ВАКАНСИЯ: РОП – РОҲБАРИ ШУЪБАИ ФУРӮШ
Ширкати мо барои филиали худ дар ноҳияи Восеъ роҳбари масъулиятшинос ва натиҷаовари шуъбаи фурӯшро ба кор даъват менамояд!
Вазифаҳои асосӣ:
Идоракунӣ ва назорати фаъолияти гурӯҳи фурӯш.
Иҷрои нақшаи фурӯш ва баланд бардоштани ҳаҷми он.
Ҷалб ва омӯзонидани намояндагони савдо.
Назорати фаъолияти кормандон дар ҳудуди минтақа.
Таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботи фурӯш.
Рушди бозор ва зиёд намудани мизоҷон.
Талабот:
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш ва роҳбарӣ.
Қобилияти идоракунии гурӯҳ.
Маҳорати баланди муошират ва гуфтушунид.
Масъулиятшиносӣ ва натиҷаоварӣ.
Қобилияти таҳлил ва қабули қарорҳои дуруст.
Мо пешниҳод менамоем:
Маоши рақобатпазир.
Мукофотпулӣ аз рӯйи натиҷаи кор.
Имконияти рушди касбӣ.
Муҳити кории динамикӣ ва дастаи касбӣ.
📩 Агар шумо роҳбари фаъол, ташаббускор ва натиҷаовар бошед, резюмеи худро ирсол намоед!
Ба муваффақиятҳои нав ҳамроҳ шавед!