РОҲБАРИ ШУЪБАИ БЕХАТАРИИ ИТТИЛООТӢ
Вазифаҳои асосӣ:
• Роҳбарӣ намудани фаъолияти шуъбаи бехатарии иттилоотии Бонк.
• Ташкили фаъолияти кормандони шуъба ва тақсим намудани вазифаҳои хизматӣ.
• Таҳия ва татбиқи стратегия оид ба бехатарии иттилоотии Бонк.
• Таъмини ҳифзи низомҳои иттилоотӣ, инфрасохтори бонкӣ ва захираҳои иттилоотӣ.
• Ташкили мониторинги ҳолатҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Назорати ошкор, таҳлил, таҳқиқ ва бартараф намудани ҳодисаҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Ташкили арзёбӣ ва идоракунии хавфҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Назорати идоракунии дастрасии истифодабарандагон ба низомҳои иттилоотӣ.
• Ташкили арзёбии осебпазирии низомҳои иттилоотӣ.
• Таҳияи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи инфрасохтори бонкӣ.
• Таҳия ва навсозии сиёсатҳо, стандартҳо, тартибот ва санадҳои дохилӣ оид ба бехатарии иттилоотӣ.
• Назорати риояи талаботи бехатарии иттилоотӣ аз ҷониби кормандони Бонк.
• Ташкили чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон дар соҳаи бехатарии иттилоотӣ.
• Иштирок дар таҳқиқи ҳодисаҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Ҳамкорӣ бо воҳиди технологияҳои иттилоотӣ, воҳидҳои назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Бонк.
• Омода намудани ҳисоботҳо оид ба масъалаҳои бехатарии иттилоотӣ барои роҳбарияти Бонк.
• Иштирок дар арзёбии хавфҳо ҳангоми ҷорӣ намудани низомҳои нави иттилоотӣ ва маҳсулоти рақамии бонкӣ.
• Назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба бартараф намудани осебпазирӣ ва камбудиҳои ошкоршуда.
Талаботи тахассусӣ:
• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи бехатарии иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илмҳои компютерӣ ё ихтисоси дахлдор.
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бехатарии иттилоотӣ ё технологияҳои иттилоотӣ аз 1 то 3 сол.
• Таҷрибаи роҳбарӣ намудани гурӯҳ ё воҳиди сохторӣ бартарӣ мебошад.
• Таҷрибаи корӣ дар бахши бонкӣ ё молиявӣ бартарӣ мебошад.
• Дониши принсипҳои муосири бехатарии иттилоотӣ.
• Донистани принсипҳои ҳифзи низомҳои иттилоотии бонкӣ ва маълумот.
• Донистани усулҳои идоракунии хавфҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Фаҳмиши амнияти шабакавӣ, идоракунии дастрасӣ ва мониторинги ҳолатҳои амниятӣ.
• Таҷрибаи вокуниш ба ҳодисаҳои вобаста ба бехатарии иттилоотӣ.
• Таҷрибаи арзёбии осебпазирӣ ва таҳлили сатҳи ҳифзи низомҳои иттилоотӣ.
• Таҷрибаи таҳияи сиёсатҳо, стандартҳо ва тартиботи бехатарии иттилоотӣ.
• Малакаи идоракунии лоиҳаҳо ва гурӯҳи корӣ.
• Тафаккури системавӣ ва таҳлилӣ.
• Қобилияти қабули қарорҳо дар шароити масъулияти баланд.
• Ахлоқи баланди касбӣ ва риояи махфият.