Ширкати сӯзишворӣ барои ишғоли мақоми
Мутахассиси маркази вазъиятӣ ва хадамоти амният
озмун эълон мекунад
Уҳдадориҳои вазифавӣ:
• Мушоҳидаи мунтазами пахши мустақим ва наворҳои бойгонӣ аз камераҳои видеоӣ;
• Қайд намудани вайронкуниҳои стандартҳои хизматрасонӣ, интизоми кассавӣ, регламентҳои корӣ ва намуди зоҳирии кормандон;
• Ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ, бехатарии сӯхтор, инчунин амалҳои гумонбар ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кормандон;
• Идоракунии системаҳои видеоислоҳот (CMS/VMS), зеркашии бойгониҳо, ташхиси аввалияи фаъолияти камераҳои видеоӣ ва таҷҳизоти шабакавӣ дар иншоот;
• Тартиб додани реестрҳои ҳаррӯза ва ҳарҳафтаинаи вайронкуниҳо бо замимаи аксу видеофиксасия, пешниҳоди ҳисоботҳо ба роҳбарият.
Талабот ба номзад:
• Таҳсилоти олии техникӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи хадамоти амният, видеомониторинг, аудити сифат ё пешгирии талафот на камтар аз 2 сол;
• Корбари боэътимоди компютер, донистани системаҳои видеомониторинг (Hikvision, Dahua, Trassir ё аналогҳо), қобилияти зуд ҷустуҷӯ кардани маълумот дар бойгониҳо ва танзими дастрасии масофавӣ ба иншоот;
• Серғайратӣ, дақиқкорӣ, нозукбинӣ, объективӣ ва устуворӣ дар принсипҳо;
• Таҷрибаи интегратсия ва хизматрасонии системаҳои видеомониторинг, инчунин системаҳои назорати дастрасӣ (СКУД);
• Маҳорати кор бо корбарон.