Гурӯҳи ширкатҳои «Покиза» — яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагон дар соҳаи паррандапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва маҳсулоти нимтайёр буда, ба ҳайати дастаи худ Роҳбари мурғпарварӣ (ноҳияи Шаҳринав)-ро даъват менамояд.
Вазифаҳо:
• Ташкил ва назорати тамоми равандҳои парвариши мурғ дар мурғпарварӣ;
• Роҳбарӣ ба фаъолияти мурғпарварӣ ва ҳамоҳангсозии кори кормандон;
• Назорати раванди парвариши мурғ дар ҳамаи марҳилаҳо;
• Таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва нишондиҳандаҳои муқарраршуда;
• Назорати риояи стандартҳои сифат, талаботи санитарӣ ва қоидаҳои дохилии ширкат;
• Назорати шароити нигоҳдории мурғ ва сари вақт муайян намудани камбудиҳо;
• Ҳамкорӣ бо роҳбарият ва воҳидҳои марбута;
• Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти мурғпарварӣ;
• Иштирок дар такмил додани равандҳои корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мурғпарварӣ.
Талабот:
• Таҷрибаи корӣ дар мурғпарварӣ ҳатмист;
• Таҷрибаи корӣ дар самти парвариши мурғ;
• Таҷрибаи идоракунии кормандон ва равандҳои корӣ;
• Масъулиятшиносӣ, муташаккилӣ ва диққат ба ҷузъиёт;
• Қобилияти қабули қарор ва назорати иҷрои вазифаҳо;
• Омодагӣ барои фаъолият дар соҳаи истеҳсолот.
Мо пешниҳод менамоем:
• Кор дар ширкати бузург ва устувор;
• Ҷадвали корӣ: 6/1;
• Музди меҳнати рақобатпазир;
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Хӯроки ройгони болаззат;
• Алоқаи корпоративии мобилии пардохтшаванда;
• Имконияти омӯзиш, рушд ва такмили касбӣ.
Номзадҳои ҳавасманд метавонанд CV-и худро ба суроғаи job@pokiza.tj ирсол намоянд.
Ё бо рақами +992 987 10 52 59 тамос гиранд.
Зангҳо аз соати 10:00 то 16:00 қабул карда мешаванд.
Дар мавзӯи мактуб номи вазифаро нишон диҳед: Роҳбари мурғпарварӣ (ноҳияи Шаҳринав).
Ба ҳайати дастаи «Покиза» ҳамроҳ шавед!