🏗 ВАКАНСИЯИ КОРӢ
ОШПАЗ
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ ошпази соҳибтаҷриба ва масъулиятшиносро барои омода намудани хӯроки босифат ва болаззат даъват менамояд.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• Маълумоти касбӣ дар соҳаи ошпазӣ афзалият дорад;
• Таҷрибаи корӣ ба ҳайси ошпаз на камтар аз 1 сол;
• Донистани технология ва усулҳои омода намудани хӯрокҳои гуногун;
• Донистани қоидаҳои беҳдошт ва санитария;
• Малакаи дуруст истифода бурдани таҷҳизоти ошхона;
• Қобилияти омода намудани хӯрок барои шумораи зиёди кормандон;
• Тозакорӣ, масъулиятшиносӣ ва интизоми меҳнатӣ;
• Қобилияти кор дар гурӯҳ ва иҷрои саривақтии супоришҳо.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Омода намудани хӯрокҳои гуногун барои кормандони ширкат;
• Тартиб додан ва риоя намудани менюи ҳаррӯза;
• Назорати сифат ва тару тозагии маҳсулоти хӯрокворӣ;
• Риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои беҳдошт дар ошхона;
• Назорати дуруст нигоҳдорӣ ва истифодаи маҳсулоти хӯрокворӣ;
• Таъмини тозагӣ ва тартибот дар ҷойи кор;
• Самаранок истифода бурдани маҳсулот ва пешгирии исрофкорӣ;
• Иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба фаъолияти ошхона.
МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Дастгирии роҳбарият ва дастаи касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди касбӣ ва ҳамкории дарозмуддат.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram ): +992 711 117 337
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.