Андеррайтер
ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:
Вазифаи ишғолкунанда: Андеррайтер
Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асосӣ:
• Таҳлили дархостҳои қарзӣ дар доираи расмиёт, маҳдудиятҳо ва мӯҳлатҳои дар ташкилоти қарзӣ муқарраршуда;
• Коркард ва санҷиши сифати маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби мизоҷон ва кормандони ташкилот;
• Муайян кардани хавфҳои қарзӣ ҳангоми таҳлил ва баҳодиҳии қарзҳо;
• Иштирок дар таҳия ва такмили равандҳои бизнес, маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ;
• Санҷиши дархосткунанда аз рӯи пойгоҳи БҚИТ ва аз рӯи рӯйхатҳои сиёҳ;
• Тамос бо дархосткунандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар ҳолати зарурӣ;
• Қабули қарорҳои ниҳоӣ оид ба тасдиқ ё рад кардани қарз дар доираи қоидаҳои тасдиқшуда;
• Тасдиқ ва дастгирии қарорҳои қарзӣ дар пойгоҳи махсус (модули қарзӣ);
• Омода ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбари мустақим;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар бонкҳо ё ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 2 сол;
• Масъулиятноки дар қабули қарорҳо;
• Тафаккури таҳлилӣ;
• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);
• Малакаҳои аълои муошират;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
• Ростқавлӣ, эътимоднокӣ, масъулятнокӣ.
Шароити корӣ:
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Имкони пешравӣ дар мансаб;
• Тренингҳо ва таълим;
• Пардохти алоқаи мобилӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 15 июли соли 2026.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10
Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust