Мухосиб оид ба назорати харочот

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 07.07.2026 20:11 ID эълон: 16656745
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Баҳисобгирии тамоми хароҷотҳои маъмурӣ дар миқёси филиалҳо ва саридора.

Баҳисобгирии хароҷоти сафарҳои хизматӣ, пардохти пешмузд ба кормандон, назорати мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳисоботҳои пешпардохтӣ ва санҷиши ҳисоботҳои пешпардохтӣ оид ба сафарҳои хизматӣ.

Омодасозии рӯзмарраи маълумот доир ба қитъаи кории худ барои файли барориш; гузаронидани маълумот аз  системаи 1С ба системаи Флекскюб.

Ҳар моҳ то санаи 6-ум ирсоли маълумот доир ба қарздории кормандон аз рӯи маблағҳои пешпардохтӣ, назорат аз рӯи саривақт пардохтшавии ин маблағҳо.

Сари вақт дар ҷузвдонҳои алоҳида ҷойгирсозии ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҳуҷҷатҳои дигари қитъаи корӣ барои супоридани минбаъдаи онҳо ба бойгонӣ.

Сари вақт хабардор кардани Сармуҳосиб  дар бораи ҳама гуна тағйирот дар фаъолият,  ки ба кори шуъба ва Ташкилот таъсир мерасонад.

Дастгирӣ намудани муносибатҳои мусбӣ бо кормандони шуъбаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот, инчунин бо шуъбаҳои дигар. Хабардор кардани онҳо   дар бораи фаъолияте,  ки бо кори онҳо алоқаманд аст.

Иваз кардани кормандони шуъба дар мавриди зарурат.

Собиқаи корӣ дар муҳосибот, бо таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ / иқтисодиёт  / молия,  донистани СБҲМ

Дониши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ.

Покизакорӣ ва масъулият

Малакаҳои аълои  муошират

Донишҳои компютерӣ дар барномаҳои  Microsoft Word, Excel, Access   ва  1C

Таҳсилоти олӣ

Эълонҳои монанд

  • Сардори шуъбаи маъмурӣ
    ФҚХ “Фонди бозтамвил”Эълон дар бораи ҷои кори холӣФҚХ «Фонди бозтамвил» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Давлатии Олмон ва Бонки Осиёгии Рушд, ҷиҳати мусоидати хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои қарзие, ки аз ҷониби БМТ танзим карда мешаванд таъсис дода шудааст. Миссияи Фонд васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъоли иқтисодӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фонд вазифаҳои худро асосан тавассути пешниҳоди қарзҳо ба бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ, ё маблағҳои ташкилотҳои донории байналмиллалии молиявӣ, воситаҳои пулии қарзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ иҷро менамояд.ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба вазифаи Сардори шуъбаи маъмурӣ озмун эълон менамояд:Дар бораи кор: Сардори шуъбаи маъмурӣ барои идоракунии равандҳои тиҷоратии Фонд, аз ҷумла таҳия ва расмиёти маъмурӣ мутобиқи сиёсат ва расмиёти Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва қонунгузории амалкунундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.Уҳдадориҳои вазифавӣ: Сардори шуъбаи маъмурӣ дар фаъолияти худ уҳдадор аст: риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, сиёсатҳо, низомномаҳо, Оиномаи Фонд ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи фаъолияти Фонд; идоракунии шуъба, ҳавасманд намудани кормандон барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолият ва паҳн кардани фарҳанги ахлоқӣ; оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ қарор қабул намудан; таҳия ва татбиқи дастурҳои маъмурӣ ва расмиёти маъмурӣ; ташкили вохӯриҳо барои меҳмонон ва меҳмонони Фонд; ташкили раванди қабули меҳмонон ва ташрифоварандагони Фонд; фармоиш ва банд намудани чиптаҳои ҳавопаймо (роҳи оҳан, нақлиёт) ва меҳмонхонаҳо барои кормандони Фонд; ҳангоми кучидани Фонд ва иваз намудани макони ҷойгиршавии Фонд, анҷом додани корҳои бо кучидан вобаста буда, таъмин намудани назорат аз болои ҳолати таҷҳизот ва асбобҳои корӣ; ташкили корҳои зарурӣ дар самти таъмини бехатарии Фонд, таъмин ва ҷавобгуй намудани бинои ширкат ба талаботҳои бехатарии оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат; хизматрасонии хоҷагидорӣ ҳангоми вохӯриҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои Фонд; тартиб додани нақшаҳои нимсола/солонаи хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо; дар мувофиқа бо роҳбарият омода намудани нақшаи таъмири бинои ширкат ва ҷиҳозонидани он. Ҳисоб кардани буҷет ва назорати хароҷот барои таъмир ва таҷҳизонидани он; нигоҳдории техникии бино, таҷҳизот, низоми обдиҳӣ, гармидиҳӣ, кондитсионерҳо, кувваи барқ ва алоқа; таъмини мунтазами фаъолияти Фонд бо воситаи нақлиёт; фармоиш додан ва таъмин намудани назорати раванди харид ва қабули молу хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; иштирок дар раванди ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд; ҷойгир намудани эълонҳо дар ВАО; назорат аз болои иҷроиши талаботҳои МКДҶТ (АМL) дар шартномаҳое, ки ташаббускори он шуъбаи маъмурӣ мебошад; анҷом додани гуфтушунидҳо бо молтаъминкунандагон барои хариди мол бо нархи нисбатан дастрас ва бо сифати баланд; баҳисобгирӣ ва назорати шартномаҳо бо пудратчиён, тартиб додани сметаи хароҷоти хоҷагидорӣ; таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бастани шартномаҳо оид ба корҳо ва хизматрасониҳо;  иштирок дар баруйхатгирӣ ва дигар санҷишҳои хоҷагидории Фонд; таъмин намудани ҷойи кории кормандони Фонд бо таҷҳизотҳои зарурии техникӣ, конселярӣ ва назорат аз боли мақсаднок истифодабарии онҳо ва муҳайё намудани шароити корие, ки ба самаранокии кори корманд мусоидат менамояд; назорати доимӣ аз болои ҷавобгуй будани намои Фонд ба талаботҳои муқарраргардида; дар ҳолатҳои зарурӣ омода намудани ҳисобот оид ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ ба Раёсати Фонд; ҳамоҳангсозӣ ва назорати кори мутахассис оид ба таъминоти техникӣ, ронанда, фаррош ва дигар кормандони техникӣ; ба роҳ мондани ҳамгироии самараноки шуъба бо Раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории Фонд; иҷрои супоришҳои расмии инфиродии Раёсати Фонд.Дониш, малака, таҷриба ва тахассус: Сардори шӯъбаи маъмурӣ бояд сифатҳои зеринро дошта бошад; маълумоти олӣ дар самти тиҷорат, молия ва иқтисод; собиқаи кории аз руи ихтисос на камтар аз 5 сол; қарорҳо, фармонҳо ва дигар маводи роҳнамо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба фаъолияти Фонд; қоидаҳои нигоҳдорӣ, тартиб додан ва ба расмият даровардани протоколҳои комиссияи тендерӣ; тартиби хариди мол, кор ва хизматрасонӣ; донистани барномаҳои Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B);  қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, чораҳои бехатарӣ ва пешгирии сӯхтор; қобилияти кор кардан дар зери фишор; худшиносии баланд ва донистани забони тоҷикӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ қобили қабул аст. шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба номи Роҳбари Фонд; варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ; тарҷумаи ҳол; маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме); тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад); нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристадТелефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 433777770. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то «21» июли 2026 с.
    ФҚХ Фонди бозтамвил, 15.07.2026 16:37, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.Талабот:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 14.07.2026 10:57, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust