Ошпаз– ВМКБ КАТС
Духтурони бидуни марз Д.Б.М (MSF) — иттиҳодияи мустақили байналмилалии тиббӣ-гуманитарӣ буда, ба одамоне, ки аз муноқишаҳои мусаллаҳона, эпидемияҳо, маҳдуд будани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва офатҳои табиӣ ё аз ҷониби инсон баамаломада осеб дидаанд, ёрии таъҷилӣ мерасонад.
Д.Б.М (MSF) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ) ва Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил (БМҲАБС), лоиҳаеро оид ба ҳамгироии хизматрасониҳои марбут ба бемории сил ва ВНМО дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ ва дуюмидараҷаи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва дигар ноҳияҳои мувофиқашуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оғоз менамояд
Д.Б.М (MSF) ҳоло барои лоиҳаи КАТС- дар ВМКБ, ки дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, барои ишғоли вазифаи «Ошпаз» шахси соҳибтахассус, қобилиятнок, чандир ва ҳавасмандро ҷустуҷӯ менамояд.
Д.Б.М (MSF) маҷмӯи имтиёзҳоро пешниҳод менамояд (25 рӯзи кории рухсатии меҳнатии ҳарсола, хизматрасонии тиббӣ, имкониятҳои омӯзишӣ вобаста ба зарурат ва рушди касбӣ), инчунин имконияти кор кардан дар як созмони байналмилалии маъруфи башардӯстона.
Маҳалли кор: Хоруғ, Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии вазифа:
Барои кормандони Д.Б.М (MSF) мувофиқи меъёрҳои гигиенӣ ва қоидаҳои бехатарӣ хӯрок омода намуда, бо ин роҳ таъмини эҳтиёҷоти ғизоии онҳоро таъмин менамояд
Маъсулиятҳо:
• Омода намудани хӯрок барои кормандон.
• Ҳамеша риоя намудани тамоми меъёрҳои беҳдоштӣ ва қоидаҳои бехатарӣ.
• Назорат намудани захираи маҳсулоти ғизоӣ бо мақсади сари вақт дархост намудани маводи зарурӣ, инчунин тартиб додани рӯйхати харид ва дар ҳолати зарурӣ анҷом додани харид.
• Таъмин намудани он, ки хӯрок сари вақт пешниҳод карда шавад.
• Дар ҳолати зарурӣ, пеш аз ҳар хӯрок дастархон ороста, пас аз ҳар хӯрок онро ҷамъ ва тоза намудан.
• Таъмин намудани тозагии тамоми ҷойҳои корӣ, зарфҳо ва таҷҳизот.
• Нигоҳубин ва дуруст истифода намудани тамоми таҷҳизоти пешниҳодшуда.
• Нигоҳ доштани рӯйхати инвентаризатсияи зарфҳо ва таҷҳизоти ошхонаи Д.Б.М (MSF), аз ҷумла табақҳо, истаконҳо, асбобҳои хӯрокхӯрӣ, зарфҳои пухтупаз ва ғайра, инчунин таъмин намудани ҳифз ва беосебии онҳо.
• Дар бораи ҳама гуна маълумоти муҳим (гумшавӣ, дуздӣ, осеб дидан, фарсудашавӣ, ҳодиса ва ғайра) сари вақт хабар додан.
Талаботҳо :
Сатҳи Маълумотнокӣ ва дониш: Саводнокӣ ҳатмӣ буда, доштани курси омӯзиши пухтупаз афзалиятнок мебошад.
Таҷриба: Таҷрибаи қаблии корӣ афзалиятнок мебошад.
Донистани забонҳо: Забони маҳаллӣ ҳатмист.
Салоҳиятҳо :
• Садоқатмандӣ
• Чандирӣ
• Идоракунии руҳафтодагӣ (стресс)
• Натиҷаҳо
• Кори дастаҷамъона ва ҳамкорӣ
• Хизматрасонӣ
Лутфан CV ва номаи муқаддимавии худро ба суроғаи зерин ирсол намоед:
gbao-hrmngr@oca.msf.org
(Лутфан дар сатри мавзӯи мактуб вазифаи дархостшавандаро нишон диҳед, масалан: « Cook application - Ному насаби шумо»)
Муҳлати пешниҳоди аризаҳо — 6 сентябри соли 2026, соати 00:00 (бо вақти маҳаллӣ).