Мутахассис оид ба хавфҳо
ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.
ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:
Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хавфҳо
Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асосӣ:
• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маблағгузории хурд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• Мониторинг ва арзёбии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва дигар хавфҳои фаъолияти ташкилот;
• Таҳлили сифати сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои хавф ва омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳо барои Сардори шуъба;
• Баррасии дархостҳои қарзии калон ва пешниҳоди хулосаҳо барои Кумитаи қарзӣ;
• Иштирок дар таҳлили молиявӣ ва арзёбии қобилияти қарзпардозии мизоҷон вобаста ба дархостҳои қарзии калон;
• Гузаронидани мониторинг ва боздидҳои хизматӣ ба намояндагиҳои ташкилот бо мақсади арзёбии сифати амалиётҳо ва риояи сиёсати дохилӣ (то 60% вақти корӣ);
• Омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба идоракунии хавфҳо;
• Иштирок дар арзёбии хавфҳои амалиётӣ, санҷишҳои мавзӯӣ ва таҳқиқоти дохилӣ;
• Иштирок дар таҳия ва такмил додани сиёсатҳо, тартибот ва воситаҳои идоракунии хавфҳо;
• Коркард, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот барои мақсадҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, ҳадди аққал 3 сол (таҷриба дар чунин вазифа бартарӣ дорад);
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад);
• Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии MS Word, Excel, PowerPoint, Outlook;
• Қобилияти зуд омӯхтан;
• Муоширати хуб доштан.
Шароити корӣ:
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Имкони пешравӣ дар мансаб;
• Тренингҳо ва таълим;
• Пардохти алоқаи мобилӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 30 июни соли 2026.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10
Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust