СУПЕРМАРКЕТИ «СОФИЯ» НОНПАЗРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!
Оё нонпазиро дӯст медоред ва маҳорати пухтани нони хуштаъму маҳсулоти болаззати нонӣ доред? Пас, мо шуморо ба дастаи худ даъват мекунем!
Шабакаи супермаркетҳои «София» барои ҳамкорӣ нонпази масъулиятшинос, меҳнатдӯст ва дорои муносибати ҷиддӣ ба корро ҷалб менамояд.
📌 Талабот ба довталабон:
- Синну сол: аз 20 то 45-сола;
- Таҷрибаи корӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;
- Донистани технология ва қоидаҳои асосии нонпазӣ;
- Тозакорӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ;
- Муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ.
🤝 Мо ба шумо пешниҳод менамоем:
- Ҷойи кори устувор;
- Пардохти саривақтии музди меҳнат;
- Муҳити кории дӯстона ва ҳамкории дастаҷамъона.
🕘Ҷадвали корӣ: 6/1 — шаш рӯзи корӣ ва як рӯзи истироҳат. Соатҳои корӣ: аз 07:00 то 16:00.
Ҷадвали корӣ ва соатҳои корӣ метавонанд ҳангоми вохӯрии шахсӣ бо роҳбарият мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Имконияти ҳамроҳ шудан ба дастаи «София»-ро аз даст надиҳед!
📲 Барои пешниҳоди номзадии худ, маълумотнома (резюме)-ро тавассути Telegram ё WhatsApp ба рақами зерин ирсол намоед:
📞 008446196
🕘 Қабули дархостҳо: аз душанбе то ҷумъа, аз соати 09:00 то 18:00.
«София» — ба дастаи мутахассисон ҳамроҳ шавед!