Сармуҳосиб

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 13:29 ID эълон: 16749991
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: г. Душанбе ул.Шевченко 113
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Фаъолияти бонкӣ
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

- назорати фаврӣ ва тасдиқи маълумотҳои воридшаванда ба барномаи АБС бо мақсади дуруст бурдани баҳисобгирии идоракунӣ ва иҷро кардани функсияи ёрирасон нисбат ба ФРОНТ – офис ва муҳосиботи Саридора;

- назорати риоя кардани меъёр ва пешниҳод кардани маълумот барои муҳосибот;

- назорати саривақт инъикос кардани амалиётҳо аз рӯи шартномаҳои қарзӣ;

- назорати иҷроиши ҷадвали пардохти қарзи асосии мизоҷ, фоизҳои ҳисобкардашуда, комиссия ва ҷаримаҳо;

- муқоисаи бақияи пули нақд ва дигар арзишҳо дар оғози рӯзи амалиётӣ;

- тафтиши ҳуҷҷатҳои аз тарафи мизоҷ пешниҳодшуда (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) барои кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва гузаронидани амалиёт аз рӯи ҳисобҳо, инчунин барои гирифтани қарз;

- назорати паст кардани хавфҳои қарзӣ ва амалиётӣ;

- назорати омода сохтани ҳисоботи идоракунӣ оиди амалиётҳои иҷрокардашуда;

- назорати баҳисобгирии фондҳои асосӣ, молҳои камарзиши тезфарсудашаванда ва арзишҳои молию моддӣ;

- назорати баҳисобгирии даромад, хароҷот ва сармоя;

- назоати сектори ҳисоббаробаркунӣ (пардохт ба кормандони Ташкилот);

-назорати бурдани баҳисобгирии ӯҳдадориҳои Ташкилот дар назди андоз;

- назорати дуруст бурдани сиёсати баҳисобгириро мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ, Кодекси андоз ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии муҳосибавӣ, Дастурамалҳо, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии низоми дохилии аз тарафи Ташкилот барои таъмини устувории молиявии Ташкилот таҳия карда шуда, ташаккул медиҳад;

- назорати баҳисобгирии амвол, ӯҳдадориҳо, амалиётҳои хоҷагидорӣ, воситаҳои асосии воридшуда, арзишҳои молию моддӣ ва воситаҳои пулӣ, инчунин саривақт ва дуруст инъикос шудани амалиётҳо оиди гардиши онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ;

- назорати баҳисоб гирифтани хароҷоти ташкилот, иҷроиши сметаи хароҷот, маълумоти пурра ва дурусти муҳосибавиро дар бораи фаъолияти Ташкилот ва натишаҳои молиявӣ-хоҷагидорӣ ташаккул дода, саривақт пешниҳод менамояд, интизоми бастиро қатъиян риоя мекунад;

- назоати риояи қоидаҳои амалкунанда оид ба гузаронидани барӯйхатгирии арзишҳои молию моддӣ, воситаҳои асосӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва ӯҳдадориҳои пардохтиро таъмин менамояд;

- назорати баҳисобгирӣ ва ҳисобкунии лозимӣ аз рӯи пардохтҳо, ки ба манфиати кормандони ташкилот ва кормандони ғайрибастӣ иҷро карда мешавад, таъмин менамояд;

- назорати баҳисбогирии истеҳлоки ҳисобкардашудаи воситаҳои асосӣ, ки дар тавозуни Ташкилот;

- назорати дуруст гузаронидани амалиётҳои хоҷагидории Ташкилот ва воситаҳои пулиро, ки барои хароҷоти сафари хизматӣ дода мешаванд, назорат менамояд;

- таҳия кардани шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботи муҳосибавии дохилӣ, барои ба тартиб даровардани барои амалиётҳое, ки дар Саридора гузаронида мешаванд ва барои онҳо намунаи шакли ҳуҷҷат мавҷуд нест;

- назорати гузаронидани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро мувофиқи меъёр ва мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳисоб карда ба буҷети давлатӣ;

- назорати дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани декларатсияи андоз, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои дигарро тартиб дода ба идораҳои омории андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- назорат аз рӯи пешгирии камомад, хароҷоти ғайримақсадноки пули нақд ва арзишҳои молию моддӣ, инчунин қонунӣвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ меандешад, қонунияти аз тавозун хориҷ кардани камомад, қарзҳои дебиторӣ ва талафоти дигар;

- назорати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои дар асоси истифодаи воситаҳои техникии муосир ва технологияи иттилоотӣ, тарз ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ;

Хуҷҷатхоро метавонед ба суроғаи электронии info@sm.tj ё ба Телеграмм, Ватсапп то санаи 30.07.2026 ирсол намоед.

Эълонҳои монанд

  • Мухосиб оид ба назорати харочот
    Баҳисобгирии тамоми хароҷотҳои маъмурӣ дар миқёси филиалҳо ва саридора.Баҳисобгирии хароҷоти сафарҳои хизматӣ, пардохти пешмузд ба кормандон, назорати мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳисоботҳои пешпардохтӣ ва санҷиши ҳисоботҳои пешпардохтӣ оид ба сафарҳои хизматӣ.Омодасозии рӯзмарраи маълумот доир ба қитъаи кории худ барои файли барориш; гузаронидани маълумот аз системаи 1С ба системаи Флекскюб.Ҳар моҳ то санаи 6-ум ирсоли маълумот доир ба қарздории кормандон аз рӯи маблағҳои пешпардохтӣ, назорат аз рӯи саривақт пардохтшавии ин маблағҳо.Сари вақт дар ҷузвдонҳои алоҳида ҷойгирсозии ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҳуҷҷатҳои дигари қитъаи корӣ барои супоридани минбаъдаи онҳо ба бойгонӣ.Сари вақт хабардор кардани Сармуҳосиб дар бораи ҳама гуна тағйирот дар фаъолият, ки ба кори шуъба ва Ташкилот таъсир мерасонад.Дастгирӣ намудани муносибатҳои мусбӣ бо кормандони шуъбаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот, инчунин бо шуъбаҳои дигар. Хабардор кардани онҳо дар бораи фаъолияте, ки бо кори онҳо алоқаманд аст.Иваз кардани кормандони шуъба дар мавриди зарурат.Собиқаи корӣ дар муҳосибот, бо таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ / иқтисодиёт / молия, донистани СБҲМДониши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ.Покизакорӣ ва масъулиятМалакаҳои аълои муоширатДонишҳои компютерӣ дар барномаҳои Microsoft Word, Excel, Access ва 1CТаҳсилоти олӣ
    ФИНКА Таджикистан, 07.07.2026 20:11, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Андеррайтер
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифаи ишғолкунанда: АндеррайтерҶои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)Вазифаҳои асосӣ:• Таҳлили дархостҳои қарзӣ дар доираи расмиёт, маҳдудиятҳо ва мӯҳлатҳои дар ташкилоти қарзӣ муқарраршуда;• Коркард ва санҷиши сифати маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби мизоҷон ва кормандони ташкилот;• Муайян кардани хавфҳои қарзӣ ҳангоми таҳлил ва баҳодиҳии қарзҳо;• Иштирок дар таҳия ва такмили равандҳои бизнес, маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ;• Санҷиши дархосткунанда аз рӯи пойгоҳи БҚИТ ва аз рӯи рӯйхатҳои сиёҳ;• Тамос бо дархосткунандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар ҳолати зарурӣ;• Қабули қарорҳои ниҳоӣ оид ба тасдиқ ё рад кардани қарз дар доираи қоидаҳои тасдиқшуда;• Тасдиқ ва дастгирии қарорҳои қарзӣ дар пойгоҳи махсус (модули қарзӣ);• Омода ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбари мустақим;Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар бонкҳо ё ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 2 сол;• Масъулиятноки дар қабули қарорҳо;• Тафаккури таҳлилӣ;• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);• Малакаҳои аълои муошират;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Ростқавлӣ, эътимоднокӣ, масъулятнокӣ.Шароити корӣ:• Пардохти саривақтии музди меҳнат;• Имкони пешравӣ дар мансаб;• Тренингҳо ва таълим;• Пардохти алоқаи мобилӣ.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 15 июли соли 2026.Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 02.07.2026 13:18, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сардори шуъбаи маъмурӣ
    ФҚХ “Фонди бозтамвил”Эълон дар бораи ҷои кори холӣФҚХ «Фонди бозтамвил» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Давлатии Олмон ва Бонки Осиёгии Рушд, ҷиҳати мусоидати хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои қарзие, ки аз ҷониби БМТ танзим карда мешаванд таъсис дода шудааст. Миссияи Фонд васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъоли иқтисодӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фонд вазифаҳои худро асосан тавассути пешниҳоди қарзҳо ба бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ, ё маблағҳои ташкилотҳои донории байналмиллалии молиявӣ, воситаҳои пулии қарзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ иҷро менамояд.ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба вазифаи Сардори шуъбаи маъмурӣ озмун эълон менамояд:Дар бораи кор: Сардори шуъбаи маъмурӣ барои идоракунии равандҳои тиҷоратии Фонд, аз ҷумла таҳия ва расмиёти маъмурӣ мутобиқи сиёсат ва расмиёти Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва қонунгузории амалкунундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.Уҳдадориҳои вазифавӣ: Сардори шуъбаи маъмурӣ дар фаъолияти худ уҳдадор аст: риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, сиёсатҳо, низомномаҳо, Оиномаи Фонд ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи фаъолияти Фонд; идоракунии шуъба, ҳавасманд намудани кормандон барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолият ва паҳн кардани фарҳанги ахлоқӣ; оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ қарор қабул намудан; таҳия ва татбиқи дастурҳои маъмурӣ ва расмиёти маъмурӣ; ташкили вохӯриҳо барои меҳмонон ва меҳмонони Фонд; ташкили раванди қабули меҳмонон ва ташрифоварандагони Фонд; фармоиш ва банд намудани чиптаҳои ҳавопаймо (роҳи оҳан, нақлиёт) ва меҳмонхонаҳо барои кормандони Фонд; ҳангоми кучидани Фонд ва иваз намудани макони ҷойгиршавии Фонд, анҷом додани корҳои бо кучидан вобаста буда, таъмин намудани назорат аз болои ҳолати таҷҳизот ва асбобҳои корӣ; ташкили корҳои зарурӣ дар самти таъмини бехатарии Фонд, таъмин ва ҷавобгуй намудани бинои ширкат ба талаботҳои бехатарии оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат; хизматрасонии хоҷагидорӣ ҳангоми вохӯриҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои Фонд; тартиб додани нақшаҳои нимсола/солонаи хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо; дар мувофиқа бо роҳбарият омода намудани нақшаи таъмири бинои ширкат ва ҷиҳозонидани он. Ҳисоб кардани буҷет ва назорати хароҷот барои таъмир ва таҷҳизонидани он; нигоҳдории техникии бино, таҷҳизот, низоми обдиҳӣ, гармидиҳӣ, кондитсионерҳо, кувваи барқ ва алоқа; таъмини мунтазами фаъолияти Фонд бо воситаи нақлиёт; фармоиш додан ва таъмин намудани назорати раванди харид ва қабули молу хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; иштирок дар раванди ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; ҷойгир намудани эълонҳо дар ВАО; назорат аз болои иҷроиши талаботҳои МКДҶТ (АМL) дар шартномаҳое, ки ташаббускори он шуъбаи маъмурӣ мебошад; анҷом додани гуфтушунидҳо бо молтаъминкунандагон барои хариди мол бо нархи нисбатан дастрас ва бо сифати баланд; баҳисобгирӣ ва назорати шартномаҳо бо пудратчиён, тартиб додани сметаи хароҷоти хоҷагидорӣ; таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бастани шартномаҳо оид ба корҳо ва хизматрасониҳо;  иштирок дар баруйхатгирӣ ва дигар санҷишҳои хоҷагидории Фонд; таъмин намудани ҷойи кории кормандони Фонд бо таҷҳизотҳои зарурии техникӣ, конселярӣ ва назорат аз боли мақсаднок истифодабарии онҳо ва муҳайё намудани шароити корие, ки ба самаранокии кори корманд мусоидат менамояд; назорати доимӣ аз болои ҷавобгуй будани намои Фонд ба талаботҳои муқарраргардида; дар ҳолатҳои зарурӣ омода намудани ҳисобот оид ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ ба Раёсати Фонд; ҳамоҳангсозӣ ва назорати кори мутахассис оид ба таъминоти техникӣ, ронанда, фаррош ва дигар кормандони техникӣ; ба роҳ мондани ҳамгироии самараноки шуъба бо Раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории Фонд; иҷрои супоришҳои расмии инфиродии Раёсати Фонд.Дониш, малака, таҷриба ва тахассус: Сардори шӯъбаи маъмурӣ бояд сифатҳои зеринро дошта бошад; маълумоти олӣ дар самти тиҷорат, молия ва иқтисод; собиқаи кории аз руи ихтисос на камтар аз 5 сол; қарорҳо, фармонҳо ва дигар маводи роҳнамо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба фаъолияти Фонд; қоидаҳои нигоҳдорӣ, тартиб додан ва ба расмият даровардани протоколҳои комиссияи тендерӣ; тартиби хариди мол, кор ва хизматрасонӣ; донистани барномаҳои Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B);  қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, чораҳои бехатарӣ ва пешгирии сӯхтор; қобилияти кор кардан дар зери фишор; худшиносии баланд ва донистани забони тоҷикӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ қобили қабул аст. шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба номи Роҳбари Фонд; варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ; тарҷумаи ҳол; маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме); тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад); нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристадТелефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 433777770. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то «21» июли 2026 с.
    ФҚХ Фонди бозтамвил, 15.07.2026 16:37, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    СТАНДАРТ МОЛИЯ

    Дар сайт аз авг, 2025

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust