ҶДММ «ДУНЁИ ЗАБОНҲО» роҳбари лоиҳа (таҷрибадор)-ро барои ташкилу баргузории озмун ҷалб менамояд.
Уҳдадориҳои асосӣ:
- Банақшагирӣ ва ташкили раванди баргузории озмун;
- Таҳияи нақшаи корӣ ва ҳамоҳангсозии марҳилаҳои лоиҳа;
- Ҷалби иштирокчиён ва ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва шарикон;
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи корӣ;
- Назорати иҷрои вазифаҳо ва муҳлатҳои муқарраршуда;
- Таъмини шаффофият ва сифати баргузории озмун;
- Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои лоиҳа.
Талабот:
- Таҷрибаи корӣ дар ташкили озмунҳо, чорабиниҳо ё идоракунии лоиҳаҳо;
- Қобилияти роҳбарӣ, банақшагирӣ ва ташкили гурӯҳи корӣ;
- Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид;
- Масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва риояи муҳлатҳо;
- Қобилияти таҳияи нақшаҳо ва ҳисоботҳои корӣ.
Шартҳои кор: музди меҳнат мувофиқи таҷриба ва натиҷаи кор, шартҳои ҳамкорӣ ҳангоми суҳбат баррасӣ мешаванд.
Суроға: к. Н. Қарабоев 84/5, маҳ. 46
Тартиби муроҷиат: довталабони мувофиқ метавонанд маълумотномаи худро (CV) бо нишон додани таҷрибаи корӣ ва лоиҳаҳои қаблан татбиқшуда пешниҳод намоянд.