ҶДММ «ТАКОМ» — оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET-Mobile фаъолият намуда, ба мизоҷони худ хизматрасониҳои муосири алоқа, аз ҷумла алоқаи мобилӣ ва собит, интернет, инчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррӯза пешниҳод менамояд, барои ишғоли вазифаи
САРДОРИ ШУЪБАИ РУШДИ МАҲСУЛОТ
Вазифаҳои асосӣ:
↗ Роҳбарии шуъбаи рушди маҳсулот ва ташкили фаъолияти кормандони он дар самтҳои маркетинги мақсаднок, маҳсулоти B2B ва B2C;
↗ Таҳия ва татбиқи стратегияи маҳсулот, идоракунии портфели тарифҳо ва хизматрасониҳо (B2C, B2B, VAS);
↗ Аз сифр таъсис ва ба роҳ мондани платформаи маркетинги мақсаднок (CVM): сегментатсияи пойгоҳи муштариён, таҳияи маъракаҳои автоматӣ ва триггерӣ, ташкили гурӯҳҳои назоратӣ;
↗ Таҳияи асосноккунии бизнесӣ барои маҳсулоти нав: ҳисоб намудани даромаднокӣ, юнит-иқтисодиёт ва таъсир ба маҳсулоти мавҷуда;
↗ Банақшагирӣ ва ҳисоб намудани даромади иловагӣ аз маъракаҳои маркетинги мақсаднок; мониторинги нишондиҳандаҳои ARPU ва Churn, инчунин ҷалби дубораи муштариёни ғайрифаъол;
↗ Идоракунии давраи ҳаёти маҳсулот: оғоз, мониторинг, таҳлили натиҷаҳои пас аз оғоз ва бойгонӣ намудани маҳсулот;
↗ Ҳамкорӣ бо хадамоти фурӯш, воҳидҳои B2B, IT, молия ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва оғози маҳсулот ва маъракаҳо;
↗ Омода намудани ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо барои роҳбарият.
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олии касбӣ дар самти маркетинг, иқтисод, менеҷмент, телекоммуникатсия ё соҳаҳои ба онҳо наздик;
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи рушди маҳсулот ва/ё маркетинги мақсаднок (CVM) на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда; таҷриба дар соҳаи телекоммуникатсия бартарӣ ҳисобида мешавад;
Таҷрибаи идоракунии портфели тарифҳо ва маҳсулот, CVM ва сегментатсия, юнит-иқтисодиёт (ARPU, Churn, LTV, ROI), таҳияи асосноккунии бизнесӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва даста;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
Донистани системаҳо ва воситаҳои муосири иттилоотӣ: MS Excel, PowerPoint, Jira / Bitrix24; донистани асосҳои SQL ва BI;
Тафаккури стратегӣ ва таҳлилӣ, қобилияти роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ, малакаҳои гуфтушунид ва тамаркуз ба натиҷа;
Таҷрибаи кор бо платформаҳои CVM / RTM; доштани дараҷаи MBA бартарӣ ҳисобида мешавад.
Бартарияти мо:
Музди меҳнати рақобатпазир;
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офис дар маркази шаҳр;
Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ;
Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 18 декабри соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “ САРДОРИ ШУЪБАИ РУШДИ МАҲСУЛОТ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.