоботҳо.Талабот:- Маълумоти олӣ (технологияҳои хӯрокворӣ, кимиё, биотехнология);- Таҷрибаи корӣ ҳамчун технолог дар истеҳсоли нӯшокиҳо аз 3 сол (афзалият дорад);- Донистани равандҳои газноккунӣ, рехтани моеъ ва пастеризатсия;- Фаҳмиши стандартҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;- Масъулиятшиносӣ, муносибати тизимӣ (системӣ) ва дақиқкорӣ.Шароитҳо:- Музди меҳнати рақобатпазир (ҳангоми мусоҳиба баррасӣ мешавад);- Кори устувор дар истеҳсолоти рӯ ба тараққӣ;- Имконияти пешрафти мансабӣ;- Коллективи аҳл;- Кӯмак барои кӯчидан (дар сурати зарурат).Номзадҳои ҳавасманд метавонанд тарҷумаи ҳоли (резюме)-и худро ба почтаи электронии hr.dushanbe2026@gmail.com бо қайди "Пищевой технолог" ирсол намоянд
    Умар, 22.07.2026 12:24, Душанбе
    Ҷои кор » Истеҳсолот, энергетика


  • Шартномавӣ
    HR

    Дар сайт аз июл, 2026

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust