Андеррайтер

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 13:18 ID эълон: 16619024
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ш. Душанбе, 2 гузаргох кучаи Шарк 14
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Маблаггузори
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

Вазифаи ишғолкунанда: Андеррайтер

Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)

Вазифаҳои асосӣ:

• Таҳлили дархостҳои қарзӣ дар доираи расмиёт, маҳдудиятҳо ва мӯҳлатҳои дар ташкилоти қарзӣ муқарраршуда;

• Коркард ва санҷиши сифати маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби мизоҷон ва кормандони ташкилот;

• Муайян кардани хавфҳои қарзӣ ҳангоми таҳлил ва баҳодиҳии қарзҳо;

• Иштирок дар таҳия ва такмили равандҳои бизнес, маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ;

• Санҷиши дархосткунанда аз рӯи пойгоҳи БҚИТ ва аз рӯи рӯйхатҳои сиёҳ;

• Тамос бо дархосткунандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар ҳолати зарурӣ;

• Қабули қарорҳои ниҳоӣ оид ба тасдиқ ё рад кардани қарз дар доираи қоидаҳои тасдиқшуда;

• Тасдиқ ва дастгирии қарорҳои қарзӣ дар пойгоҳи махсус (модули қарзӣ);

• Омода ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбари мустақим;

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти олӣ;

• Таҷрибаи корӣ дар бонкҳо ё ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 2 сол;

• Масъулиятноки дар қабули қарорҳо;

• Тафаккури таҳлилӣ;

• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);

• Малакаҳои аълои муошират;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

• Ростқавлӣ, эътимоднокӣ, масъулятнокӣ.

Шароити корӣ:

• Пардохти саривақтии музди меҳнат;

• Имкони пешравӣ дар мансаб;

• Тренингҳо ва таълим;

• Пардохти алоқаи мобилӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org

Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 15 июли соли 2026.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10

Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Сармухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Ташкил намудани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва назорати умумии дуруст таҳия намудани сабтҳои муҳосибӣ аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда; • Тартиб додани ҳисоботи молиявӣ барои истифодабарандаи беруна ва дохилӣ;• Ташкил намудан ва назорати дурусти баҳисобгирии андоз;• Ҳамкори ва ҳамоҳангсозии кор бо аудиторҳои беруна, БМТ, мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор;• Таъмини назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар таҳияи буҷет, банақшагирии молиявӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилот;• Роҳбари намудани шӯъбаи муҳосибот, амали намудани мониторинги фаъолияти кормандони муҳосибӣ, баҳодиҳии фаъолият, гузаронидани таълими зарурии кормандон.Талабот:• Таҷрибаи кории сармуҳосиб ё муовини сармуҳосиб дар соҳаи бонкӣ/қарздиҳии хурд на камтар аз 3 сол, инчунин бо таҷрибаи роҳбарикунии на камтар аз 1-2 сол;• Маълумоти олӣ аз рўи ихтисоси муҳосиб, аудит ва ё молия;• Донистани қонунҳои амалкунанда ва санадҳои нормативӣ аз рӯи ҳисоби муҳосибӣ ва андозситонӣ;• Қобилияти аъло доштан дар таҳлили молиявӣ;• Дониши амиқи қонунгузории муҳосибӣ, андоз, молия ва ҳисоботи молиявӣ;• Донистани қоидаҳо ва методологияи қарздиҳӣ;• Малакаҳои хуби кории компютерӣ: Microsoft Excel, Word;• Покизакорӣ ва масуълиятшиносӣ, малакаҳои аълои муошират;• Дорандаи сертификатҳои CAP ва CIPA ва ғайра афзалият дониста мешавад.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 30.06.2026 10:49, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сархазинадор /Казначей
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифа: СархазинадорШаҳр: ДушанбеВақти корӣ: ПурраМасъулиятҳои асосӣ:• Идоракунии пардохтпазирии ҳаррӯзаи ташкилот бо асъори миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ.• Банақшагирӣ ва назорати ҷараёни пули нақд (Ҷараёни пули нақд), омода кардани тақвими пардохт. Ҷойгир кардани маблағҳои муваққатан дастрас ба пасандоз дар бонкҳои шарик.• Ҳисоб кардан ва риояи меъёрҳои мақбулияти БМТ, аз ҷумла пардохтпазирӣ, кифоятии сармоя ва меъёрҳои мавқеи асъор.• Омода кардани ҳисоботҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва дар шаклҳои муқарраршуда (ҳисоботи ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона).Таҳлили хатарҳо: Назорати номувофиқатии мӯҳлат (таҳлили фарқият), ҳассосияти меъёри фоизӣ ва нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ.Ҳамоҳангсозии ALCO: Омода кардани бастаи иттилоотии ALCO, гузаронидани таҳлили сенарияҳо (санҷиши стресс), тартиб додани протоколи ҷаласаҳо ва назорати иҷрои қарорҳои ALCO.• Идоракунии хатарҳои асъорӣ: Назорати хатарҳои асъорӣ оид ба қарзҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфта; машварат додан ба роҳбарият оид ба ҳимоя ва татбиқи маблағгузории муқобил барои коҳиш додани хатарҳои асъорӣ.• Ҷамъоварии маблағ: Идоракунии маблағгузории маҳаллӣ ва институтсионалӣ, аз ҷумла гуфтушунид дар бораи хатҳои қарзӣ, қарзҳои мӯҳлатнок ва воситаҳои бозтамвил бо бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои рушди бахши молиявӣ.• Ҳамкорӣ бо бонкҳои шарик оид ба кушодани суратҳисобҳо, тарифҳо ва коркарди муомилот.• Иштирок дар таҳияи модели молиявии ташкилот ва буҷетҳо.Талабот ба номзадҳо:• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия ва/ё иқтисод.• Ҳадди ақал 2 сол таҷриба дар вазифаи монанд дар ММД, бонк ё дигар муассисаи молиявӣ (афзалиятнок аст).• Донистани чаҳорчӯбаи меъёрии БМТ, ки фаъолияти ММД ва бонкҳоро танзим мекунад.• Маҳорати кор бо MS Excel (аз ҷумла ҷадвалҳои pivot, функсияҳо ва таҳлили маълумот).• Дарки принсипҳои идоракунии хавфи пардохтпазирӣ ва меъёри фоизӣ.• Диққат ба тафсилот, таҳаммулпазирӣ ба стресс ва қобилияти кор бо ҳаҷми калони маълумот.• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист; донистани забонҳои англисӣ як бартарӣ аст.Шароити корӣ:• Шуғли расмӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.• Музди меҳнати рақобатпазир (бо номзади муваффақ муҳокима карда мешавад).• Кор дар дастаи дӯстона ва як созмони устувори байналмилалӣ.• Имкониятҳо барои рушди касбӣ ва омӯзиш.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи “Сархазинадор” ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, 2-ум гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 21 июни соли 2026Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 02.06.2026 14:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Роҳбари департаменти идоракунии қарзҳои мушкилситон
    Вазифаҳо:• Ташкил ва назорати раванди бозгардонии қарзҳои мушкилситон ва қарзҳои батаъхирафтода;• Иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи идоракунии қарзҳои батаъхирафтода ва пешниҳоди ҳисобот оид ба вазъи сандуқи қарзҳои мушкилситон;• Банақшагирӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи бозгардонии қарзҳои батаъхирафтода ва аз ҳисоб баровардашуда;• Назорати фурӯши молу мулки ғайриманқули ба тавозуни Бонк гирифташуда;• Такмил додани равандҳои бозгардонӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки кор;• Роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони бозгардонӣ ва ҳуқуқшиносони филиалҳо;• Ташкил намудани омӯзиш ва баҳодиҳии фаъолияти кормандон;• Гузаронидани мониторинг ва сафарҳои хизматӣ ба филиалҳои Бонк;• Омода намудани ҳисоботҳои мунтазам барои роҳбарияти Бонк;• Иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият дар доираи вазифаҳои хизматӣ.Талабот:• Маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ ё ҳуқуқӣ;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 3 сол;• Таҷрибаи роҳбарӣ на камтар аз 2 сол;• Донистани равандҳои мурофиаи судӣ ва иҷрои санадҳои судӣ;• Шиносоии хуб бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;• Малакаҳои хуби таҳлилӣ, идоракунӣ ва муошират;• Маҳорати хуби кор бо компютер ва барномаҳои корӣ;• Қобилияти роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва кор дар даста.Шароит:• Кор дар яке аз бонкҳои пешсафи кишвар;• Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ;• Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими Бонк;• Маоши рақобатпазир;• Муҳити касбӣ ва дастаи муттаҳид.Резюмеи худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 01.06.2026 20:24, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба хавфҳо
    ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хавфҳоҶои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)Вазифаҳои асосӣ:• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маблағгузории хурд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;• Мониторинг ва арзёбии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва дигар хавфҳои фаъолияти ташкилот;• Таҳлили сифати сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои хавф ва омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳо барои Сардори шуъба;• Баррасии дархостҳои қарзии калон ва пешниҳоди хулосаҳо барои Кумитаи қарзӣ;• Иштирок дар таҳлили молиявӣ ва арзёбии қобилияти қарзпардозии мизоҷон вобаста ба дархостҳои қарзии калон;• Гузаронидани мониторинг ва боздидҳои хизматӣ ба намояндагиҳои ташкилот бо мақсади арзёбии сифати амалиётҳо ва риояи сиёсати дохилӣ (то 60% вақти корӣ);• Омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба идоракунии хавфҳо;• Иштирок дар арзёбии хавфҳои амалиётӣ, санҷишҳои мавзӯӣ ва таҳқиқоти дохилӣ;• Иштирок дар таҳия ва такмил додани сиёсатҳо, тартибот ва воситаҳои идоракунии хавфҳо;• Коркард, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот барои мақсадҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, ҳадди аққал 3 сол (таҷриба дар чунин вазифа бартарӣ дорад);• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад);• Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии MS Word, Excel, PowerPoint, Outlook;• Қобилияти зуд омӯхтан;• Муоширати хуб доштан.Шароити корӣ:• Пардохти саривақтии музди меҳнат;• Имкони пешравӣ дар мансаб;• Тренингҳо ва таълим;• Пардохти алоқаи мобилӣ.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 30 июни соли 2026.Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 09.06.2026 09:07, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазиначи-амалиётгар дар МХМХ ш.Душанбе
    Хазиначӣ-амалиётгар дар МХМХ ш.ДушанбеТалаботҳо: •Таҳсилоти олӣ ё олии нопурра;• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои MS Office.Вазифаҳо:• Анҷом додани амалиётҳои интиқолӣ ба монандӣ пардохт ва интиқоли маблағ;• Анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ;• Додани маслиҳатҳои муфид ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ;• Иштирок дар чорабиниҳои маркетингӣ, ки бо мақсади ҷалб ва зиёд намудани миқдори мизоҷон ташкил карда мешаванд;• Фурӯши маҳсулотҳои дигари бонкӣ, ки аз рӯи қарорҳои роҳбарият ба зиммаи МХМХ вогузор шудааст.Мо пешниҳод мекунем: • Музди меҳнати рақобатпазир; • Шароити хуби корӣ ва рушди касбӣ; • Имконияти кор дар дастаи касбӣ ва динамикӣ; • Омӯзишҳо барои баланд бардоштани ихтисос.Суроға: н. И. Сомонӣ, к. Шоҳтемур 21, ошёнаи 1Резюмеро дар почта фиристед: @emin.sarmoya@gmail.comМаълумоти бештар дар телеграм: +992 888896611
    ООО МДО Эмин Сармоя, 30.06.2026 13:17, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.Талабот:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 30.06.2026 10:48, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Директори филиал дар ш.Бохтар
    ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢ: • Назорат ва роҳбарӣ мекунад ба иҷрои нақшаҳои стратегӣ ва амалиётӣ, аз ҷумла таъмини бозгардони қарзҳо ва пардохти фоизҳо, коҳиши сандуқи зери хавф, афзоиши мизоҷон ва сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ, ҳамчунин зиёдшавии амалиётҳои интиқоли маблағ ва ивази асъор;• Ҳамчун роҳбар дар ташкил ва нигоҳдории дастаи касбӣ тибқи сиёсату дастурамалҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» фаъолият мекунад, тағйиротро ба аъзои даста сари вақт мерасонад ва гардиши кадрҳоро дар сатҳи қобили қабул нигоҳ медорад;• Назорати фаъолияти кормандони филиалро ба мақсади таъмин намудани самаранокӣ анҷом медиҳад. Ҳангоми қабул, баҳогузорӣ ва рушди кормандон стандартҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»-ро риоя мекунад. Қарорҳои марбут ба қабулу озодкунӣ ё таъйинотро тибқи Дастурамал ва бо иҷозати Раёсат амалӣ месозад;• Ба омӯзиш ниёз доштани кормандони филиалро муайян менамояд; • Ба андозаи зарурат дар рафти банақшагирии стратегӣ ва банақшагирии ҳарсолаи амалиётии ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» фаъолона иштирок менамояд;• Ҳисоботҳои молиявии филиалро омӯхта, дар онҳо моддаҳои асосии даромаднокӣ ва соҳаҳои имконпазири хавфнокро алоҳида қайд мекунад;• Барои қавӣ гардонидани рӯҳи дастаҷамъӣ дар коллектив ва ҳисси садоқат ба мароми ташкилот, бо дигар филиалҳои минтақа ва шӯъбаҳои Идораи марказӣ муносибатҳои хубу дустонаро пайгирӣ мекунад.ИХТИСОСИ МАТЛУБ:• Таҷрибаи на кам аз 2-солаи корӣ дар бонк ё ташкилоти маблағгузории хурд;• Маълмуоти олӣ дар соҳаи молия ё иқтисодиёт;• Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ. Донистани забони англисӣ ҳамчун афзалият пазируфта мешавад;• Донистани барномаҳои компютерӣ: Word, Excel ва ғайра;• Малакаҳои аълодараҷаи муошират ва маҳорати дар даста / коллектив кор кардан;• Таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда;• Дақиқӣ ва пурдиққатӣ ҳангоми иҷрои кор;• Софдилӣ, ташаббускорӣ, маҳорати мустақилона кор кардан;• Маҳорати идоракунии кадрҳо:• Маҳорати баҳогузорӣ кардан ва ба кор гирифтани кормандони нав, ҳавасманд гардонидани онҳо, таълимдиҳӣ ва инкишоф додани кормандон.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 07 июли соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Расулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 600 23 23Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 23.06.2026 16:09, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сардори маркази хизматрасонии маблағгузории хурд дар н. Панч
    ҶДММ ТАҚХ “Оксус”, ки ба aҳолии Тоҷикистон қарзҳои хурд ва миёна барои фаъолияти соҳибкори, рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва эҳтиёҷоти истеъмоли, пешниҳод менамояд ва дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ) фаъолият мекунад, довталабонро барои ишголи чойхои холии кори даъват менамоядВазифаи ишғолкунанда: Сардори МХМХ (маркази хизматрасонии маблағгузории хурд)Ҷои фаъолият: н. ПанҷВазифаҳои асоси:• Таъмин кардани роҳбарии умумии фаъолияти мӯътадил ва самараноки МХМХ;• Шахси масъул будан оид вазъияти кори МХМХ;• Назорат кардани сифати ҷуздони қарзии супоридашуда ва иҷрои нақшаҳои муқарраршуда;• Гузарондани чорабиниҳо оиди пардохти қарзҳои батаъхирмондашуда;• Пешниҳод кардани имкониятҳо барои васеъ гардонидани ҳудуди минтақавии хизматрасонии молиявӣ;• Таъмин намудани хизматрасонии аҳолӣ, гузаронидани фаъоляити зарурбудаи оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ ва рекламавӣ-иттилооти;• Гузаронидани мониторинг ва баҳогузории фаъолияти қарзии Мутахассисони қарзии МХМХ;• Гузаронидани тренингҳои назариявӣ ва амали барои кормандони зертобеъ.Талаботҳои тахассуси:• Маълумоти олии иқтисодӣ;• Таҷрибаи кори дар мақомотҳои молияви на кам аз 18 моҳ;• Донистани забонҳои давлати ва руси хатми (донистани забони англиси афзалият дода мешавад);• Соҳиби малакаи кори роҳбарӣ.Шароити кор:• Пардохт намудани маблағи алоқаи мобилӣ (ҳармоҳа);• Саривақт гирифтани музди меҳнати;• Болоравии касб• Омузишҳо ва тренингҳо.Ба занҳо афзалият дода мешавад.Маоши хуби кори кафолат дода мешавад.Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби муроҷиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ, кучаи А.Рудаки, бинои б/р (Ру ба руи Нозироти Андоз);  шаҳри Бохтар, куч. Норинов 1А (дар 2-ум ошёнаи бинои “Бонки Эсхата”) ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: ozoda.abbosova@oxus-tj.org kurgantube.administration@oxus-tj.org тел: (+992) 918 23 06 85Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо: 30.06.2026c. то соати 17:00
    OXUS, 22.06.2026 10:55, Панҷ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    OXUS OXUS

    Дар сайт аз май, 2019

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust